ВАО Арабистони Саудӣ: Ӯзбекистон оид ба тағйир додани соҳаи энергетикӣ нақшаи азимро амалӣ мекунад

Сафари ҳайати баландпояи Арабистони Саудӣ ба Ӯзбекистон ва оғози лоиҳаҳои энергетикии ширкати ACWA Power дар кишвари мо дар васоити ахбори оммаи араб ва байналмилалӣ васеъ инъикос карда мешавад.

Сафари ҳайати баландпояи Арабистони Саудӣ ба Ӯзбекистон ва оғози лоиҳаҳои энергетикии ширкати ACWA Power дар кишвари мо дар васоити ахбори оммаи араб ва байналмилалӣ васеъ инъикос карда мешавад.
Рӯзномаи «Аш-Шарқ ал-Аусат» менависад, ки маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи ҳароратӣ дар шаҳри Ширини вилояти Сирдарё бо иқтидори 1500 МВт ва имзои ду созишнома дар бораи хариди нерӯи барқ ва созишномаи сармоягузорӣ барои бунёди ду нерӯгоҳи барқии бодӣ дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ бо иқтидори умумии 1000 мегаватт бо ҳузури аъзои ҳукумати Ӯзбекистон ва вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид ал-Фалеҳ баргузор шуд.
Қайд карда мешавад, ки татбиқи ин се лоиҳаи ACWA Power бо арзиши 2,5 миллиард доллари ИМА ба вусъати зарурии иқтидори энергетикии Ӯзбекистон ҷавобгӯ хоҳад шуд,  зеро интизор меравад, ки то соли 2030 истеъмоли нерӯи барқ ба 110 миллиард кВт / соат мерасад.
Арабистони Саудӣ дар соҳаи энергетиака таърихи тӯлонӣ ва мавқеи пешсафи ҷаҳонӣ дорад, ки бо ин манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар шоҳигарӣ молики барномаҳои азим ва ояндаи умедбахш, алахусус дар партави манбаъҳои фаровони энергияи офтоб, нерӯи бод ва таҷрибаи рақобатпазир барои таҳияи ин барномаҳо мебошад.
«Аш-Шарқ ал-Аусат» суханони раиси раёсати ширкати ACWA Power Муҳаммад Абунаёнро меорад. Ӯ изҳор намудааст, ки намояндагони ин ширкати пешрафтаи Арабистони Саудӣ шарафманданд дар татбиқи нақшаи азими Ӯзбекистон мутобиқи Созишномаи ҷории ҳамкории дуҷониба оид ба  беҳтар кардани соҳаи энергетикӣ нақши назаррас бозанд».
Нашри «Construction-weekonline.com» қайд менамояд, ки лоиҳаи нерӯгоҳи гармии барқии Сирдарё нерӯи гази тозатар, самараноктар ва рақобатпазирро таъмин хоҳад кард, ки дар тамоми соҳаҳо истифода шуда метавонанд ва интизор меравад, ки 15 фоизи талаботи нерӯи барқи Ӯзбекистонро қонеъ мегардонад.
Созишномаҳои сармоягузории баимзорасида афзоиши нақши Ӯзбекистон дар бозори ҷаҳонии энергетикӣ, пайравии он ба амнияти энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои навтаринро инъикос мекунанд, қайд менамояд нашрия.
ACWA Power дар навбати худ ба нақша гирифтааст, ки дар марҳилаи сохтмон ва истифодаи иншооти энергетикии бодӣ ба 1000 корманди маҳаллӣ кор омӯзонад ва  ихтисосашонро такмил диҳад, ки тавассути мубодилаи донишҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ арзиши дарозмуддати иҷтимоию иқтисодиро ба вуҷуд орад.
Агентии хабаргузории Арабистон менависад, ки «муҳити тиҷорат дар Ӯзбекистон аз афзоиши имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, хӯрокворӣ ва саноати маъдан, масолеҳи сохтмонӣ, электроника, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо далолат медиҳад».

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: