«ВАЪДА МЕДИҲЕМ, КИ...»

Рӯздармиён дар сафар ҳастам.

Гоҳе ба маркази вилоят – шаҳри Ҷиззах барои иштирок дар ягон чорабинии муҳиме, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявист, меравам ё худ дар шаҳру ноҳияҳо шуда, ба ин ё он идора сар мехалонам. Ҳадаф аз ин ба рӯзнома мавод омода кардан ва ба ин васила ба рӯзномахонон ғизои маънавӣ бахшидан. Дар айни замон афзун намудани шумораи рӯзномахонон дар мадди назар аст.
Ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ин хабарнигори рӯзнома Саодат Бекназарова бо сафари хидматӣ ба вилоятҳои Ҷиззаху Навоӣ омад. Ҳамроҳ аввал бо масъулони ҳокимияти ноҳияи Фориш вохӯрдем. Варақаи тақсимоти рӯзномаву маҷалларо гирифта ба деҳаи Порашт равон гардидем. Сарвари мактаб Сарибой Ярашев моро истиқбол гирифт. Аз рафти таълиму тарбия ва муаммову масъалаҳои асосии ҷойдошта маълумот дод. Назар ба гуфти ӯ имсол дар реҷаи обуна 10 нусха «Овози тоҷик» ҳаст. 
– Бо ҷамоаи омӯзгорон то ҳадди имкон ба ин рӯзномаи яонаи тоҷикии ҷумҳуриамон, ки розу ниёзи мардум дар он дарҷ меёбад, обуна мешавем, – ваъда дод ӯ. – Аз дигар сӯ муносибатҳои ду халқи бародар беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва ин рӯзнома вазифаи кӯпруки дӯстиро ба иҷро мерасонад.
Баъди ба ёздаҳсола табдил ёфтани мактабҳо хонандагон дар ду баст мехонанд. Муаллима Дилбар Эргашева дар басти дуюм ба синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфт.
Назар ба гуфтаи С.Ярашев, таъминоти мактабҳо бо китобҳои дарсӣ бад нест. Фақат мураккабии забони китобҳои дарсӣ ва мавҷудияти саҳфу ғалатҳо омӯзгоронро ба ташвиш андохтааст. Ин нукта борҳо аз ҷониби омӯзгорони мактабҳои деҳаҳои Ӯхму Моҷарм низ таъкид мегардад.
Вақте ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-уми деҳаи Ӯхм қарор доштем, ҳолати кунунии бинои мактаб моро шод гардонд. Аз боби обуна ба рӯзнома гап кушодем, маълум гардид, ки аз омӯзгорон Гулнора Рӯзиева ва ҳамсараш Ҳайдар Сироҷов ҳар сол ба рӯзнома обуна мешаванд. 
– Танҳо як-ду соли охир аз рӯзнома қадре дур шудам, – мегӯяд Гулнора Рӯзиева. – Инак, имсол боз аз аввалинҳо шуда менависонам.
Бо ҷамоаи омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 32-юми деҳаи Моҷарм суҳбат оростем. Онҳо хоҳиш карданд, ки кош дар саҳифаҳои рӯзнома оид ба ҳасби ҳоли нависандаву шоирони номӣ ва порчаҳо аз осори онҳо чоп шаванд. Ин чиз ба дарсҳои адабиёт, дар шароите, ки китобҳои бадеӣ камчин аст, ёрӣ мерасонад. Директори мактаб Асалбой Акабоев гуфт, ки ваъда медиҳем, бо ёрии омӯзгорони фанни забону адабиёт Обид Раҳимов, Бахтиёр Раҳимов, Абдуғанӣ Ҳамидов, Абдухолиқ Тӯхтаев ва сарварони мактабҳо Сарибой Ярашев (мактаби рақами 13), Асалбой Икромов (46), Қандиёр Саидов (14), Қурбон Деҳқоновҳо (49) ба зиёд шудани рӯзномахонон кӯмак расонем ва бо рӯзнома минбаъд ҳамкориро мустаҳкам намоем. 

А.НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: