Яке аз наздикони Умар (р) гуфт:
– Фалон одам бисёр ботақво аст, чӣ мешуд, ки ӯро ба фалон вазифа таъин кунем.
Амиралмуъминин Умар пурсид:
– Бо ӯ ягон вақт ҳамсоя будӣ?
Гуфт:
– На.
Гуфт:
– Бо ӯ ягон бор сафар кардаӣ?
Гуфт:
– На
Боз пурсид:
– Бо ӯ ягон вақт савдо ва ё додугирифт кардаӣ?
Гуфт:
– На.
Умар гуфт:
– Ту фақат хестану шиштани ӯро дар масҷид дидаӣ! То бо касе ҳамсоягӣ, сафар ё муомилот накунӣ, тақвои ӯро намедонӣ.
Он мард аз ҳазрати Умар узр хост...
ДУОИ ХАЙР
Нафаре масҷид сохт. Баҳлул аз ӯ пурсид:
– Масҷидро барои ризои Худо сохтӣ ё барои шинохта шуданат байни мардум? Он нафар посух дод:
– Барои ризои Худо.
Баҳлул ӯро санҷидан хост ва нимашаб рафту рӯйи девори масҷид навишт: «Ин масҷидро Баҳлул сохтааст!»
Субҳ, ки мардум барои адои намоз ба масҷид омаданд, навиштаи рӯйи деворро хонда мегуфтанд, ки Худо хайраш диҳад. Он шахс тоқат наёвард ва фарёд зад:
– Баҳлул дурӯғ мегӯяд, ин масҷидро ман сохтаам! Ман аз пули худ харҷ кардаам ва шумо ӯро дуои хайр мекунед.
Баҳлул хандиду гуфт:
Муомилаи ту бо халқ будааст на бо Холиқ.
Таҳияи
Навбаҳор
ҲАМРОҚУЛОВА.