ӮЗБЕКИСТОНИЁН ДАР БОРАИ ОФАТ ДАР ВИЛОЯТИ СИРДАРЁ

Шаҳрвандони кишвар дар бораи фоҷиаи дар обанбори Сардоба рухдода ва чораҳои рафъи оқибатҳои шикастани сарбанд, дастгирии сокинони ноҳияҳое, ки аз обпахшкунӣ зарар дидаанд, чӣ фикр доранд?

Шаҳрвандони кишвар дар бораи фоҷиаи дар обанбори Сардоба рухдода ва чораҳои рафъи оқибатҳои шикастани сарбанд, дастгирии сокинони ноҳияҳое, ки аз обпахшкунӣ зарар дидаанд, чӣ фикр доранд? Пурсиши телефонии афкори умум, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» гузаронида шудааст, ба ин мавзӯъ бахшида шуд.


Дар ҷараёни пурсиш, ки сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, намояндагони касбу синну солҳои мухталифро фаро гирифта буданд, шаҳрвандон аз таҳти дил тезтар  ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштан ва барқарорсозии хонаҳои зарардидагонро хоста, изҳори боварӣ намуданд, ки  мардуми мо, кишварамон аз ӯҳдаи иҷрои тамоми душвориву озмоишҳо шарикона мебароянд.
Тавре муаллимон, соҳибкорон, кормандони корхонаҳо, нафақахӯрон, хизматчиёни ҳарбӣ ва табибон қайд карданд, хеле муҳим аст, ки ӯзбекистониён гирди ҳам омада, сокинони Сардобаро бо офат танҳо нагузоштанд, бисёриҳо ба оилаҳои зарардида кӯмакҳои зарурӣ мерасонанд. Инчунин муҳим аст, ки Президенти кишвар то ки вазъро дар маҳал омӯхта, ба зудӣ  қарорҳои дахлдор қабул кунад, фавран ба вилояти Сирдарё омад.
Пурсиш нишон дод, ки аксарияти шаҳрвандон (92,9 фоиз) хуб медонанд, ки сокинони минтақаи обхезӣ саривақт ба минтақаҳои бехавф кӯчонида шуданд ва барои зарардидагони обхезӣ дар шакли ғизо, дору, либос, маводи сохтмон ва таҷҳизоти зарурӣ кӯмаки башардӯстона  фавран ташкил карда шуданд.
Ҳоло биноҳо, инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсияҳои муҳандисӣ барқарор карда шуда, роҳҳо ва кӯпрукҳо таъмир карда мешаванд, минтақаҳои аз обхезӣ зарардида тоза ва дезинфексия карда шуда, заминҳои кишоварзӣ аз нав кишт карда мешаванд. Барои барқарор кардани қисми харобшудаи сарбанди обанбори Сардоба корҳо идома доранд.
Тибқи пурсиши телефонӣ, 91,5 дарсади сокинони Ӯзбекистон ба чораҳое, ки  таҳти роҳбарии Президенти кишвар оид ба рафъи оқибатҳои обхезӣ дар вилояти Сирдарё, барқарорсозии иншооти иҷтимоӣ ва бартараф намудани зарари заминҳои кишоварзиро дастгирӣ карда ва ба онҳо баҳои баланд дода, чунин мешуморанд, ки тамоми чораҳои зарурӣ барои рафъи оқибатҳои он дар ҳаҷми пурра андешида шудаанд.
Зимни суҳбатҳои телефонӣ шаҳрвандон таъкид карданд, ки бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, ки бо сабаби вазъи мавҷудаи эпидемиологӣ ба миён меоянд, ба вилояти Сирдарё аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон ёрии таъхирнопазир фиристода шуданд.
Ба ҷои ҳодиса зуд омадани  Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев сокинони вилояти Сирдарёро рӯҳбаланд намуда, суханони ӯ оиди он  ки ҳеҷ кас беэътибор намемонад ва ба ҳар як ҷабрдида кӯмак расонида мешавад, онҳоро зиндадил кард. Роҳбари давлат шахсан ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва мӯътадилсозии ҳаёти минтақаро назорат мекунад.
Бинобар ақидаи аксарияти шаҳрвандон, ӯзбекистониҳо ҳамеша ба кӯмаки онҳое, ки дар вазъияти душвор мондаанд, меоянд.
Дар посух ба саволи: «Оё шумо омодаед ба ҷабрдидагони обхезӣ кӯмак расонед?», 83,4 фоизи онҳо ҷавоби мусбат додаанд, ки 26,1 фоизи онҳо дар ҷамъоварии маблағ ва ғизои зарурӣ, доруворӣ ва либос барои ҷабрдидагон аллакай иштирок кардаанд, ё ки фаъолона иштирок мекунанд. Ба гуфтаи 57,3 фоизи иштирокчиёни пурсиш онҳо омодаанд, ки ба сокинони аз обхезӣ зарардида ҳамаи  кӯмакро расонанд.
Тавре ки иштирокчиёни пурсиш қайд карданд, дар замонҳои душвор сокинони мамлакати мо ҳамеша ба шахсони мӯҳтоҷ дасти мадад дароз мекунанд. Дар давраи ҷанг Ӯзбекистон беш аз як миллион одамони аз қаламравҳои фашистон ишғолнамуда  кӯчондашударо қабул кард  ва ҳамаи онҳо паноҳгоҳ ва дастгирии сокинони маҳаллиро ёфтанд. Имрӯз, вақте дар вилояти Сирдарё офати табиӣ рух дод,  ҳазорон нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд, мардуми оддӣ дар канор намонданд. Бисёре аз ҷабрдидагон дар шаҳрҳо ва деҳаҳо дар хонаҳои ҳамватанон паноҳ ёфтанд. Ӯзбекистониёни имрӯза воқеан исбот карданд, ки онҳо ба гузаштагони худ сазовор мебошанд ва дар ин вазъияти душвор беҳтарин буданд.
Ҳангоми мусоҳибаҳои телефонӣ, иштирокчиёни пурсиш қайд карданд, ки баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ, пешгирии мунтазами онҳо, ташкили системаи нави назорат, ҷазои сахт ба гунаҳкорон дар ҳолати садама, мубориза бо фасод, муқаррар кардани интизоми қатъӣ, санҷиши вазъи иншооти дигари шабеҳ дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки такрори фоҷиа пешгирӣ карда шавад. Иштирокчиёни пурсиш боварӣ доранд, ки бояд интихоби қатъии кормандонро гузаронда, дараҷаи  касбӣ ва масъулияти онҳоро баланд бардошт.
Дар маҷмӯъ натиҷаи  пурсиши телефонӣ нишон дод, ки фоҷиаи обанбори Сардоба,  ки ба обпахшкунии нуқтаҳои аҳолинишини вилояти Сирдарё ва бесарпаноҳ мондани даҳҳо ҳазор сокинон овард, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, намояндагони фазои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони оддиро муттаҳид гардонд, ки онҳо ба ҷабрдидагон ёрии фаврӣ ва ҳамаҷониба мерасонанд.
Аҳолии кишвар ба дурустӣ ва саривақтии қарорҳои давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар ба рафъи оқибатҳои обхезӣ, расонидани кӯмаки маънавӣ ва моддӣ ба ҷабрдидагон, инчунин барқарорсозии инфрасохтори нуқтаҳои аҳолинишин нигаронда шудаанд, бовар доранд.
Пурсиши телефонӣ инчунин муттаҳидии мардуми Ӯзбекистонро дар расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба сокинони минтақаҳои зарардида, омодагии онҳоро дар расонидани ҳама гуна кӯмак ба ҳамватанони ниёзманд, ба мардуми Ӯзбекистон хос будани хислатҳои беҳтарини меҳрубонӣ, кӯмаки ҳамдигар, ҳамдарду дилсӯз будан, суботкорӣ ва некӯӣ, саховатмандӣ ва олиҳимматиро нишон дод.

Тибқи маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» 
О. ХАРЧЕНКО тайёр кард.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: