Узгидромет хабари изтирории гидрометеорологӣ нашр кард, ки дар он ҳавошиносон аз пеш омадани гармо дар нимаи дуюми ҳафта ҳушдор медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, рӯзҳои 25-29 июли соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳавои хеле гарм дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ, ғайр аз Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм то 40-43 дараҷа, дар ҷануб ва биёбон то 44-45 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ҷойҳо дар назар аст, ки шамол бо суръати то 13-18 метр вазида, дар баъзе ноҳияҳо то 20-23 шиддат гирифта, тӯфони ғуборолуд падид меояд.