ВАО-и Олмон ҳозирони немисро бо воқеаҳои муҳимтарине, ки дар соҳаи гуногуни ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон ба амал меоянд, шинос менамоянд.
Инак дар сомонаи нашри бонуфузи иқтисодии «OWC Verlag Fur Auben-wirtschaft» як қатор материалҳо бахшида ба иқтидори сармоягузории соҳаҳо ва секторҳои иқтисодиёти мамлакатамон нашр шуданд.
Аз ҷумла, дар мавод таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон локализатсияи истеҳсолотро вусъат медиҳад» таъкид меёбад, ки мамлакат низоми нави локализатсияро қабул кард. Ба таври муносиб, ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ дар солҳои 2020-2021 бояд камаш 20 фоиз зиёд гардад.
Ҳамин тариқ, сиёсати давлатии саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ба содирот рӯоваранда ва воридотивазкунанда, ташаккул додани арзиши баланди иловагӣ нигаронда шудааст. Дар ин бобат ба истифодаи самарабахши захираҳои ашёи хом ва имкониятҳо барои минбаъд амиқ гардондани маҳдудкунӣ ва рушди устувори миқёси он эътибори алоҳида дода мешавад. Татбиқи лоиҳаҳои бузурге, ки ба созмон додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд, аз самтҳои устувор ба ҳисоб меравад.
Дар мақолаи «Маҷмӯи нави металлургӣ дар Ӯзбекистон бо иштироки Олмон ва Австрия» хабар дода мешавад, ки мувофиқи қарори соли 2018 роҳбарияти Ӯзбекистон дар бораи сохтмони маҷмӯи маъдани кӯҳӣ дар пойгоҳи кони Тебинбулоқи ноҳияи Қараӯзак комбинати нави маъдан сохта хоҳад шуд. Ба захираи ашёи хоми кон дар ҳаҷми 1,1 миллиард тонна баҳо дода мешавад. Бинобар ҳисобу китоби пешакӣ дар ин ҷо соле истихроҷ намудани 33 миллион тонна маъдан ва аз он ба даст овардани 1,5 миллион тонна оҳан ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯи маъдани кӯҳӣ беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ созмон дода хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, дар ин ҷо истеҳсол намудани 900 тонна арматура, беш аз 200 ҳазор тонна сим, қариб 400 тонна гӯша, швеллер ва дигар масолеҳ ба нақша гирифта шудааст. Содироти 35 фоизи маҳсулот пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа қариб 1,6 миллиард евроро ташкил медиҳад. Дар татбиқи лоиҳа ширкати немисии DTM-Group Consulting ва ширкати австриявии Horct Wiesinger Consulting иштирок менамоянд.
Дар маводи дигари ба мамлакатамон бахшидашуда, ки дар сомонаи радиои немисии «Deutschland-funk» нашр шудааст, таъкид мегардад, ки Ӯзбекистон чун дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар лоиҳаи васеъмиқёси ҶМЧ «Роҳи нави абрешим» фаъол иштирок менамояд.
Манбаъ таъкид менамояд, ки сиёсати нави рӯшоди Ӯзбекистон ба рушди ҳамкории ба ҳамдигар муфиди минтақавӣ таҳрики нав бахшид. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз барои бисёриҳо соҳиби умед мебошад. Сарвари давлат аз ӯҳдаи ҳаллу фасл намудани қариб, ки тамоми баҳсҳо бо ҳамсояҳо баромада, бо ин давраи нави кооператсияи минтақавиро боз намуд.
Дар бораи ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ сухан ронда, таъкид бояд кард, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ аврупоиён, аз он ҷумла шаҳрвандони Олмон метавонанд ба Ӯзбекистон ба муҳлати то 30 рӯз бо мақсади сайёҳӣ бидуни раводид оянд.
Озодгардонии тартиби раводид ба баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузорӣ ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар материал ба ислоҳоти соҳаи таълим баҳои мусбат дода шудааст.
ОИ «Дунё»,
БЕРЛИН.