Дар ин чанд рӯзи охир Ӯзбекистон ба мамлакате табдил ёфта буд, ки ба он ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ менамуд ва ин бесабаб набуд.
Дар ин чанд рӯзи охир Ӯзбекистон ба мамлакате табдил ёфта буд, ки ба он ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ менамуд ва ин бесабаб набуд. Тавре ки сухангӯи Комиссияи марказии интихобот Ҷалолиддин Усмонов мегӯяд, барои баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳудуди 90 рӯз дар саросари мамлакат корҳои омодагирӣ давом кард.
– Ҳамаи талошҳои аъзои густардаи Комиссияи марказии интихобот таҳти раёсати Зайниддин Низомхоҷаев ва аъзоёни минтақавии он ба он равона гардида буданд, ки 24 октябр ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва барои мардуми кишвар муҳим дар сатҳи баланд баргузор гардад. Мо ба баргузории чунин интихобот муваффақ шудем, – изҳор намуд Ҷалолиддин Усмонов.
Тазаккури он нуктаро ҷоиз мешуморам, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани се рӯз аз баргузории интихобот ёдовар шудани баъзе лаҳзаҳо барои муштариёни “Овози тоҷик” мавриди таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд гирифт. Субҳи 24 октябр аз чанд ҳавзаи интихоботӣ, воқеъ дар шаҳри Тошканд боздид намудем. Интихоботи баргузоршуда аз интихоботҳои қаблӣ бо он фарқ мекард, ки он дар давраи хурӯҷи пандемия мегузашт, бо вуҷуди чунин вазъияти ногувор интихобкунандагони зиёд ба ҳавзаҳои интихоботӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҳозир шуданд. Чеҳраи ҳама шукуфон, дар лабони ҳама табассум гул мекард. Эҳсос мегардид, ки онҳо на барои овоздиҳӣ, балки барои ширкат дар ягон маросими хурсандӣ гирдиҳам меоянд.
– Ман бо завҷаам ба ин ҳавзаи интихоботӣ омадам. Саломатиам чандон хуб нест, аммо натавонистам, ки сар ба болин ниҳода, мунтазири овардани қуттии махсуси овоздиҳӣ шавам. Ҳатто ихтилофи ҳамсарам маро аз раъйам гардонида натавонист. Ин ҷо омадам ва ҳамин ҳозир мисли дигарон овоз додам. Рости гап, ягон маротиба ба интихоботҳо бо чунин ҳавсалаи том ва шавқу завқ ҳозир нашудаам. Ин интихобот барои ман, фарзандону наберагонам, кулли мардуми кишвар хеле муҳим намуд, – мегӯяд дар суҳбат бо мо Акрамҷон Шукурови 86-сола.
Вай афзуд, ки мамлакат дар панҷ соли охир хеле тағйир ёфт ва дигаргуниҳои куллӣ яке аз паси дигар рух медиҳанд. Рушду ривоҷи мамлакат вай барин мӯйсафедонро ҳаргиз бетафовут нахоҳад гузошт. Зеро вай ва ҳамтоёни зиёди ӯ замонеро паси сар намуданд, ки на аз демократия ҳарфе мезаданду на аз озодии сухан мегуфтанд.
– Ба ин неъматҳо, ки ҳоло дар мамлакати мо фароҳам оварда шудаанд, бояд шукр кунем ва ба дигарон низ шукркуниро ёд диҳем. Хосияти калон дорад шукргузорӣ, – изҳор намуд ин ҳамсуҳбати мо.
Чунин ба назар расид, ки қадамзании ӯ бардам-бардам буд ва бо кайфияти аълову табъи болида ҳавзаи интихоботиро тарк мекунад. Ин манзара аз назари чанд нафар журналистони дигар низ дар канор намонд, ки барои мушоҳидаи бевоситаи раванди овоздиҳӣ ба ин ҳавзаи интихоботӣ омада буданд.
– Мо маъракаи овоздиҳиро тибқи нишондод соати 8-и субҳ оғоз намудем. То маросими оғози овоздиҳӣ дар бораи он ҳарф зада шуд, ки иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад, ки синнаш ба ҳаждаҳ расидааст. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии мо 13 нафар ҷавонон бори нахуст аз чунин ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуданд. Мо ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ додем. Ин рӯз дар ёдашон муддати дароз боқӣ хоҳад монд, – мегӯяд раиси ҳавзаи интихоботии рақами 535 Фирӯза Худоёрова.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ барои раъйдиҳандагон шароити мусоид фароҳам оварда буданд. Ҳамаи аъзои комиссияи интихоботӣ бо дарназардошти пахши пандемия ва ҷиҳати ҷилавгирӣ аз он ниқобҳои махсуси палостикӣ доштанд. Ҳар як овоздиҳанда ниқоби тиббӣ дошт, аз назорати тиббӣ мегузашт, масофаи иҷтимоиро риоя мекард ва дастони ӯ бо маҳлули махсус дезинфексия мешуд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ ҳудуди севуним ҳазор нафар интихобкунанда шомили рӯйхат будаанд. Ба гуфтаи Фирӯза Худоёрова то зӯҳри ҳамон рӯз аз нисф бештари интихобкунандагон ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, овоз додаанд.
Як гурӯҳ нозирони байналмилалӣ зимни боздид аз ҳавзаҳои интихоботӣ эътимод ҳосил намуданд, ки раванди овоздиҳӣ ба талаботи Кодекси интихобот ва қонунгузориҳои мавҷуда пурра ҷавоб медиҳад.
– Ман бори нахуст ба кишвари шумо омадаам. Раванди интихоботи президентиро дида ба чунин хулоса омадам, ки риояи қоидаҳо, назокати овоздиҳӣ ва эҳтироми якдигар барои мардуми шумо дар мадди аввал меистад. Ҳама ҷо тозаву озода. Манзара мисли он аст, ки ба ин ҷо гӯё меҳмонони хос ташриф меоранд ва мизбонони он омодаанд, ки ин меҳмонҳоро бо эҳтироми хос истиқбол гиранд. Аз тамошои ин манзара ҳавасам боло гирифт, – гуфт нозири испанӣ Фернандо Морагон.
Баъди диду боздидҳо аз чанд ҳавзаи интихоботӣ дар Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот раиси он Зайниддин Низомхоҷаев брифинг дод. Вай роҷеъ ба натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то соати 16 маълумот ироа намуд.
Дар бораи номзадҳо ба якчанд забон, аз ҷумла забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ ва амсоли он шиору плакатҳо, маълумотҳо нашр гардидаву ғайр аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо низ овезон карда шуданд. Ба ҳар як миллати маскуни ҷумҳурӣ имкон дода шуд, ки ба забони худ бо тарҷумаи ҳол, фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии ҳар як номзад аз наздик ошно шавад.
Дар ин рӯзи фаромӯшнопазир номзадҳо низ дар ҳавзаҳои ҷои истиқомати худ барои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Аз ҷумла, Шавкат Мирзиёев дар ҳавзаи интихоботии рақами 59-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд, Алишер Қодиров дар ҳавзаи интихоботии рақами 116, Баҳром Абдуҳалимов дар ҳавзаи рақами 465, Мақсуда Ворисова дар ҳавзаи 206, Нарзулло Обломуродов дар ҳавзаи 579 овоз доданд.
– Яке аз афзалиятҳои интихоботи баргузоршудаи президентӣ аз он иборат буд, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар шахсоне бори нахуст иштирок карданд, ки дар давоми соли равон ба шаҳрвандии Ӯзбекистон пазируфта шудаанд ва соҳиби шиноснома гардидаанд. Онҳо аз чунин имконияти фароҳам овардашуда бо тамоми аъзои хонавода ва хешу ақрабо шоду масрур буданд. Инчунин барои теъдоди зиёди одамони имконияташон маҳдуд низ шароити мусоиди овоздиҳӣ мусоидат намуд, ки онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат кунанд. Ҳатто бори аввал аз сурдотарҷума фаровон истифода шуд, ки дар интихоботҳои қаблӣ ҳаргиз дида намешуд, – мегӯяд ҷонишини спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов.
Вай афзуд, ки дар шароити пандемия мардуми мо зиндагӣ намудан, кор кардан ва овоз доданро ёд гирифт. Баргузор намудани брифингҳо ва нишастҳои хабарии мунтазам баёнгари он буданд, ки ин ҷараёни сиёсӣ дорои аҳамияти вижа мебошад.
– Шояд дар ин раванд ҷамъи корҳои ба роҳ мондашудаи мо комил набуданд, аммо Ӯзбекистон ба сифати давлати мустақил бар асоси Кодекси нави интихобот ин чорабинии муҳими сиёсиро баргузор намуд. Муҳимтар аз ин, дар интихоботи президентӣ ба ягон намоишкорӣ роҳ дода нашуд, – таъкид варзид Акмал Саидов.
– Одамони шумо шууран хеле тағйир ёфтаанд ва бо дарки масъулият ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуданд. Дар баҳсҳои телевизионӣ вакили ҳар як номзад ба мақоми президентӣ аз номзади худ устуворона ҳимоят мекард, нукоти афзалиятнок ва моҳияти барномаи пешазинтихоботии ӯро ташреҳу тавзеҳ медод,–изҳор намуд нозири байналмилалӣ, сенатор ва яке аз арбобони давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шокиров.
Ба гуфтаи ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев дар мамолики зиёди хориҷӣ барои шаҳрвандони кишвар, ки бо сабабҳои гуногун дар мусофирату муҳоҷират буданд, шароит фароҳам оварда шуд, ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд.
– Новобаста аз он ки шаҳрвандони мо дар феҳрасти консулгариҳои хориҷиамон шомил шудаанд ё не, дар 37 мамлакати дунё 54 ҳавзаи интихоботӣ ва 380 маҳали мобилии овоздиҳӣ таъсис додем. Натиҷа нишон дод, ки аз ин имконият ҳамватанони мо хеле фаровон истифода намуданд ва дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат карданд, – иброз намуд Фарҳод Арзиев.
Аз 14 то 20 октябр барои тақрибан 400 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон имкон фароҳам оварда шуд, ки пеш аз вақти баргузории интихобот ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ ва ё дар ҷои сукунати худ ба тарафдории номзади дилхоҳи худ овоз диҳанд. Онҳо афроде мебошанд, ки ба сафар мебаромаданд ва ё имкони ҳозиршавӣ ба ҳавзаи интихоботиро надоштанд.
Боз ба чанд нафар нозирони байналмилалӣ рӯй меорем, ки дар раванди тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва овоздиҳии рӯзи интихобот бевосита ширкат намудаанд. Пӯшида нест, ки онҳо дар бораи интихоботи президентии баргузоршуда фикру ақидаи мусбат баён мекарданд ва ибрози ризоият менамуданд, ки дар Ӯзбекистон ба ин интихобот муддати дароз омодагӣ гирифта шудааст.
– Маро иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, фазои орому осудаи ҷараёни овоздиҳӣ ва чеҳраи хушҳоли мардум хеле ба ваҷд овард. Дар ҳавзаҳои интихоботие, ки ҳузур доштам, чунин ҳолатро мушоҳида кардам. Мардуми шумо ба ин ҷараён хеле бо таваҷҷӯҳ ва масъулият муносибат намуд, ки боиси пайравист, – мегӯяд вакили депутати Палатаи Вакилони Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Белорус Сергей Дик.
– Ман ба ҳайси нозир аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат кардам. Дар якчанд ҳавзаи интихобтии шаҳри Тошканд раванди овоздиҳиро мушоҳида намудам ва бо итминони комил мегӯям, ки ҷиҳатҳои афзалиятноки ин маъракаи сиёсӣ хеле зиёданд. Ягон чизи ғайримуқаррарӣ, фишор болои интихобкунандагон, нақзи ҳуқуқи онҳо ба назар нарасид, ҳама орому осуда ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ омаданд ва овоз доданд, – изҳор намуд Ризо Носирӣ.
Вай афзуд, ки дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ аз ҳар ҳизби сиёсӣ нозирон раванди овоздиҳиро назорат мекарданд. Ин нозири эронӣ мӯътақид аст интихоботи президентӣ кушоду шаффоф ва бидуни қонуншиканиҳо гузашт ва дар ин робита наметавонад иштибоҳе пайдо шавад.
– Интихоботи президентӣ бар асоси принсипҳои демократӣ ва шаффофу озод гузашт. Натиҷаҳои ин интихобот орзуву ормонҳои мардуми Ӯзбекистонро боз ҳам бештару беҳтар хоҳад сохт, зеро дар Ӯзбекистони нав ин ҷараён аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ-маърифатиро касб хоҳад кард. Номзадҳои панҷ ҳизби сиёсӣ дар фазои рақобати ҳақиқӣ байниҳам мубориза бурданд. Ин гуна рақобати оштинопазир қаблан дар мамлакати шумо дида нашудааст. Маълум шуд, ки дар панҷ соли охир ба қонунгузориҳои миллии шумо дигаргуниҳои куллӣ дароварда шудаанд ва он ҳатман манфиатҳои мардуми кишваратонро ҳимоят хоҳанд кард, – мегӯяд нозири ИДМ Бӯрихон Нурмуҳаммедов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.