«ӮЗБЕККИНО» ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ ДОМАНФАРОХРО ПЕШ ГИРИФТААСТ

Дар мамлакати соҳибистиқлоламон ислоҳоти васеъмиқёс пиёда мегардад ва аз ин раванд Агентии миллии «Ӯзбеккино» низ дар канор намондааст.

Воқеъан, чанд сол пеш ба соҳаи кино хеле эътибор суст буд. Ҳатто дар муддати 13-14 соли охир ҷиҳати пешбурди соҳаи кино ягон санаду ҳуҷҷат қабул нашудааст. 
Хушбахтона, дар се соли охир вазъият комилан тағйир ёфт. Президенти мамлакат дар соҳаи ривоҷи кинематографияи миллӣ ду қарор имзо кард ва ҷиҳати беҳбуди кори санъати кино ҳукумати кишвар беш аз 10 қарор қабул намуд. Дар натиҷа танҳо дар соли сипаришуда истеҳсоли маҳсулоти синамо ба чанд карат афзоиш ёфт.
Метавонам ин ҷо қайд кунам, ки солҳои зиёд ба мавзӯъҳои таърихӣ касе даст намезад ва ин ҷиҳати кор мисле ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта бошад, ба ёди касе намерасид. Ба ин кор коргардонҳо ва аҳли ҳунари синамо бо дасту дили гарм ба кор часпиданд ва якчанд филми ҳунарӣ, беш аз 40 филми мустанад, беш аз 10 филмҳои мултипликатсионӣ ба навор бардоштанд.
Ҳоло мо талош ба харҷ медиҳем, ки дар кинофестивалҳои бонуфуз ҷойҳои ифтихориро ба даст оварем. Дар соҳаи таълими кинематографияи миллӣ ва тамоми соҳаҳои марбут ба он як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Моҳи декабри соли гузашта таҳти раёсати Нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов зери унвони «Чораву тадбирҳои босамари ривоҷ додани кинематографияи миллӣ ва вазифаҳои устувори навбатӣ» ҷамъомади васеъ баргузор гардид. Дар ҷараёни он ба зиммаи ҳамкорони Агентии «Ӯзбеккино», яъне роҳбарони вазорат ва идораҳо вазифаҳои мушаххас супурда шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур корҳои ба сомон расонидашуда амиқ мавриди таҳлил қарор гирифт, вазифаҳои минбаъда муайян гардиданд.
Масъалаи ривоҷ ёфтани санъати кино, пеш аз ҳама, ба кадрҳои пурмалакаву босалоҳият вобаста мебошад. Маълум аст, ки дар ин чанд соли охир тайёр кардани кадрҳои малаканок ва зарурӣ ба бунбасти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаву ба яке аз масъалаҳои дардовар табдил ёфта буд, аз ин рӯ, ҳаллу фасли он низ яке  аз авлавиятҳои кори роҳбарияти нави «Ӯзбеккино» арзёбӣ гардид.
Маҳз барои ҳалли мушкилиҳо бобати нарасидани кадрҳо дар назди Агентии миллии «Ӯзбеккино»  ташкил кардани институти «Кинематография» пешниҳод карда шуд. Тасмим гирифтем, ки барои ифтитоҳи шӯъбаи Институти давлатии кинематографияи Русия таклифҳои мушаххас кор карда бароем, дар киностудияҳои бузурги хориҷӣ мутахассисони худро ба таҳсил ҷалб кунонем. Албатта, агар теъдоди бештари кадрҳо тайёр карда шаванд, он гоҳ масъалаи такмили ихтисоси онҳо низ ба ҳамин васила ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳоло барои амалӣ намудани ин нақшаҳо якҷоя бо хазинаи «Умеди халқу Ватан» ва Институти давлатии  кинематографияи Русия тайёр кардани кадрҳоро барномарезӣ кардем. Даҳ нафар дар муассисаҳои таълимию касбии кинематография, ҳамчунин бист нафар мутахассисон дар киноконсерни «Мосфилм» тайёр карда хоҳанд шуд. 
Дар студияи эҷодию таҷрибавии ҷавонони назди Агентии миллии «Ӯзбеккино» барои кор ҳаргиз шароит мавҷуд набуд. Маҳз барои ҳамин дар соҳаи кинематография пешравӣ эҳсос намегардид. Мо саъй кардем, ки дар таҳхонаи васеи агентӣ лабораторияи эҷодии ҷавононро ташкил кунем. Ҳоло ин студия бо компутер ва асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. 
Нуктаи дигар ҳамин аст, ки мутахассисони мо дар офариниши филмҳои мустанад ё ҳуҷҷатӣ соҳиби таҷрибаи калон мебошанд. Аммо ҳанӯз дар ин ҷода низ баъзе монеаҳо мавҷуданд, ки ҳаллу фасли худро тақозо менамоянд. Яке аз мушкилоти асосӣ пайдо кардани маблағи зарурӣ мебошад. 
Дар ин рӯзҳо бо иҷозати ҳукумати ҷумҳурӣ имконият фароҳам омад, ки роҷеъ ба пиёдашавии ислоҳоти доманфарохи мамлакат, бунёдкориҳои азим ва эҷоди корхонаҳои бузурги саноатӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор бардошта шаванд. Ба ин тартиб, оҳиста мо ба офаридани филми солномаи мамлакатамон низ иқдом хоҳем кард.
Дар баробари ин, фаъолияти «Осорхонаи санъати синамои Ӯзбекистон»-ро дубора эҳё намудем, зеро ин осорхона дар ҳолати риққатовар қарор дошт. Ҳоло ҳар фарде, ки ба ин осорхона қадам ранҷа менамояд, гувоҳ мешавад, ки таърихи синамои Ӯзбекистон аз кадом давраҳо ва муваффақиятҳо иборат аст ва дар ин ҷода кадом ҳунарманд ва коргардону наворбардор  саҳми арзанда гузоштааст.
Дар оянда мо осорхонаи санъати синаморо дар бинои алоҳида ташкил хоҳем кард. Масъалаи ҳифзи филмҳои офаридашуда, реставратсия ё эҳё намудани он, рақамгузории филмҳо аз вазифаҳое маҳсуб меёбанд, ки бояд дар ояндаи наздик ба иҷро расанд.  Аз 1 январи соли 2020 Корхонаи давлатии унитарии «Кинохазинаи ҷумҳурӣ» ба худтаъминкунӣ хоҳад гузашт. Бар пояи он Хазинаи давлатии филмҳои Ӯзбекистон бунёд хоҳад ёфт.
Масъалаи дигаре, ки ҳаллу фасли он зарур шумурда мешавад, таҳия ва ба навор бардоштани филмҳои мултипликатсионӣ мебошад. Ин бахши кор низ хеле ақиб мондааст ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ин соҳа аллакай нақшаҳои мушаххас таҳия шудаанд. Барои ташкил намудани «Студияи филмҳои мултипликатсионӣ»-и алоҳида, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии он, пайдо намудани кадрҳои пуриқтидор ва такмили касби онҳо  «Харитаи роҳ» таълиф карда шуд.
Қарор аст, ки кинофестивали байналхалқии «Тошканд»-ро дубора эҳё гардонем. Масъалаи дар шаҳри Тошканд ба қайди доимӣ гузаштани кормандони ҷавони соҳаи кинематография, ки хеле пурсамар фаъолият мебаранд, истиқболашон низ дурахшон мебошад, ҳалли худро тақозо менамояд. 
Сохтани маҷмӯаи сайёҳии «Ӯзбекфилм», барпо намудани студияи «Сериали миллӣ»-ро низ барномарезӣ кардем. 
Дар соли нави 2020 ташкил кардани «Хонаи синамогарон»-ро ба нақша гирифтаем. Ҳокимияти шаҳри Тошканд вазифадор шудааст, ки барои «Хонаи синамогарон» бинои алоҳида ҷудо карда диҳад.
Ҳоло саҳни ҳавлии Агентии миллии «Ӯзбеккино»-ро  77 мошину мототсиклҳо шукӯҳ бахшидаанд, ки дар солҳои гуногун истеҳсол шудаанд. Ҳамаи он ба тасарруфи «Ӯзбеккино» интиқол ёфт ва барои ба навор гирифтани филмҳои босифати инъикосгари замонҳои мухталиф корбаст карда хоҳанд шуд. 
Дар ояндаи наздик Агентии миллии «Ӯзбеккино» наворбардории киномаҷаллаи ҳаҷвии кӯдаконро оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин дар соли 2020 се сериали миллӣ, ду филми ҳунарӣ низ истеҳсол хоҳанд шуд. Дар арафаи соли нав, ба коргардони филми «Чой» Шокир Холиқов 1 миллиард сӯм ва ба Маҳлиё Асқаралиева барои офаридани филмҳо 500 миллион сӯм маблағ тақдим гардид. Барои ширкати ҷавонони эҷодкор дар озмунҳои филмофарӣ 10 гранти давлатӣ бо маблағи 20 миллион сӯмӣ эълон карда шуд. 
 
Барно ӮНГБОЕВА,
роҳбари дафтари матбуоти
Агентии миллии «Ӯзбеккино».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: