ВАО-И ОЛМОН ВА ИНТИХОБОТИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар сайтҳои оҷонсиҳои иттилоотии Олмон «Fair-news» ва «Presseecho» бинобар интихоботи пешистода ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллӣ маълумот чоп шуданд.

Нашрияҳо дар бораи интихоботи парлумонии Ӯзбекистон, ки 22 декабри соли 2019 баргузор мешаванд, хабар дода, таъкид менамоянд, ки ин интихобот аз интихоботҳои пешина куллан фарқ хоҳад кард. Ин ба он сабаб аст, ки дафъаи мазкур ҷараёни асосии интихобот мувофиқи Кодекси нави интихоботии Ӯзбекистон, ки якҷо бо Бюрои оид ба озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БОДҲИ) САҲА ва Комиссияи венесианӣ коркард шудааст, баргузор мегардад.
Зикр мешавад, ки Кодекси нави интихоботии Ӯзбекистон моҳи июни соли равон қабул шуд ва ҳангоми коркарди он таҷрибаи пешқадами зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон омӯхта, ҳамчунин тавсияҳои миссияи созмонҳои байналхалқӣ оид ба мушоҳидаи интихобот – САҲА/БОДҲИ, СҲШ, ИДМ, Иттиҳодияи умумиҷаҳонии мақомоти интихоботӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, таклифи Комиссияи венесианӣ ба инобат гирифта шуданд.
«Мувофиқи Кодекси интихоботӣ тамоми панҷ ҳизби расман бақайдгирифташудаи сиёсии Ӯзбекистон аллакай номнавис ва ба интихобот роҳхат гирифтанд», – хабар медиҳанд нашрияҳо бо таъкид ба Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон.
Сайтҳои хабарии Олмон ҳамчунин ба санади дар интихоботи пешистодаи Ӯзбекистон муқаррар гардидани квотаи 30-фоиза барои занонро ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба депутатӣ қайд карда, ба он баҳои мусбат медиҳанд, ки ба мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии бонувон, мустаҳкам намудани нақши онҳо дар ҳаёти мамлакат амалӣ мегардад.

ОИ «Дунё»,
БЕРЛИН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: