«ВАҚФ» —БУНЁДИ НАВИ ҶАМЪИЯТИИ ХАЙРИЯ

«Закот»-у «ушр» вожаҳои диниянд ва онҳое, ки маърифати исломӣ доранд, бешарҳу тафсир ба умқи маънии ин вожаҳо мераванд. Вале онҳое, ки маърифати исломӣ надоранд, ба шореҳ ниёз доранд.

Дар фарҳанг вожаи закот чунин шарҳ дода шудааст: «Маблағе, ки мувофиқи шариати ислом бояд аз ҳар даромад ва дороӣ ба нафъи қашшоқону фақирон дода шавад».
«Ушр» андоз ва боҷу хироҷест, ки тибқи шариат ба андозаи даҳяки мол гирифта мешавад, даҳяк низ гӯянд.
Дар нишасти матбуотие, ки ба қарибӣ бо ҳамдастии Кумитаи корҳои динии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» бахшида ба созмон дода шудани Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» ва кору фаъолияти он баргузор шуд, дар хусуси ин ва масъалаҳои вобаста ба бунёди нав сухан ба миён омад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки тибқи фармони роҳбари давлатамон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани фаъолияти соҳаи динию маърифатӣ», аз 16 апрели соли 2018, Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» созмон дода шуд. Алҳол хидмати ба бунёд ҷалб намудани маблағҳо тавассути сохтори пардохти «Payme», «Click» ва «М-банк» роҳандозӣ шудааст.
– Бо ибтикороти Президенти кишварамон ба рушди соҳаи динию маърифатӣ эътибори алоҳида дода мешавад, – изҳор дошт ҷонишини раиси Кумитаи корҳои динии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриймон Абулҳасан. – Қабули қарор ва тибқи он созмон дода шудани бунёди ҷамъияти хайрияи «Вақф» далели ин гуфта аст. Бояд гуфт ин сароғози корҳоест, ки дар фармон пешбинӣ шудаанд. Дар оянда лоиҳаҳои назаррас ба ҳаёт татбиқ хоҳанд шуд. Бунёди нав ба аҳолӣ сабукиҳои зиёде фароҳам овард. Яъне ба соҳа технологияҳои инноватсионӣ ҷорӣ карда шуд. Шаҳрвандон пештар намедонистанд, ки закотро ба кӣ ва чӣ хел супоранд. Ҳоло бошад тавассути сохтори электронӣ ба ҳисоб-сурати муайян закот ва хайру эҳсонашонро интиқол медиҳанд. Маблағи ҷамъшуда ба бунёду таъмири масҷиду зиёратгоҳ, муассисаҳои таълимии динӣ, ба муҳтоҷон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар мақсадҳои неку наҷиб масраф мегардад. Шаффофияти кору фаъолияти Бунёд таъмин карда мешавад.
Дар чорабинӣ ба ходимони ВАО барои маълумот оиди бунёди мазкур буклетҳои ранга тақсим карда шуданд. Дар буклетҳо, аз ҷумла миқдори пардохти закот аз маблағу дороиҳои дигар, муайян карда шудааст. Мисолан, миқдори закоти чорво бад-ин зайл аст. Агар аз 1 то 29 сар чорвои калони шохдор дошта бошед, закот додан шарт нест. Чорвои калони шохдор аз 30 сар то 39 сар бошад, барои закот як сар гӯсолаи яксола пешбинӣ шудааст. Агар чорвои калони шохдор 100 сарро ташкил диҳад, бояд ду сар гӯсолаи яксола ва як сар дусола закот дода шавад.
Дар мавриди чорвои хурд (гӯсфанд), маблағи пулӣ ва тилло низ миқдори закот, вобаста ба даромад, тибқи шариат муайян карда шудааст.
– Вақте аз ҳисоби пардохти закот дилҳои хароб обод мешаванд, зиндагии қишри ниёзманди аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ меоварад, бино ба таълимоти исломӣ, Худо ба дороии молу мулки закотдодагон меафзояд, онҳоро аз талафёбӣ ва дигар офатҳо нигоҳ медорад, – гуфт намояндаи идораи дини ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Ҳамроқулов.
Дар поёни чорабинӣ намояндагони бунёди мазкур ба саволҳои журналистон ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: