UZENERGYEXPO – UZSTROYEXPO: НАМОИШ, МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРӢ

  • UZENERGYEXPO – UZSTROYEXPO:  НАМОИШ, МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРӢ
  • UZENERGYEXPO – UZSTROYEXPO:  НАМОИШ, МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРӢ

Дар ҶС «Ӯзэкcпомарказ» якбора ду намоишгоҳи соҳавӣ – намоишгоҳи XVI байналмилалии UzEnergyExpo-2022: энергетика, энергияи аз нав барқароршаванда, самарабахшии энергетикӣ ва сарфаи энергия, электротехника, кабел ва равшанӣ ва намоишгоҳи байналмилалии XI UzStroyExpo-2022: масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ, техника ва таҷҳизоти сохтмон, низоми гармидиҳӣ ва вентилятсия, таъминоти об, тарҳи ороишӣ ба кор оғоз намуд.

Дар чорабинӣ, ки ташкилкунандагони он ҶММ International Expo Group бо дастгирии  вазорати энергетика ва сохтмон, инчунин Ассотсиатсияи «Ӯзсаноатқурилишматериаллари» мебошанд, маҳсулоти худро беш аз 130 ширкат аз 13 кишвари ҷаҳон намоиш медиҳад. 
Экспозитсияи муттаҳидшуда имконият медиҳад, ки кооператсияи байни намояндагони соҳаҳои алоқаманд васеъ гардонда, маслиҳатҳои коршиносон гирифта, инчунин оид ба тиҷорат шарикони нав пайдо карда, шартномаҳои ба ҳамдигар муфид ба имзо расонда шаванд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои 2020-2030 дар кишварамон ҷиҳати таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ ислоҳоти васеъ амалӣ мешавад ва дар ин росто намоишгоҳи UzEnergy-Expo-2022 фаъолияти худро вусъат медиҳад. Экспозитсия назар ба соли гузашта 40 фоиз зиёд шуда, намояндагони қариб ҳамаи соҳаҳои асосии самти маҷмӯи энергетикиро гирд овардааст. Дар доираи намоишгоҳи UzEnergyExpo-2022 технологияҳои муосир ва дастовардҳои навтарини соҳаи электроэнергетика, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, техникаи равшанидиҳӣ, автоматика, инчунин ҷувзҳои таҷҳизоти барқӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Дар баробари ин корхонаҳое, ки навҳои гуногуни таҷҳизоти энергетикӣ истеҳсол мекунанд, қарорҳои баландтехнологӣ ва инноватсионии худро пешниҳод мекунанд. 
Дар намоишгоҳи UzStroy-Expo-2022 истеҳсолкунандагони саноати сохтмон низ маҳсулоти хурдро намоиш медиҳад. Дар деворҳо масолеҳи бинокорию пардозӣ, омехтаҳо, асбобҳо, низомҳои гидроизолятсионӣ, таҷҳизот барои таъминоти об, вентилятсия ва гармидиҳӣ намоиш дода мешаванд. Дар доираи намоишгоҳ инчунин либосҳои махсус барои соҳаи бинокорӣ, навҳои зиёди маҳсулоти чӯбу тахта намоиш дода мешаванд. 

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: