ВАКСИНАТСИЯ – КАФОЛАТИ ИММУНИТЕТИ ҶАМОАВӢ

Алҳол аз касе пӯшида нест, ки ваксинатсия ягона чораи пешгирӣ аз касалии коронавирус ва тадбири самарабахштарин алайҳи ин беморӣ мебошад.

Алҳол аз касе пӯшида нест, ки ваксинатсия ягона чораи пешгирӣ аз касалии коронавирус ва тадбири самарабахштарин алайҳи ин беморӣ мебошад. Миқдори аҳолие, ки ҳоли ҳозир дар кишварҳои олам аз ин ё он хели ваксина бар муқобили коронавирус эм мегиранд, торафт меафзояд. Агар ба рақамҳо муроҷиат кунем, хоҳем дид, ки то имрӯз дар Британияи Кабир 66, дар Италиё 57, дар Олмон ва ИМА 55, дар Фаронса 52, дар Чин ва Туркия тақрибан 43 фоизи аҳолӣ бар алайҳи коронавирус эм карда шудаанд.
Яъне ҳоло ваксинатсия воситаи беҳтарини ҳифз аз бемории коронавирус ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ҷараён ба танқидҳои ғаразнок рӯ ба рӯ мешавем. Гӯё ваксинатсия самарае намедода бошад. Ин гуна даъвоҳо асосе надоранд ва заминаи воқеияташон нест. Аслан ин гуфтаҳо бофтаи баъзе касонест, ки онро бинобар асоратҳои муваққатии баъди ваксинатсия иброз доштаанд. Шубҳае нест, ки чун ҳамаи доруву дармонҳо ваксина низ дорои таъсири ба худ хос мебошад. Аммо аз он ки ба ин дард мубтало шуда азият кашем, оё аз асоратҳои муваққатии эмкунӣ ранҷ бурдан хубтар нест?
Дар Ӯзбекистон низ тӯли 3 моҳи охир тақрибан 700 ҳазор нафар (2 фоизи аҳолӣ) бар алайҳи COVID эм карда шуданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати нигаҳдории тандурустӣ имрӯз ҷамъулҷамъ 7,4 миллион доза (аз он 6,5 миллионаш ваксинаи хитоиву ӯзбекистонии ZF Uz-VAC 2001, 660 ҳазор донааш ваксинаи AstraZeneca ва 240 ҳазор донааш ваксинаи «Спутник V») ба кишварамон оварда шудааст. Барои эмкунӣ бо курси пурраи ZF Uz-VAC 2001 се доза, барои эмкунӣ бо ваксинаҳои дигар ду доза зарур мебошад.
Қадамҳои аввалин барои ваксинатсия айни муддао мебошанд. Вале бояд эътироф кард, ки нақшаҳои эмкунӣ дар ҷумҳурӣ сари вақт иҷро намешаванд. Ҳол он ки Созмони нигаҳдории тандурустии ҷаҳон эмкуниро барои бар зидди касалӣ иммунитети ҷамоавии аҳолиро ташаккул додан зарур меҳисобад. Барои ташаккул додани иммунитети ҷамоавӣ бошад, таъкид мегардад, ки бояд на камтар аз 60-70 фоизи аҳолӣ эм карда шавад.
Аз ин рӯ сӯзандору гирифтани ҳамватанони мо ба манфиати умум бағоят муҳим мебошад. Ин ҷараён ҳар қадар тез гузарад, ҳамон қадар хуб аст. Худи ман ба сифати шахсе, ки бо ваксинаи «Спутник V» эм шудааст, ҳамдиёронамонро ба гирифтани ваксина даъват менамоям. Зеро эмкунӣ, воқеан роҳи ягонаи ташаккул додани иммунитети ҷамоавӣ бар муқобили коронавирус аст.

Қодир ҶӮРАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, муовини роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: