ВАКСИНА КӮМАК БАР ЗИДДИ COVID-19

Ба ҳамагон аён аст, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро бемории сироятии COVID-19 фаро гирифтааст, мехоҳем каме дар ин маврид, аниқтараш на дар бораи беморӣ, балки дар мавриди ваксинатсияи он сухан ронем.

Ба ҳамагон аён аст, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро бемории сироятии COVID-19 фаро гирифтааст, мехоҳем каме дар ин маврид, аниқтараш на дар бораи беморӣ, балки дар мавриди ваксинатсияи он сухан ронем. Мо медонем, ки ҳоло дар саросари мамлакатҳои ҷаҳон эмгузаронӣ дар авҷ аст. Дар Ӯзбекистони мо низ ин маърака чанд муддат инҷониб идома дорад. Ва назар ба маълумотҳо қисми зиёди аҳолии мо ба ин ҷараёни хеле муҳим фаъолона ширкат меварзанд. 
Бояд ёдовар гардем, ки дар атрофи ваксинаҳои деринтизор, ки аз оғози пандемия ҳама дар талош буданду сару садо баланд мекарданд, то зудтар ваксинаи зидди COVID ихтироъ ва истеҳсол шавад, имрӯз ихтилофҳо зиёданд. Мардум ҳар рӯз маълумоте – як камбудӣ ё ҷиҳати манфии ваксинаҳоро аз куҷое мефаҳманду аз даҳон ба даҳон паҳн мекунанд. Ин маълумотҳои бардурӯғ асос надоранд. Алалхусус, дар саҳифаҳои интернет ҳар гуна фикрҳои бемантиқро дучор омадан мумкин аст. Чун ҳамешагӣ чунин маълумотҳоро нафароне паҳн мекунанд, ки шуғлашон ин аст, то саҳифаи интернетии сомонаашон тамошобини ҳарчи зиёдтар пайдо кунад. Бояд бо як мантиқи сода “биринҷро аз курмак ҷудо сохт”. Як ба хотир орем. Оё дар таърих баъд аз муддате ҳама ваксинатсияшудагон фавтидаанд ё безурриёт шудаанд? Ё худ чӣ зарурате бар чипзании инсонҳо вуҷуд дорад, вақте мо бе ин ҳам бо телефонҳои мобилӣ ва интернет қобили пайгирӣ ва назорат ҳастем?! 
Имрӯзҳо ҷаҳон даргири мавҷи сеюми пандемия буда, чуноне ки маълум аст, мавҷи аввалро мо дар охири баҳор ва мавҷи дувумро дар тирамоҳи соли гузашта паси сар карда будем. Мавҷи сеюм ба тобистони имсол рост омад ва тамоми фарзияҳои ба фаслҳои сол ва гармиву сардӣ робита доштану паҳн шудани вирусро ботил кард. Яъне, ин вирус новобаста аз гармиву сардӣ ва намиву хушкӣ дар ҳар иқлим ва минтақаи дунё як хел паҳн мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки мавҷи ҷорӣ метавонад хеле сахт гузарад, зеро сахтии ин мавҷро коршиносони соҳа ба штами нави беморӣ, ки бори аввал дар кишвари Ҳинд ба қайд гирифта шудаву бо номи «Делта» маълум аст, марбут медонанд. Мутаассифона, нафароне, ки ин бемориро аз сар нагузаронидаанд, беэътиноӣ намуда, ваксина нагирифтаанд. Ҳол он ки муддати кофии эмгузарониро доштанду ваксина назаданд ва бо ин амал хатари калонеро барои худ ва хонаводаи худ эҷод мекунанд. Ба назари коршиносон ин штам сироятёбии зиёд дорад ва дар шахсони нисбатан ҷавон беморӣ вазнин ҷараён мегирад. Аломатҳои беморие, ки бар асари штами паҳнгардида зоҳир меёбанд, аз аломатҳои штами пештара каме фарқ доранд. Агар дар мавҷҳои қаблӣ беморӣ бештар бо гум кардани бӯй, мазза ва сулфа оғоз мешуд, ҳоло бошад, бештар бо дарди ишкам, дарунравӣ ва дарди гулӯ оғоз меёбад ва хеле вазнин ҳам мегузарад. «Барои пешгирӣ аз ҷаҳишҳои мудҳиши ин вирус бояд ҳарчи зудтар шумораи бештари одамон ваксина гиранд!» – исрор мекунанд коршиносони соҳа. 
Дар айни замон кормандони дармонгоҳҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ ба мардум ваксина мегузаронанд. Тавсияҳои духтурон низ дар бораи тарзи гирифтани ваксина ва риояи қоидаҳо баъди гирифтани ваксинаро ба ҳамагон мефаҳмонанд. Аввал ин, ки шахси ваксинагирифта се рӯзи аввал ҷойи эмшударо ба об бояд, ки нарасонад. Нӯшидани оби хеле хунук, нӯшидани машрубот ва оббозӣ дар оби хунук манъ аст. Ва чун ҳамешагӣ масофаи иҷтимоиро риоя намуда, риояи қоидаҳои беҳдоштию санитариро набояд фаромӯш созад. 
Хушбахтона, дар навоҳии вилоятамон низ баҳри гирифтани ваксина ба шаҳрвандон марказҳои COVID-19 амал менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ин марказҳо баҳри корафтодагон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо ин ҳама гуфтанием, ки ҳамдиёрони азиз, наҳаросед ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашавед, зеро ваксина метавонад роҳи қавии на танҳо ҳимояи худ, балки тамоми ҷомеа бошад. Имрӯзҳо, ки хурӯҷи мавҷи сеюми коронавирус дар авҷ аст, биёед, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ҳарчи зудтар худ ва аҳли оилаи худро аз ин бемории сироятӣ, бо гирифтани ваксина муҳофизат намуда, дар хотима ёфтани пандемия ҳар яке саҳми худро гузорем.
  
Солеҳ МУҲАММАДҶОН, 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: