ВАО-И АФҒОНИСТОН ДАР БОРАИ НАҚШИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАНЗИМИ ҶИА

Матбуоти Афғонистон ба Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба парлумони мамлакат, ки дар он масъалаҳои танзими Афғонистон ва барқарор намудани ин мамлакат ба миён гузошта шудаанд, мутаассирона эътино кард.

Инак, дар саҳифаҳои рӯзномаи бонуфузи ба забони англисии Daily Outlook Afganistan таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон раванди сулҳу салоҳи Афғонистонро пурра дастгирӣ менамояд» мақолае чоп шудааст. Дар он дар бораи ба масъалаҳои муваффақ шудан ба сулҳу устуворӣ дар Афғонистон эътибори алоҳида додани роҳбарияти Ӯзбекистон сухан меравад.
Дар мавод таъкид меёбад, ки дар муроҷиатномаи ҳарсолаи сарвари мамлакатамон ба парлумони мамлакат ба муҳим будани ривоҷ додан ва ҷонибдории муносибат бо Афғонистон эътибор дода шудааст. 
«Ӯзбекистон роҳандозии муносибатҳои конструктивӣ ва муфидро бо давлатҳои ҳамсоя, инчунин Туркия, Ҳиндустон, Покистон ва Эронро аз вазифаҳои устувори худ муайян намуд. Дар стратегияи мазкур Афғонистон нақши алоҳида дорад, аз ин рӯ сарвари Ӯзбекистон ҷомеи байналхалқиро даъват намуд, ки мавқеи зарурати оғоз намудани ҷараёни музокироти осоиштаро таҳти роҳбарияти Афғонистон дастгирӣ кунанд», — гуфта мешавад дар мақола.
Нашри дигари The Kabul Times-и Афғонистон дар маводи «Барқарор намудани иқтисодиёт барои субот дар Афғонистон аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад» таъкид менамояд, ки Тошканд шарти муҳими суботи ҶИА-ро дар барқарорёбии иқтисодии он мебинад. Дар ин бобат дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, савдо ва таълим татбиқи муштараки лоиҳаҳои бузург оғоз ёфтаанд.
Аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудани хатти интиқоли барқи Сурхон – Пули Хумрӣ, кушода шудани Маркази таълимӣ оид ба таҳсили шаҳрвандони Афғонистон дар Тирмиз, маркази логистикӣ бо терминали гумруки «Термез-карго», коркарди лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Мазори Шариф – Ҳирот ва Мазори Шариф – Кобул – Пешовар ба тариқи мисол оварда шудаанд. 
Нашрҳои Афғонистон таъкид менамоянд, ки Ӯзбекистон ба танзими мушкилоти Афғонистон саҳми муносиб ҳамроҳ менамояд ва изҳори боварӣ мекунанд, ки ин гуна кӯмакҳо идома меёбанд.

АИ «Дунё»,
 КОБУЛ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: