“ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ”-РО ЧӢ ТАВР МЕСОЗЕМ?

(Фишурдаи як сафар)

Дар домани осмон анбӯҳи абрҳо нишаста, аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво дарак медоданд. Оре, тирамоҳ расидааст ва табиат ба ҳукми ногузири он тобеъ, бе чуну чаро ба феъли вай мутобиқ хоҳад шуд. Нафаси рӯзҳо тадриҷан ба сардӣ мегараванд. Новобаста ба пешомадҳои ғайричашмдошти табиат мо азми қатъӣ дорем,  то ба зиёратгоҳи Хоҷаи Пок рафта, аз оби ҷонбахшаш баҳра бубарем, як каф дуо ба рӯҳи азизони он манзили пок фиристода, пас, рӯ ба деҳоти Ҳавзу Оқсу ва Бештахтаи ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё ниҳода, ҳамчунин  аз рӯзгор ва вазъи кунунии ҳамзабонон огоҳ бошем.  
Ҳамроҳи Олим Панҷизода – муҳаррири рӯзномаи “Ховар” ва хабарнигори махсуси “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё, Тоҳир Зокиров, собиқ устоди фанни забон ва адабиёт, ҳофизи хушадо ва Муҳаммадрӯзӣ Ғанизода, шахси маърифатҷӯ дидору гуфтугӯҳоро аз мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой шурӯъ кардем. Он дар маҳаллаи Халқобод ҷойгир аст. Мардумаш саросар тоҷиконанд, ки солҳои панҷоҳуми қарни гузашта барои корам ва обод сохтани заминҳои нав аз кӯҳистони Оқсу, Ҳавз ва Бештахта ба таҳдашт муҳоҷир шудаанд. Аммо то ҳол ватани бобоиро фаромӯш накардаанд ва ғолибан ифтихор ҳам доранд, ки замоне дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак зистаанд. Табиати кӯҳистониашон боқӣ мондааст ва бешак, дар қиболи бодҳои самум пойпарҷо буданро аз қуллаҳои осмонбӯс омӯхтаанд. 
Чандин сол муқаддам мактабҳои тоҷикӣ ба фишори беҷо ва олуда ба ғаразҳо дучор омаданд. Мурод тағйири забони таълим дар дабистонҳои тоҷикӣ буд. Аксари мактабҳо дар Бойсуну Узун ва Сариосиё ба дому дасисаи ин пештозони замон гирифтор ва зуд «қурбон» шуданд. Аммо нангу номуси миллии омӯзгорони мактаби рақами 53 боло гирифт ва сахт мубориза бурданд. Дар натиҷа кӯрдилони замон ногузир қаҳри худро ба раҳм иваз намудаву иҷозат доданд, ки фарзандони мардум ба забони модариашон бихонанд. Дар ин кори хайр ба зиёиён раиси маҳаллаи “Гулобод”  марҳум Ҳамроҳ Муҳаммадиев сарварӣ мекард, ки ҳоло аз кору пайкори ӯ ба некӣ ёд меоранду шуҷоаташро ситоиш мекунанд.
Мактаби мазкур бо ҷамоаи панҷоҳнафараи омӯзгоронаш имрӯзҳо ба фарзандони мардум таълиму тарбият медиҳад ва ҳатталимкон дар ҳифзи забони модарӣ саҳм мегирад. Аммо таассуфовар аст, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши забони худ суст мешаваду сафи китобхонон кам мегардад. Назар ба гуфтаи омӯзгорон кам шудани соатҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик ба сифати таълим зиён ворид месозад. 
Аз суҳбатҳо аён гардид, ки обуна ба нашрияҳои тоҷикӣ низ бо ҳар ду пой мелангад. Дар вохӯрӣ устодон Тоштемир Каромиддинов ва Сарбоз Темиров ваъда доданд, ки бо машварат ҳатман ба маҷаллаву рӯзномаҳои тоҷикӣ обуна мешаванду вазъи ногуворро ислоҳ мекунанд, ҳамкориро бо рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Ховар” ва маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” беш аз пеш идома медиҳанд. Раиси маҳалла азм дорад, ки минбаъд аз ҳисоби тадбиркорони маҳаллӣ шумораи хонандагони рӯзномаҳои тоҷикиро биафзояд. 
Сафари мо ба сӯйи Хоҷаи Пок идома ёфт. Деҳаи Карсагонро гузаштаву дарёи ҳоло камоби Олтинсойро убур карда, рӯ ба кӯҳҳои баланд овардем. Роҳи гоҳе ҳамвору гоҳ пасту баланд ва ҷо-ҷо вайрона ниҳоят моро ба Хоҷаи Пок расонд. Алҳол роҳҳо тармим мешаванд, соҳили дарё мустаҳкам мегардад, то вақти серобиҳо хатари валангор шудани он пешгирӣ шавад. Техника якзайл кор карда, роҳро васеътар месозад. Умед ҳаст, ки минбаъд мумфарш ҳам шавад. Бо номи Хоҷаи Пок дар поёнтари зиёратгоҳ деҳае низ вуҷуд дорад, ки аксари аҳолиаш тоҷиконанд. Мактаби замонавии рақами 60-ум инҷост. Тадрис ба забони тоҷикист. Аҳвол дар ин дабистон низ танг буда, обуна ба рӯзномаҳои тоҷикиро қариб аз ёд бурдаанд. Китобхонаи мактаб ягон адад китоби бадеии тоҷикӣ надорад. Ба он 5 адад маҷмӯаи осори эҷодкорони вилоятро тақдим намудем. Сарафкандагии онҳо боиси таассуф ва сарзаниш аст. Аз устодони дабистон хоҳиш намудем, ки худшиносии худро аз даст надиҳанд ва дар рушди забони модарӣ ҳисса гузоранд.   
Пас, озими зиёратгоҳи Хоҷаи Пок шудем, ки дар ин вақту соат камодам буд. Фасли тобистон аз зиёдии зиёраткунандагон дар ин манзил ҷой пайдо кардан амри муҳол аст. Ҳоло қадами зоирон канда шуда, ҷойҳои тафреҳ, ки ба таври бесобиқа парешон ва берун аз низом ҷой гирифтаанд, ҳама холӣ буданд. Ягон- ягон касон ба чашм мерасиданд, ки ба муҷибе меҳмони вилоят шуда, бо мушояати мизбонон ба дидани ин маҳал омадаанд. Суффачаҳои бисёр, ки бари ҳам сохта шудаанд, хеле берабт ва ба ҳусни зиёратгоҳ номувофиқанд. Хуб мебуд, ба қадамгоҳи Хоҷаи Пок дар сатҳи ҳукумат таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд ва бинову иншооти зарурӣ ҳам дар асоси лоиҳаи махсус сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Бинобар ривоятҳо ин мавзеъ қадамҷои Абдураҳмони Афв будааст, ки аз саҳобаҳои кибор ба шумор меравад. Мардум аз қадим ба эҳтироми он азиз, ки дар ин мавзеъ чилла нишаставу дар ғоре аз дасти душманон паноҳ бурдааст, зиёратгоҳе созмон додаанд  ва то кунун оберо, ки аз қаъри дара ва миёни сангистонҳо берун меояд, ба нияти шифо истифода мекунанд. 
Ба гуфтаи мардуми маҳал ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ меҳмонон меоянд, аммо набудани шароити мусоид касро озурда месозад. Агар ин ҳол идома ёбад, қадами ихлосмандон низ гусаста хоҳад шуд. Мо бо чанд меҳмон аз Самарқанду Намангон вохӯрдем, ки худро дар оби шифобахши зиёратгоҳ тар кардаву роҳат менамуданд. Абдумалик ном ҷавон, ки зодаи шаҳри Ургут будааст, шикоят кард, ки барои зиёраткунандагон шароити мусоид фароҳам нест. Пеш аз ҳама манзилҳои буду боши замонавӣ лозим аст, бояд кори мағозаву ошхонаҳои хубро ба роҳ монд, то меҳмонон аз онҳо истифода баранд.
Бо фарорасии шом ҷониби деҳаи Ҳавз роҳ пеш гирифтем. Ниҳоят кӯҳтали Бедакро гузашта, аз он фарозӣ ба пошнаи панҷ қуллаи баланд расидем, ки эҳромҳои Мисри қадимро ба хотир меоварданд. Дар домани ҳамин кӯҳпораҳои афсонамонанд тоҷикони деҳоти Ҳавз, Оқсу ва Бештахта ҳаёт ба сар мебаранд ва зиндагии худро аз боғу боғдорӣ ва чорводорӣ обод мекунанд. Муҳаммадрӯзӣ Ғанизода, аз пешқадамони ноҳияи Олтинсой, ки моро ҳамроҳӣ мекард, таъкид намуд: – Ҳавз ва деҳоти атрофи он хеле қадимианд, панҷоҳ-шаст сол муқаддам тобеи ноҳияи Бойсун буданд ва бо ташкил шудани ноҳияи Олтинсой ба ҳудуди он шомил шуданд. Вай аз зистгоҳи мардуми баору номус будааст ва ҳатто дар айёми рӯёрӯиҳои шадид бо фирқаи болшевик, ки мехост низоми нав бисозад, мардони муборизи ин атроф ба дастаи Салом-калта ном ватандӯст муттаҳид гашта, дар ҳифзи ватану дини худ сахт мубориза бурдаанд. Деҳаи Ҳавз ягона мавзее ба ҳисоб мерафтааст, ки дорои оби ошомиданӣ будааст. Аз баракоти як чашмаи кӯҳӣ ҳавзи калоне пайдо шуда, то имрӯз боқист. Номи деҳа низ ба ин ҳавз, ки манбаи ҳаёт мебошад, марбут аст. Устод Тоҳир Зокиров таъкид намуд, ки ҳоло бо гузашти замон аҳолии деҳоти атроф низ ба маротиб афзуда, талаб ба об зиёд гаштааст ва он ҳавзи машҳур дигар ниёзи беш аз пеши аҳолиро таъмин намесозад. Мардум аз камбудии оби ошомиданӣ шикоят доранд. Назар ба маълумотҳо, дар деҳоти ин кӯҳпора ҳудуди 4500 нафар тоҷикон умр ба сар мебаранд, ки онҳоро норасоии оби ошомиданӣ нигарон кардааст. Мардум худ маблағе ҷамъ оварда, бо лӯлаҳои плостикӣ аз дурии 4-5 км ва аз он ҳам беш аз чашмаҳое, ки дар мағзи кӯҳистон ҷой доранд, ба деҳа об меоранд. Ба ин тартиб як қисми ниёзи онҳо ба об таъмин мегардад, аммо ин усул наметавонад мушкили мазкурро комилан ҳал намояд ва аҳолиро шодоб созад. Кӯмаки ҳукумат лозим аст, ки қазияи оби ошомидании ин деҳот ба таври мусбат ҳаллу фасл гардад. Вале ҳукуматдорони маҳаллӣ ба ҷуз ваъда ҳанӯз кореро анҷом надодаанд.
Дидору суҳбати мо дар мактаби рақами 32-юми деҳаи Ҳавз идома ёфт. Мактаб соҳиби бинои замонавӣ аст ва ба он Зикруллоҳ Каримов роҳбарӣ мекунад. Дар овезаҳо шоҳбайтҳои бузургон ба забони тоҷикӣ дарҷ гардидаанд, ки далели эътибори ҷиддии ҷамоаи омӯзгорони ин дабистон ба забони модарӣ мебошад. Ба фарқ аз мактабҳои дигар дар ин ҷо ба рӯзномаҳои тоҷикӣ обуна мешаванд ва устодон гуфтанд, ки алоқамандии худро бо нашрияҳо ба забони модариашон бештар хоҳанд кард. 
Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев барҳақ таъкид карда, ки “Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб ва сохтори таълиму тарбият оғоз мегардад”.  Ин таъкид тақозо дорад, ки сифати таълиму тарбия дар макотиб беҳтар шавад. Барои ин дабистонҳо бояд бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмин шаванд.  
                         
Шариф ХАЛИЛ,
ноҳияи Олтинсойи 
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: