ВАО-и Миср: «НАТИҶАҲОИ ОВОЗДИҲӢ РОҲИ МИНБАЪДАИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНРО МУАЙЯН МЕКУНАНД»

Дар нашрияҳои оммавии Миср – маҷаллаи «Ал-Аҳрам ал-иқтисоди» ва рӯзномаҳои «Ал-Ахбор» ва «ал-Дипломаси» мақолаҳое чоп шуданд, ки аз интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон нақл мекунанд.

Муаллифони мақолаҳо – журналистони Миср Фатма Бадавӣ, Юсеф Хани ва Робия Шаҳин мебошанд, ки барои равшан кардани ҷараёни интихобот  ба кишвари мо омада буданд.
Чунончи, дар матолиби рӯзномаи «Ал-Дипломаси» қайд мегардад, ки қитъаҳои интихоботии 12 вилояти Ӯзбекистонро миқдори зиёди нозирони байналхалқии беш аз 50 мамлакат, ҳамчунин, созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла, ҳайати баландмартаба аз Миср мушоҳида карданд.
Бо таъкид ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон нашрия қайд менамояд, ки бо вуҷуди обу ҳавои сард иштироки интихобкунандагон тақрибан 70 фоизро ташкил дод, шаҳрвандон аз ҳуқуқи конститутсионии худ бидуни ягон дахолат  истифода бурданд. 
Дар овоздиҳӣ баробари мушоҳидони байналхалқӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ ширкат ҷустанд, ки рӯшодӣ ва ошкорбаёнии интихобот, ҳамчунин рақобати ҳақиқиро таъмин кард. 
Ҳайати нозирони Миср бо сарварии депутати парлумони Миср – раиси Кумитаи ҳамдилии иҷтимоӣ, оилаҳо ва маъюбон доктор Абдулҳоди ал-Касабӣ дар қитъаҳои интихоботии воқеъ дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро буданд. 
Дар навбати худ маҷаллаи «Ал-Аҳрам ал-иқтисоди» интихоботи баргузоршударо ҷашни воқеии умумихалқӣ меномад, ки ояндаи пешрафти мамлакатро таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мувофиқи стратегияи маҷмӯии ислоҳоти демократӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки вай кор карда баромадааст, муайян мекунад. 
Нашрия бар он аст, ки бомуваффақият баргузор шудани интихоботи парлумонӣ натиҷаи мувофиқи мақсад татбиқ шудани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ба шумор меравад.
«Интихоботи халқӣ шаҳодати афзудани дастгирии аҳолӣ аз раванди навсозии мамлакат ва рушди муттасили он гардид», – гуфта мешавад дар мавод.
Дар ахбори рӯзномаҳои «Ал-Ҷумҳурия» ва «Ал-Ахбор» таъкид мегардад, ки «қитъаҳои интихоботӣ дар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ӯзбекистон дар соати 20:00-и вақти маҳаллӣ кори худро анҷом доданд. Дар онҳо намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ, ки барои дарёфти мақом дар Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ талош меварзанд, иштирок карданд. Роҳбарияти Ӯзбекистон ба масъалаи дар сатҳи олӣ ва мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ гузаштани интихобот эътибори зиёд дод. 
Натиҷаҳои овоздиҳӣ роҳи минбаъдаи рушди мамлакатро дар тӯли панҷ соли баъдина таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев, ки сиёсати ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро татбиқ  менамояд, муайян мекунанд», – таъкид мегардад дар воситаҳои ахбори оммавии Миср.

ОИ «Дунё».
Шаҳри ҚОҲИРА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: