Мардуми мо ғами зимистонро дар баҳору тобистон мехӯрад.
Ҳоло ҳаво андак сард шудааст, баъди ягон моҳ зимистон ба дар ангушт мезанад.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли равон ҶС «Ӯзбеккӯмир» 3,7 млн. тонна ангишт истихроҷ намуд ё нақшаи истеҳсоли он дар тӯли 9 моҳ 100,4 фоиз иҷро шуд. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми сӯзишвории ба истеъмолгарон интиқолдода 3,8 млн. тоннаро ташкил дод.
Дар нишасти матбуотие, ки ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки масъулони ҶС «Ӯзбеккӯмир» ва ҶММ «Кӯмир таъминот» баргузор шуд, дар ҳамин хусус сухан рафт.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар доираи барномаи маҳалликунонӣ дар ҷумҳурӣ корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон ба аҳолии ҷумҳурӣ 822 тонна ангишти маҳаллӣ интиқол дода хоҳад шуд. Дар моҳҳои январу сентябр аз ҷониби ҷамъияти мазкур барои таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ 3,8 тонна ангишт истихроҷ карда шудааст.
Имрӯзҳо дар доираи иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо оиди ба кори муттасил омода кардани шабакаҳои иқтисодиёт, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва фонди манзилҳои зисти бисёрҳуҷра дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», аз 23 сентябри соли 2022, корҳои таъмини аҳолӣ бо ангишт суръат пайдо кардаанд. 89 анбори ангишт ва 12 шуъбаи минтақавии он ба мавсим омода аст.
Ангишти ба аҳолӣ пешбинишуда бино ба ҷадвали ҷамъомади шаҳрвандони ҳар маҳалла, ки ҳокимиятҳо тасдиқ намудаанд, тақсим карда мешавад.
Баромадкунандагон ҳамчунин ёдрас намуданд, ки ба мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нархи ангишт бетағйир монд, яъне ҳоло нархи 1 тонна ангишт 300 ҳазору 300 сӯмро ташкил медиҳад. Барои ба аҳолӣ интиқол додани ангишти истихроҷгардида аз ҷониби ҶММ «Кӯмир таъминот» 54 мошини боркаш ва 62 мошини борбардор ҷудо карда шудааст.
Дар поёни нишаст ходимони масъули ҶС «Ӯзбеккӯмир» ва ҶММ «Кӯмир таъминот» ба саволҳои журналистону блогерҳо, ки ба истихроҷ ва интиқоли ангишт тааллуқ дошт, ҷавоби қаноатбахш доданд.
Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.