ҶС «Ўзбекнефтегаз» бинобар афзун гардондани истихроҷи карбогидридҳо яке аз вазифаҳои муҳимро иҷро намуда, бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Федератсияи Русия аз наздик ҳамкорӣ менамояд.
Корхонаи муштараки «Andijanpetro», ки дар вилояти Андиҷон якҷоя бо ҶС “Ўзбекнефтегаз” ва ҶС “Зарубежнефть” (Русия) созмон дода шудааст, натиҷаи чунин саъю кӯшиши якҷоя мебошад.
Корхонаи муштарак аз моҳи декабри соли 2019 бо истифода аз технологияҳои замонавӣ барои зиёд кардани истихроҷи нафт дар конҳои “Хартум”, “Хартуми Шарқӣ” ва “Оламишиқи Ҷанубӣ”, ки муддати тӯлонӣ инкишоф дода мешаванд, кор мебарад.
Аз оғози фаъолият 10,7 миллион доллари ИМА (дар доираи лоиҳа 13,9 миллион доллари ИМА), аз ҷумла 3,1 миллион доллари ИМА дар соли 2021 азхуд карда шудааст.
Дар соли 2021 дар натиҷаи татбиқи 43 чорабинии геологӣ-техникӣ истеҳсоли шабонарӯзӣ ба 27,3 тонна нафти хом ва 3,9 ҳазор тонна нафти иловагӣ расонда шуд.
Дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ дар иншооти коркарди нафти “Аламишиқи Ҷанубӣ” дастгоҳи гармидиҳии нав насб карда, коллекторҳои нафтҷамъоварӣ иваз карда шуда, ба дарозии умумии 19,6 километр қубури водопроводи баландфишор кашида шуд.
Инчунин лабораторияи нави кимиёвӣ-таҳлилӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз Маркази аккредитатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқи салоҳияти техникӣ гирифтааст.
Корҳои монтажи таҷҳизоти системаи телемеханика дар 20 чоҳи кони “Аламишиқи Ҷанубӣ” анчом ёфтанд. Айни замон корҳои ба кор андохтан ва танзимкунӣ идома доранд. Имсол дар 20 чоҳи конҳои “Хартум” ва “Хартуми Шарқӣ” васеъ кардани телемеханика пешбинӣ шудааст.
Ба ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар объектҳои истихроҷ барои паст кардани хароҷот таҷҳисзоти сарфакунандаи энергия ҷорӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад озмоишҳои таҷрибавӣ-соҳавии ду приводҳои гидравликии насосҳои штанга бомуваффақият гузаронда шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳои таҷрибавӣ-соҳавӣ ба кор андохтани шаш приводи гидравликӣ пешбинӣ шудааст, ки ин хароҷоти истифодабариро барои нигоҳубини ҳар як чоҳ то 80 фоиз кам мекунад. Инчунин, ҳангоми истифода бурдан аз гидропривод истеъмоли қувваи барқ то 50 фоиз коҳиш меёбад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҶС «Ўзбекнефтгаз».