“Ҳаёти инсон аз чӣ иборат аст? Вай чаро ба дунё меояд? Чаро зиндагӣ мекунад?
“Ҳаёти инсон аз чӣ иборат аст? Вай чаро ба дунё меояд? Чаро зиндагӣ мекунад?
Ин саволҳо аз рӯзи худро дарк кардани инсон дар қалбаш акси садо медиҳанд. Ҳазорҳо сол инҷониб вай ба ин саволҳо ҷавоб меҷӯяд. Чӣ қадар бузургон ҷавобҳои худ дарёфтанд, киҳое хато карданд, қисмати дигар дилфишурда аз олам гузаштанд. Нафақат бузургон, инсони оддиро низ, вақте танҳо монд, ин суолҳо беихтиёр ба шиканҷа мекашанд. Ба ман низ чунин ҳолат рӯй додааст. Дар лаҳзаҳое ба пас нигоҳ карда ва ба мозӣ рӯй меоварам. Дар пеши назарам деҳаи Узунқишлоқ дар қиёфаи аз ин 57 сол пештара намоён мегардад...
Тақрибан дар 4-5-солагӣ ба гирду атроф назари зиракона афкандаам. Падари бузургворам Раҳматота гулпарвар буданд, боғу токпарварӣ мекарданд, ба деҳқонӣ меҳри зиёд доштанд. Модари азизам Пӯлодая ба падарам ҳамеша кӯмак расонда мегаштанд. Дар хотирам, падарам ба ман дар бораи ҳар гул бо забони ба худ хос мегуфтанд...”, менависад дар хотираҳояш шоири ӯзбекзабон Ӯткир Раҳмат.
Бале, хонанда вақте маҷмуаи яке аз дигаре шавқовартари шоирро таҳти номҳои “Шохоб”, “Пазмонӣ”, “Накҳати райҳон”, “Шукрона”, “Шуълаи маҳтоб”, “Гавҳари чашмам”, “Бӯйи хаёл”, “Мурғи дил”, “Майсаи хоксор” ва ғайраро варақ мезанад, худро беихтиёр дар оғӯши табиати зодгоҳ, манзили хоксоронаи падару модар, бачагии беғубор, суҳбати пирони рӯзгордида мебинад. Бори дигар дар олами сеҳрангези бачагӣ сайр мекунад.
Шоир менависад: “Рӯзҳои ҷумъа дар манзили Орифбобо, ки ҳамсояи девордармиёни мост, дӯстон, қарибони падарам ғун мешуданд. Атрофи суфа – гулу гулзор. Накҳати ҷонбахши райҳон ба дил аҷаб ҳаловат мебахшид. Бедилхонӣ, Навоихонӣ, Машрабхонӣ авҷ мегирифт. Орифбобо аз Фузулӣ ғазалҳои зиёд медонистанд. Мулло Азизбобо аз Бедил, падарам бошанд, аз Навоӣ... Хулоса, дар ин гуна суҳбатҳо ғазал болои ғазал рехта ва ғазалборон ба дилҳо завқ мебахшид. Ман чой дам мекардам. Ба онҳо зеҳн монда, ҳис мекардам, ҳаққо, шеърият – ин сеҳр, як падидаи илоҳист...”
Ба қарибӣ китоби “Роҳи каҳкашон”-и шоир таҳти тарҷумаи тоҷикии узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Муҳаммад Шодӣ аз тариқи чопхонаи ҶДММ “Фархунда М”-и Душанбе рӯйи чопро дид. Китоб, бешак, рӯйи мизи ҳар як китобдӯстро зеб мебахшад.
Ӯткир Раҳмат ибтидои солҳои ҳафтодуми қарни сипаришуда ба майдони адабиёт – олами пурэъҷози эҷод ботамкин ворид гашт. Зебоиҳои зиндагиро тараннум сохт, лаҳзаҳои беғубор ва марғуби овони ҷавонӣ, талошу такопӯҳои ҳамзамонони худро некбинона ба тасвир гирифт.
Ниҳоят, вай соли 1987, дар чиҳилсолагӣ нахустин маҷмуаи ашъорро ба дасти чоп супурд. Баъдтар дӯстдорони каломи бадеъ китобҳои шеърии ӯро самимона истиқбол карданд.
Худи ӯ дар хотираҳояш чунин менависад: «Дар синфи чаҳорум ба машқи шеър пардохтам. Шоири машҳур Ҳамид Олимҷонро устоди маънавии хеш хонам, хато намекунам. Вақте номи Ҳамид Олимҷон ба забон ояд, қалбам чароғон шуда ва беихтиёр замзама мекардам. Пичирросзанон шеърхонии маро дида, падарам хавотир кашида ба модарам гуфтаанд, ки «ба писарат ким-чӣ шудааст...» Вақте ба модарам фаҳмондам, ки «ман шеър мебофам», бо табассуми маънидор «э, ҳамин тавр?» гуфтанд. Дар мактаб бо баҳои аъло хондам. Математика, химия, адабиётро дӯст медоштам».
Ӯткир Раҳмат сари офариниши шеъре дил об мекунад, ки аз лиҳози бадеият баланд аст. Аз шеъри ӯ ғаму шодие, ки садо медиҳанд, қалбамонро ба таппиш меоваранд, хонандаро аз роҳи ҳунар ва суханварӣ ба дунёи андеша мебаранд. Шоир дамидани субҳ, ба дидорбинии ҳам шитофтани саҳархезонро табиӣ ба тасвир мекашад:
Саҳар шуд, чашми дил гардид
равшан,
Навои мурғакон бар гӯш
резад.
Зи ҳар хобе, ки дидам пок,
равшан,
Ҳазорон қиссаву афсона
хезад...
Шоир ба баъзе нобасомониҳое, ки пеши назар меоянд, бадард назар афканда ва хуниндил мегӯяд. Гоҳо дилгазон аз муҳити носолим кас ба хаёли нобарҷое меравад, ки дар ин дунёи дурӯғин ягон дилқарин дорад ё не? Вале онҳое, ки ба қалб наштар мезананд, гӯё бешуморанд:
Риёкорон, нигар дар пешгаҳ
бошанд,
Валекин хоксорон хоки раҳ
бошанд...
Навъе Шоири мардумии Ӯзбекистон Абдулло Орифов таъкид сохта, Ӯткир Раҳмат лаҳзаҳои танҳоӣ бо табиат ва ҳамрозӣ бо он саропо шеър шуда, бо тасвиркориҳои наҷиб қалбҳои зебоиписандро тасхир менамояд:
Чунон зебо баҳор, асроромез,
Ки ҳар санг аст дар оғӯши
сабза.
Бубин, ҳулбӯ ба истиғнои
ширин,
Кунад изҳор дил бар гӯши
сабза.
Ба ҳулбӯ дил изҳор кардани сабза... Барои идроки он қалби шоирона бояд. Барои ифодааш бошад, истеъдоди комил, ки на бар ҳама аҳли сухан даст медиҳад.
Ё дар «Заршуъла» ҳусну таровати хоҳарро чунин ба қалам кашидааст:
Субҳ рӯи сабзаҳо шабнам
бубин,
Гиряи гул – чашмҳои нам
бубин.
Навбаҳору гӯшаи хуррам
бубин,
Лол чун ман ин дарахтон
яксара,
Оҳ, хоҳар, хоҳар-а...
Сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ сӯзи» – «Народное слово», шоир Ӯткир Раҳмат соҳиби Мукофоти байналхалқии ба номи Чӯлпон мебошад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.