Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҷамъомади фраксияи Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» баргузор гардид.
Дар он нахуст лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кадастри давлатӣ» баррасӣ шуд.
Лоиҳаи қонун агентии кадастриро ба сифати мақомоти ваколатдори, пешбурди низоми миллии иттилоотии ҷуғрофӣ муайян мекунад. Инчунин пешбинӣ шудааст, ки Девони Вазирон тартиби пешниҳод намудани маълумотро дар бораи кадастри давлатӣ, ки ба низоми ягонаи кадастри давлатӣ дохил карда шудаанд, муайян кунад.
Чи хеле ки таъкид шудааст, меъёрҳои дар лоиҳаи қонун ба назар гирифташуда пешбурди ягонаи ҳисобу китоби умумдавлатии салоҳияти табииву иқтисодии Ӯзбекистон ва баъзе ҳудудҳои он, низоми иттилоотии ба таъмини арзёбӣ нигарондашуда, баланд бардоштани дақиқии маълумотҳои аз онҳо нигоҳдошташаванда ва пешбурдашаванда хидмат мекунад. Аъзоёни фраксия ба эътибор гирифта, онро дастгирӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба соддагардонии тартиби ба иҷора додани заминҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд. Мувофиқи лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тартиби тасдиқ намудани натиҷаҳои озмуни электронии озод оиди ба иҷора додани заминҳои ба кишоварзӣ бекор карда мешавад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин дархостҳои вакилони фраксия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби аъзои фраксия дар асоси муроҷиатҳои интихобкунандагон ва шаҳрвандон ба ташкилотҳои дахлдор оид ба вазъи ҷойҳо, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо 11 дархости депутатӣ расид.
Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ ба аъзои фраксия аз 1232 нафар шаҳрвандон дар вохӯриҳо дар маҳалҳо 839 муроҷиат ворид гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо чораҳо андешида шуданд. Якчанд муроҷиатномаҳо ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода, иҷрои онҳо таҳти назорат гирифта шуд.
Аз рӯйи масъалаҳои дар ҷамъомади фраксия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
М. КОМИЛОВА,
мухбири ӮзА.