Иҷрои ҳар кор вақту соат дорад.
Иҷрои ҳар кор вақту соат дорад. Ба хусус дар кишоварзӣ. Агар деҳқон ба ин вақту соат риоя накунад, заҳматаш ҳеҷ гоҳ самар нахоҳад дод. Дар ин бобат метавон мисолҳои фаровон овард Боре як марди заҳматпеша, ки дар минтақаи Изма ба чаҳор гектар ангурзор солҳои зиёд нигоҳубин кардааст, аз таҷрибаи кори хеш бо мо чунин нақл кард.
Фасли зимистони қаҳратун дар мекӯфт. Аз таҷриба медонам, ки агар дар ин айём ба ангурзор яхоб монӣ, дар фасли тирамоҳи оянда аз он ҳосили дучанд мегирӣ. Ба ин хотир, шарикони дигарро огоҳ кардам, ки бояд ба ангурзор ба зудӣ об монем. Заҳри ҳаво шиша мешикаст. Чанд нафар сармои сахтро баҳона карда, ҳамроҳ нашуданд. Бо ду ҳамсоя ба сари боғ омада, ангурзорро об додем.
Яке аз шариконро бо тилфони дастӣ даъват карданду бо ҳамин ӯ дигар худро нишон надод. Мо ду тан дар хоначаи гилине, ки дар сари боғ бино карда будем, бо навбат обёрӣ кардем. Азбаски об бисёр буд, ин корро дар се рӯз анҷом дода, ба манзили хеш баргаштем. Дигарон аз сармо ҳаросида яхоб намонданд.
Соли дигар ангурзори мо чунон ҳосил баст, ки банда дар умри сарам чунин ҳосилбандии токро ёд надорам...
Аз ин ҳикояти деҳқони асил ба хулоса омадан мумкин аст, ки агар ҳар кор дар вақту соати худ ба субут расонда нашавад, ба ҳосили хуб умед бастан нашояд.
Соли гузашта хоҷагиҳои фермерӣ ва сокинон кишти ғалладонаро хуб ба ҷо оварданд. Вале афсӯс, ки аз ғояти хушксолӣ аз он ҳосил гирифта натавонистанд.
Солҳои пеш ин хоҷагиҳо аз заҳмати хеш ҳосили дилхоҳ ба даст оварда буданд. Аз рӯи гуфтаи гузаштагон обу ҳавои минтақаи хоҷагиҳои фермерии деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун ба кишти ғалладона мос буда, ҳатто дар сурати камбориш омадани сол ҳам, деҳқонҳои ин мавзеъ аз кишти ғалладона ҳосили зиёд мегирифтаанд. Гуё шамолу шабнами ин минтақа барои кишти ғалла таъсири нек мебахшидааст. Имсол дар ин мавзеъ чанд нафар ҳосили хуб ба даст оварда бошанд, чандини дигар як каф ғалла ҳам рӯёнда натавонистанд.
Яке аз деҳқонҳои таҷрибадор сабабҳои ин ҳолро дар бисёр хоҷагиҳои фермерӣ ва одамони алоҳида набудани сӯзишворӣ ва маблағ медонад. Зеро замин аз рӯйи қоидаҳои агротехникӣ шудгор ва мола карда нашудааст. Киштро сари вақт анҷом надодаанд. Пас аз кишти ғалладона мола кардан аз ёдҳо фаромӯш шудааст.
Кишоварзон ва роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ бояд ҳар кору амали худро вобаста ба корҳои деҳқонӣ дар вақти муайян, яъне сари вақт анҷом диҳанд.
Зеро мардуми мо беҳуда: вақт рафт, нақд рафт, намегӯянд.
Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.