Дар саёҳат шаҳрвандон нафақат истироҳат мекунанд, балки инчунин донишашон зиёд, ҷаҳонбиниашон васеъ мегардад.
Дар саёҳат шаҳрвандон нафақат истироҳат мекунанд, балки инчунин донишашон зиёд, ҷаҳонбиниашон васеъ мегардад. Зиёратгоҳҳо, ҷойҳои ҷолиби диққат ва ҳусни табиат баробари халқамонро бо таърихи гузашта шинос намудан дар дили онҳо нисбат ба Ватан ва табиат меҳри дучанд бедор мекунанд.
Солҳои охир дар мамлакатамон ба соҳаи туризм эътибор афзуд, дар маҳалҳо нафақат барои сайёҳони хориҷӣ, ҳатто барои сайёҳони дохилӣ низ меҳмонхонаҳои 4-5 ситорадору оилавӣ қад рост мекунанд.
Дар ноҳияи Чуст низ барои ривоҷи сайёҳӣ лоиҳаҳои истиқболнок татбиқ мешаванд.
Ба қарибӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Намангон, барои журналистон ва блогерҳои ҷумҳурӣ инфотур баргузор гардид.
Меҳмонони аз кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ иборат бори аввал саёҳаташонро аз шаҳри ҳунармандон, ки бо корду тоқиҳои миллиаш маълуму машҳур аст, яъне аз ноҳияи Чуст оғоз намуданд.
Ташрифи нахустини онҳо аз боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ оғоз ёфт. Сипас ба хонадонҳои ҳунармандони кордсоз ва тоқидӯз рафта, бо намунаҳои ҳунари дасти онҳо аз наздик шинос шуданд.
– Чустиён нафақат бо халқи меҳмондӯст, инчунин бо корд ва тоқиҳои зебои гулдӯзии миллӣ ном баровардаанд. Мо дар хонадонҳо бо фаъолияти меҳнатии кордсозону тоқидӯзон шинос шудем ва аз ин таассуроти зиёд пайдо кардем, – гуфт котиби матбуоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон Моҳинур Имомова.
Иштирокчиёни инфотур ташрифи навбатиашонро дар зиёратгоҳи таърихии Бибиона давом доданд. Зиёратгоҳи номбурда дар 7,5 гектар майдон воқеъ буда, дар ин ҷо бунёдкориҳои васеъмиқёс ба роҳ монда шудаанд. Барои меҳмонон намозгоҳ, таҳоратхона, мақбараи рамзӣ, айвони миллӣ хидмат мерасонанд.
Эҷодкори чустӣ Мансур Инъом ба меҳмонон дар бораи таърихи зиёратгоҳи Бибиона нақл кард.
Гурӯҳи эҷодкорон инчунин зиёратгоҳи Султон Увайс Қаранӣ ва Бибинаимаи ноҳияи Чортоқро зиёрат карданд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.