ВАЪДАГОҲ

Аз осмони тирарӯ борон мерехт.

Торҳояш фазои шаҳрро печонда гирифта буданд. Ҳавои шаҳр ҳавои шомгоҳонро мемонд. Дар замин кӯлмакҳо пайдо шуда буданд, борон ба онҳо бархӯрда ҳубобчаҳо пайдо мекард. Боди сарсарӣ мевазид ва ҳаво аз он пуррутубат гардида буд.
Мӯсафед Қамар Раҳим дар яке аз курсиҳои рӯ ба рӯйи Регистон, ки дар ин лаҳзаҳо дурахш, ҷило, тобиши ҳаррӯзаашро гум карда, ба назар аз паси тӯри борон тира метофт, менишаст. Болои сар чатри сиёҳро бардошта буд.
Роҳгузарон ба мӯсафеди ришҳояш мошу биринҷ, ки дар сар кулоҳи аз мӯд баромадаи лапардор ва дар бар ҷомаи зирагии кабудфом дошт, бо тааҷҷуб менигаристанд. Кист вай? Чаро ба Регистон нигоҳ дӯхта, ғарқи хаёл нишастааст?
Мӯсафед бошад, айёми ҷавониро ба ёд меовард. Хотираҳои изтиробомез дили вайро аз шӯру ҳаяҷон лабрез карда буданд.
Дар ҳамин ҷо бо ҷавондухтар мулоқот дошт, ҳамин ҷо ваъдагоҳи дерини онҳо буд. Ҷавондухтарро ном Малоҳат буд ва дар ҳақиқат чеҳраи бомалоҳат, ду кокули ғафси ба тахтапушт партофта, чашмҳои шӯхшангу афсунгар дошт. Овозаш садои зангӯларо мемонд.
Бо Малоҳат дар як мактаб таҳсил доштанд. Вай як синф поёнтар аз Қамар Раҳим мехонд. Бисёр рӯзҳои сафед ва шабҳои сиёҳрро дар хиёбон ва гулгаштҳои Самарқанд гузаронда буданд. Алҳол ёдоварии он мулоқоту суҳбатҳо мӯсафедро ба мисли афсона афсун карда буданд. Чаро аз ҳам ҷудо шуданд? Сӯзи фироқу ҷудоӣ ҳанӯз дар дили мӯсафед аст..
Қамар Раҳим аз айёми дури бачагӣ ва навҷавонӣ ба рӯзномаҳо хабар, мақола, таронаҳо менавишт. Дар мактаб ҳама вайро мешинохтанд. Ва дӯстдорӣ аз Малоҳат оғоз гардид. Малоҳат бо дугонааш дар саҳни мактаб ба гардиш мебаромаду табассуми афсунгар ба вай пешкаш мекард. Тӯҳфаҳо ба Қамар мефиристод. Масалан, куртаи нейлониро, ки дар он айём мӯд буд. Ҳангоми мулоқот Қамар ӯро нозпарвард карда буд.
Балки дар ишқ яке бештар дӯст медораду дигаре камтар?!
...Пас аз хатми мактаб Қамар роҳи  Душанбешаҳрро пеш гирифт. Малоҳат вайро гусел кард,  сухане, ҳарфе намегуфт. Изтироби дилашро пинҳон медошт. Охир, дар пеш ҷудоӣ буд.
Дар Душанбе кори Қамар, бо вуҷуди он ки дар матбуот чакидаҳои қаламаш чоп мешуданд, барор нагирифт. Вай аз имтиҳони қабули донишкада гузашта натавонист. Дар Душанбешаҳр азоби дарбадарӣ, оворагардӣ, кори каммаош дар телестудия буд ва ахиран Қамар ба онҳо тоб наоварда ба Самарқанд баргашт. Хабар ёфт, ки Малоҳат шавҳар кардаасту дар универмаг ҳамчун фурӯшанда кор мекунад. Акнун вай дар оташи пушаймонӣ месӯхт.
Рӯзе шароби бисёрро нӯшида, ба ҷойи кори Малоҳат рафт. Чеҳраи Малоҳат сард буд. Акнун дар чашмони соҳири вай меҳр ва муҳаббати саршор набуд.
Ҳангоме ки вай дар миёни харидорони бисёр калавида-калавида рост меистод, Малоҳат гуфт:
– Равед аз ин ҷо!
Суханони вай чун дами корди тез ба дилаш расид ва Қамар баргашт бо дидаи пурнам ва дили аз оташи пушаймонӣ дардманд.
...Қамар бемори рӯҳӣ гардид. Пас аз табобат, боз ба Душанбешаҳр баргашт. Дар ҳамон ҷо дар хонаҳои иҷора дарбадар гардид. Вай ба Малоҳат собит карданӣ буд, ки иштибоҳ кардааст. Қамар шоистатарин дилдодаи вай аст. Оҳиста-оҳиста аз пайи заҳматҳои бисёр Қамар рӯзноманигори машҳур гардид.
Пас аз чанд соли таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ дар зодгоҳаш, ба ватан баргашт.
Тайи ин солҳо вай бо Малоҳат дар кӯчаҳо мулоқот ва суҳбатҳои сарироҳӣ доштанд. Ин мулоқотҳо оташи дили вайро ковиш медоданд. Ва рӯзе Қамар дарк кард, ки Малоҳат ҳоло ҳам ба вай бефарқ нест, дилкашол аст. Аммо айёми ҷавонӣ гузашта, ҳар ду оиладор, соҳиби фарзанд шуда буданд.
Шаби гузашта мӯсафед Малоҳатро хоб дид. Вай ҷавон буда, ҳарфҳои маломатомез мегуфт, аз фироқи якумрӣ паём медод. Ва мӯсафед дар рӯзи борон роҳи Регистонро пеш гирифт.
– «Ҳамааш гузашт...Хаёли хом ... Мо дигар ҷавон намешавем», – зери лаб пичиррос мезад Қамар Раҳим. Аммо дар дили мӯсафед ҳамоно шарораҳои умед хомӯш намегардиданд. Гӯё онҳо аз нав ҷавон мешаванду такрор мулоқотҳо хоҳанд дошт.
Қамар Раҳим мисраъҳои шоири маҳбубашро бо ҳасрат такрор кард:
Биҷӯӣ сарҳисоби зиндагонӣ,
Валекин зиндагӣ аз сар наёбӣ.
Ва бо вазнинӣ аз ҷо бархост. Дар сар чатр зери борон роҳи хонаашро пеш гирифт.
Ӯктам ИБРОҲИМ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: