Он ба Ӯзбекистон имкон медиҳад низоми савдои одилонаро бо 164 кишвар ба роҳ монад ва бозорҳои мунтазам дарёбад
Тағйироти воқеияти геосиёсӣ, ки солҳои охир ба амал омаданд, ба вазъи савдои хориҷӣ низ таъсир гузоштанд. Санксияҳои кишварҳои ғарбӣ, ки нисбати як қатор давлатҳо эълон шуданд ва чораҳои ҷавобии онҳо, ба қатъиян коҳишёбии қурби асъор, ба робитаҳои солҳои дароз ба роҳмондашудаи тиҷоратӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин, дар навбати худ, ба иқтисодиёти миллӣ таҳдиди муайяне ворид карда, диверсификатсияи беш аз пеш фаъоли боркашонии содиротиву воридотиро ба миён меоварад. Аз ин рӯ яке аз дастовардҳои асосии сиёсати савдои кушод ин ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аъзо шудани Ӯзбекистон аст. Мақсади асосии он боло бардоштани некуҳолии аҳолӣ ва таъмин сохтани одамон бо шуғл, рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон аз тариқи ба тартиб андохтани қоидаҳои шаффофи савдои байни давлатҳои аъзо ва фароҳам овардани шароит барои гардиши савдои одилона, пешгӯишаванда ва мунтазам, аз ҷумла, чораҳои ҳамоҳангсозӣ бинобар мубориза бо протексионизм мебошад.
Ҳоли ҳозир тақрибан 25 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон, барои ҳамроҳ шудан ба созмон гуфтушунид мебаранд. Ба шарофати узвият ба СУС Ӯзбекистон ба шароити хеле мусоиди дастрасӣ ба бозори хориҷии фурӯши мол ва хидматҳо аз ҳисоби боварибахшиву эътидоли фаъолияти иқтисодиёти хориҷии аъзои СУС, ҳамчунин дастёбӣ ба воситаҳои Созмон бинобар танзими талошҳои тиҷоратӣ ва пешгирии чораҳои тазъиқ муваффақ мегардад.
Вобаста ба ин, метавон боз ба як масъалаи муҳим таваққуф кард, яъне узвияти комил ба СУС барои Ӯзбекистон чӣ медиҳад? Пеш аз ҳама ба бозорҳои хориҷӣ баромадани маҳсулоти корхонаҳои моро таъмин мекунад, ба истеъмолгарон бошад, интихоби зиёди мол ва хидматҳоро медиҳад, номгӯйи онҳо дар мамлакат хеле меафзояд. Ӯзбекистон ҳам барои хориҷиён ва ҳам барои сармоягузорони ватанӣ беш аз пеш ҷолиб мегардад.
Тавре ки аксар коршиносон мегӯянд, узвият ба СУС, пеш аз ҳама, барои содиргарони кишвари узв, яъне онҳое, ки маҳсулоти худро ба мамлакатҳои дигар мебаранд, муфид мебошад. Агар пештар нисфи содироти кишвари моро нахи пахта ташкил карда бошад, баъди куллан даст кашидан аз содироти пахта фурӯши сарулибоси тайёр ба хориҷа 4 баробар зиёд шуд, фурӯши маҳсулоти бофандагӣ бошад, аз 3 миллиард доллар гузашт. Дар натиҷаи соли 2021 ба низоми GSP+ ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои Аврупо 1,5 баробар афзуд.
Узвият ба СУС барои зиёд гардидани содироти маҳсулоти тайёр имкониятҳои бештаре фароҳам меоварад. Маҳз барои ҳамин ҳам Ӯзбекистони соли 2019 ҷараёни аъзошавӣ ба ин сохтори байналхалқиро ба роҳ монд ва дар давраи сипаришуда дар самти мазкур қадамҳои боэътимод гузошт. Умуман, узвият ба СУС барои кишварҳои узви он як қатор афзалиятҳо медиҳад. Вай ба шарофати талаботи шаффофи сиёсӣ ба эътидоли бештари тиҷоратӣ мусоидат менамояд ва ба кишварҳои аъзо имкон намедиҳад, ки нисбати якдигар монеаҳои тиҷоратӣ ба миён оваранд. Ин, чун анъана кафолат медиҳад, ки муҳити тиҷоратӣ ба шарофати дастёбии васеътаре ба бозор ва нархҳои муттасилу пешгӯишаванда зиёдтар гардад.
Боз як имконияти Ӯзбекистон ин рушди сайёҳӣ, вусъат пайдо кардани имкони қаробат, коҳиш ёфтани маҳдудиятҳои ғайритарифӣ, афзудани саҳми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба иқтисодиёт, кам гардидани монополияи давлатӣ ба иқтисодиёт ба шумор мераванд.
Яъне ҳар қадар баҳои ашёи воридотӣ кам шавад, нархи маҳсулоти тайёри истеҳсоли ватанӣ ҳамон қадар арзонтар мегардад. Ин рақобатбардориро зиёд мекунад. Ҳарчанд вай метавонад дар давраи аввал ба истеҳсолоти миллӣ таъсири нохуш гузорад, дар пешомади дур омили мусбат бобати фароҳам овардани муҳити рақобат мегардад. Фаъолияти монополияи ватанӣ ба бозори дохилӣ қатъ мешавад, муҳити озоди рақобат ба миён меояд.
Ҳадафи асосии СУС аз озодкунии минбаъдаи савдои ҷаҳонӣ ва таъмин сохтани шароити одилонаи рақобат иборат аст. Дар доираи СУС боҷҳои воридотӣ дар сатҳи муайян кам шуда, афзоиши ҳаҷми савдои Ӯзбекистон бо давлатҳои аъзои СУС пешбинӣ мегардад. Эътидол ва эътимод ба худ ба баланд гардидани эътимоди сармоягузорон низ мусоидат менамоянд, ки чун қоида боиси афзоиши сармояҳои бевоситаи хориҷӣ мегардад, ки метавонанд ба рушди бозори дохилӣ такони иловагӣ диҳанд.
Мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид бартарии зерини низоми СУС-ро қайд мекунанд, ки аввало ин муносибати конструктивӣ ба ҳаллу фасли талошҳои тиҷоратӣ мебошад. Яъне бо афзудани ҳаҷми савдо, зиёд шудани номгӯйи мол, ҳамчунин бештар гардидани миқдори кишвар ва ширкатҳои тиҷоратӣ эҳтимоли сар задани талошҳо низ ҳаст. Низоми СУС бошад, барои ҳаллу фасли талошҳо бо роҳи орому салоҳиятнок кумак мерасонад. Кишварҳое, ки дар талошҳо иштирок мекунанд, ҳамеша саъй менамоянд, ки дар чаҳорчӯбаи муоҳидаи дарамал кор баранд.
Дуюм ин низоми такя ба қоидаҳост, на ба қудрат. Яъне қарори СУС дар пояи консенсус қабул карда мешавад. Қарорҳои СУС аз ҷониби тамоми аъзо маъқул дониста, бо консенсус қабул шуда ва аз тарафи парлумони тамоми давлатҳои аъзо тасдиқ гардидаанд. Қарорҳо барои ҳама яксонанд. Кишварҳои сарватманд ва нодор барои ҳифз намудани ҳуқуқи худ дар доираи тартиботи СУС бинобар танзими талошҳо имконияти баробар доранд.
Сеюм, озодкунии шартҳои савдо сатҳи зиндагиро баланд мебардорад. Низоми ҷаҳонии СУС монеаҳоро дар савдо аз тариқи баргузор кардани гуфтушунидҳо, ҳамчунин аз ҳисоби истифодаи раванди таҳқир накардан кам кунад. Дар натиҷаи кам шудани таваққуфи истеҳсолӣ (бинобар он, ки воридоти дар истеҳсолот истифодашаванда арзон аст), ҳамчунин нархи маҳсулот ва хидматҳои тайёр, охирон музди камтарин барои зиндагиро коҳиш медиҳад.
Хулоса, узвияти Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо имкон медиҳад низоми савдои одилона бо 164 мамлакат ба роҳ монда шавад ва дорои бозорҳои муттасил гардад.
Ин маънои онро дорад, ки номгӯйи маҳсулоти дорои сифати олӣ, даромад, иқтисод ва шуғл, имконияти татбиқ сохтани манфиатҳои ҷорӣ ва стратегии тиҷоративу иқтисодӣ бо роҳи иштироки самарабахш дар гуфтушунидҳои бисёрҷанбаи тиҷоратӣ ҳангоми коркарди қоидаҳои нави савдои байналхалқӣ меафзоянд.
Дар бораи афзалияти фаъолияти СУС он санад шаҳодат медиҳад, ки бинобар озодкунии шароити байналхалқӣ ҳаҷми мубодилаи моли ҷаҳонии байни кишварҳои аъзои он 5 баробар: аз 5 триллион доллари соли 1995 соли 2022 то ба 25,5 триллион доллар афзуд. Ҳамчунин аз соли 1995 дар тамоми таърихи низоми бисёрҷанбаи савдо ягон мамлакат аз узвияти созмон даст накашид.
Аз мо – аъзои парлумон чӣ тақозо мегардад? Бояд қонунгузории миллиро бо дарназардошти қарорҳои СУС ва мувофиқи талаботи байналхалқӣ ба тартиб оварем, ҳамоҳанг созем.
Умуман, ҳамкорӣ дар рушди устувори кишварҳо ва беҳсозии некӯҳолии аҳолии онҳо аз тариқи таъмин сохтан ва вусъат додани алоқаҳои озод ва шаффофи тиҷоратӣ ба ҳадафҳои ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, куллан мувофиқат мекунанд.
Эмма АСЛОНОВА,
депутати
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.