Ғайрат МАҶИД, шоири ӯзбек
Омуву Сир, дон яке,
Нону намак, хон яке,
Мардӣ ба майдон яке,
Ӯзбеку тоҷикро.
Сар ба фалак Помираш,
Хуб чу дил зоҳираш,
Пиру мурид,
ҷумла хуш,
Ӯзбеку тоҷикро.
Навоӣ бо Ҷомӣ ҳаст,
Бонигару ҳомӣ ҳаст,
Соғари гулфомӣ ҳаст,
Ӯзбеку тоҷикро.
Ҳаст каломаш накӯ,
Созу мақомаш накӯ,
Азму маромаш накӯ,
Ӯзбеку тоҷикро.
Меҳри ҳақаш нурбор,
Ҷаҳл наояд ба кор,
Бахти абад ҷӯру ёр,
Ӯзбеку тоҷикро.
Дӯст ба ҷон хештар,
Балки зи ҷон бештар,
Нури назар, тоҷи сар,
Ӯзбеку тоҷикро.
Омада даврони хуш,
Фурсату имкони хуш,
Шуҳрати хуш,
шони хуш,
Ӯзбеку тоҷикро!
Тарҷумаи ПАЙМОН.