ӮЗБЕКОНУ ТОҶИКОН АЗ АЗАЛ ДӮСТУ БАРОДАРАНД

Ба барқароршавии муносибатҳои неку дӯстона ва роҳандозии ҳамкориҳои васеъмиқёси байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол пур мешавад.

Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев 9-10 марти соли 2018 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт. Бешак, ин сафар ғайр аз диққату эътибори шаҳрвандони ду кишвари ҳамҷавор, ҳамчунин расонаҳои ахбори оммавии ҷаҳонро низ ба худ ҷалб намуд ва ин бесабаб нест.
Ҷудоиҳо ва гусаста шудани робитаҳои хешу таборӣ, ба миён омадани монеаҳои сунъии пурдавом, ки боиси азият гашта буданд, баъди сафари давлатии Президенти кишварамон аз миён бардошта шуданд. Низоми раводид барои як моҳ лағв шуд, равуои мардуми ду самти марз куллан содда гардид. Дар зарфи як сол беш аз ду миллион шаҳрванд ба қаламрави ду кишвар равуо кардаанд ва ба дидори хешу табори худ расиданд.
– Дар шаҳри Исфара хешу табори зиёди мо зиндагӣ мекунанд. Аммо наздики ду даҳсола мо аз дидори онҳо маҳрум будем. На мо дар маросимҳои хешони худ ширкат кардем ва на онҳо тавонистанд, ки маросимҳои хурсандии моро шукӯҳ бахшанд. Хешу ақрабоҳои фавтидаро бе якдигар ба роҳи охират гусел кардем, – мегӯяд сокини ноҳияи Сӯх Азаматхӯҷа Иброҳимов.
Мавсуф илова намуд, ки баъди боз шудани роҳҳо аввалин коре, ки мо анҷом додем, хабаргирӣ аз ҳоли  хешовандон  ва расидан ба дидори онҳо буд. Сухан дар тавсифи шодиву сурури ҳамон рӯзҳо оҷиз аст. Ин рӯйдоди фараҳбахш ба шарофати сафари таърихии Сарвари давлатамон ба Тоҷикистон  ба вуқӯъ пайваст ва ба дилҳо сурур бахшид.
Оре,  агар як сол муқаддамро ба ёд орем, маросими истиқболи расмии Шавкат Мирзиёев дар назди қасри «Миллат»-и Душанбешаҳр пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба хотири пазироии меҳмони олимақом парчамҳои давлатии ду кишвар парафшонӣ карданд.  Президенти Тоҷикистон   изҳори боварӣ намуд, ки сафари аввалини Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар мақоми Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. 
Дарвоқеъ, ин сафар дар соҳаҳои гуногун чунин такони ҷиддӣ бахшида тавонист! 
Мардуми ӯзбеку тоҷик қарнҳо боз аз як ҳаво нафас кашидаву дар як муҳиту фазо паҳлӯи ҳамдигар зистаанд. Онҳоро риштаҳои хешу таборӣ ва қудову андагӣ пайваст мекунад. Расму суннатҳои зиёди ӯзбекону тоҷикон муштарак мебошанд. Фарқ танҳо дар забони онҳост, аммо ин фарқият  ҳаргиз ба ин риштаҳои дӯстиву бародар рахна  ворид накардааст! 
Шавкат Мирзиёев дар сӯҳбати хоса бо Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошт: «Вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаштам, аз чашмони мардум мехондам, ки онҳо ташнаи гарм шудани равобит бо Ӯзбекистон ҳастанд».
– Оре, ин ҳақиқат аст! Зеро дар назди чунин ташнагии мардум ташнагии тоқатфарсои дашту биёбони беканору беоб комилан ночиз мебошад. Медонед, барои чӣ? Барои он ки ин ташнагии мардум ташнагии ҷисмонӣ не, балки ташнагии равонӣ буд, ки муддати дароз онҳоро сахт азият медод. Охир, фарзанд ду даҳсола натавонист дар ҷанозаи падару модари худ иштирок кунад ва  онҳоро ба роҳи вопасин гуселонад! – мегӯяд доктори илмҳои филологӣ, профессори тоҷикистонӣ Абдунабӣ Сатторзода.
Ин сафар чӣ аз тарафи мардуми оддӣ ва чӣ расонаҳои мухталиф  аз сафарҳое арзёбӣ гардид, ки орзуву ормонҳои мардуми ду кишвари ҳамҷаворро бароварда сохт. Аз лаҳзаҳои аввали  сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷисму ҷони мардуми ду кишвар аз эҳсоси гуворо саршор ва хушҳолию хуррамӣ дар чеҳраҳои онҳо ҳувайдо гашта буд.
– Дар ҳамон рӯзҳо гузаргоҳҳои марзӣ паси ҳамдигар ба рӯи шаҳрвандони ду кишвар боз мегаштанд. Шояд таърих солҳои зиёд ба ин миқдор ашки шодии мардумро надида бошад! Барои ҳамин сафари як сол муқаддами Шавкат Мирзиёев сафари сарнавиштсоз буд, ки халқҳои ӯзбеку тоҷикро дубора дар канори ҳамдигар андохт, – мегуфтанд бо ашки шодии шашқатор пиронсолон ва  бо меҳр Президентон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмонро дуои нек мекарданд.
Ба ёд овардани ҳарфҳои Президенти кишварамон зимни мулоқот дар ҷамъи намояндагони Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин  вакилони доираҳои ҷамъиятии ин кишвар низ фаромӯшнопазир аст:  «Ман тамоми дарвозаҳоро бозкунон ба назди шумо омадам!»
Дар ҷараёни дидору мулоқотҳои сардорони ду давлат 9-10 марти соли гузашта 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои ин санадҳо  тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишварро фаро хонданд. Дар муддати кӯтоҳ маълум шуд, ки ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар ба шаш маротиба афзудааст. 
Дар айни замон гурӯҳҳои сохтмонии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон бемористони дорои 200 бистар ва дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои 630 нафар мактаби сеошёна бунёд менамоянд. Дар қиболи он сохтмончиёни Тоҷикистон дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона ба сохтани мактабҳои типи замонавӣ машғуланд.
Сардшавии муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то андозае ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ бастагӣ дошт.  Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар  перомуни сохтмони нерӯгоҳи мазкур низ муносибати худро ошкор намуд. Вақте вай гуфт, ки ҷониби Ӯзбекистон дар бунёди иншооти   НБО-и Роғун иштирок мекунад, омилони сару садоҳо ва ихтилофот   ангушти ҳайрат газиданд.  
Дар ин замина ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки асарҳои адибони классикӣ ва муосир ба забонҳои мардуми ду кишвар баргардон  шаванд. Ҳамчунин ба дараҷаи баланд  роҳандозӣ намудани таълими забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон низ таъкид гардид. Ин иқдоми наҷиби сарвари ду давлат шояд ба бадани афроде, ки ҳаргиз тарафдори барқарор  ва нек шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор набуданд, кайк андохт. 
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Матлуба Дадабоева мегӯяд, ки ба ҳайси санъаткор дар маросимҳои кушодашавии якчанд гузаргоҳҳои марзиву гумрукии миёни ду кишвар ширкат кардааст. Ба гуфтаи ӯ танҳо ба ёд овардани манзараи ҳамон рӯзҳо кифоят мекунад, ки табъи кас болида гардад ва одам худро хушбахт ҳис кунад.
– Ҳувайдо буд, ки аз барқарор шудани робитаҳо пиру барнои Тоҷикистону Ӯзбекистон хурсанд ҳастанд. Зеро мо солҳои дароз аз ҳам дур ва аз ҳоли ҳамдигар бехабар будем. Аммо ҳама бо суботу бурдборӣ ин муддатро паси сар кардем ва ба чунин рӯзҳои неку шодмонӣ расидем. Ба унвони олии «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» сазовор шудани ман низ аз шарофати сафари давлатии Президенти кишварамон ба Тоҷикистон ва нарму барқарор шудани муносибатҳои ду кишвар дар як соли пеш мебошад, – изҳор кард Матлуба Дадабоева. 
– Ман зодаи Истаравшанам ва баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои кор ба Тошканд омадаам. Аммо дар муддати ду даҳсола расидан ба  дидори пайвандони худ мушкилтарин кор маҳсуб меёфт. Ба иллати низоми раводид борҳо сафарамон ба  нокомӣ мувоҷеҳ гашт. Аммо ғайр аз тааммул илоҷи дигар надоштем. Ҳоло шукр мегузорам, ки вақти дилхоҳ ба зодгоҳ азми сафар мекунам ва аз ҳоли пайвандони худ хабар мегирам. Онҳо низ омада мераванд, – мегӯяд сармутахассиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Шоқаҳҳор Салимов. 
Вай афзуд, дар арафаи яксолагии барқароршавии ин муносибатҳо  боз шудани гузаргоҳи «Боботоғ – Ҳисор» низ маънои рамзиро касб намуд. 
– Акнун аз шаҳри Тирмиз то пойтахти Тоҷикистон як қадам роҳ аст. Бо фаъолшавии ин посгоҳ бошандагони ду самти марз ба ҷои 110 километр масофаи 40-50 км-ро тай карда ба марзи Тоҷикистон  мегузаранд. Бист сол муқаддам Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда будам. Ҳамеша орзу мекардам, ки ба тамошои шаҳри ҷавониам – Душанбе равам ва ба  дидори ҳамсабақҳоям бирасам. Ин орзуҳо амалӣ гаштанд, – мегӯяд бо қаноатмандӣ корманди Садову симои вилояти Сурхондарё Сурайё Норманова. 
Ба наздикӣ яке аз шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон бо пахши барнома эълон кард, ки танҳо дар факултаҳои гуногуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар ҷавонони ӯзбекистонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Корманди Пажӯҳишгоҳи «Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо»-и Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода перомуни ин масъала чунин ибрози назар намуд:
–  Дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои муқаррароти созишнома «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм» дар соли 2018 зиёда аз 43 созишнома имзо гардид. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 1820 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.
Ба таъкиди мавсуф дар доираи ҳамин ҳамкориҳо соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактаби миёнаи №47 ноҳияи Чинози вилояти Тошканд 1316 адад адабиёти тоҷикии бадеӣ тақдим намуд. 
Тибқи натиҷагирии ҳамкориҳо дар бахши иқтисод  ҳаҷми табодули моли миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар давоми як сол 600 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ин замина байни соҳибкорони ду кишвар ба маблағи 300 миллион доллар шартномаҳои мухталифи ҳамкорӣ низ баста шудаанд. 
Бояд ёдовар шуд, ки зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд 17 августи соли 2018 Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба шарикони стратегӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯ интизор меравад, ки ҳаҷми табодули моли миёни ду кишвари ҳамҷавор то ба як миллиард доллар афзоиш меёбад. Дар кишвари мо бо маблағи Тоҷикистон 30 корхона шурӯъ ба фаъолият кардааст. Дар Тоҷикистон бо сармояҳои соҳибкорони ӯзбекистонӣ ҳашт корхона фаъол гардидааст. Дар ҷараёни бизнес-форуме, ки дар доираи сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд баргузор гардид, дар байни соҳибкорон баҳри содироти маводу маҳсулот ба маблағи беш аз сад миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз моҳи апрели соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқоли гази табииро барқарор намуд. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон фурӯши нерӯи барқро ба роҳ монд. Дар давоми як сол даҳ маротиба ҳайатҳои вилоятҳо меҳмони ҳамсояҳои худ шуданд. Ҳамвора домани ҳамкориҳои миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон мунтазам доман фарох мекунад. Пас, зиндагиву кор ва пешрафту тараққиёти ӯзбекону тоҷиконро бе ҳамдигар тасаввур кардан мушкил аст. Зеро онҳо аз азал бо ҳам дӯсту бародаранд!
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: