ВАҚТЕ ПАДАР ГУМ МЕКУНӢ...

ё гуфтугӯи хаёлӣ бо падари раҳматиам, шоир Шодӣ Карим

ё гуфтугӯи хаёлӣ бо падари раҳматиам, шоир Шодӣ Карим
Вақте ки падар гум мекунӣ бештар муштоқи дидани ҷамоли гарму нурониаш мешудаӣ. Тасмаи хаёл даврони бо падар буданатро якояк пеши назар меоварад.
Оҳ, падарҷон! Ман туро бебозгашт гум кардам. Дар ҷустуҷӯят ҳарчанд сари қабрат рафтам, аммо туро дида натавонистам. Садои қалбамро оё мешунидӣ? Мадорам хушк шуда буд. Ба хона баргаштаму китобҳоятро ба даст гирифтам. Ба як шеърат чашмам бархӯрду ба худ омадам.
Қалам бебоктар гӯяд суханро,
Қалам дилпоктар гӯяд суханро.
Ғами дил бо сухан гуфтан чӣ
 мушкил,
Қалам ғамноктар гӯяд суханро. 
Қаламу коғазро ба даст гирифтам, гӯё он мисли пул маро бо ту мепайваста бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳарчанд ман мисли ту сухандон нестам, саъй мекунам, ки пора-пора, лаҳза-лаҳза ҳаёти хушбахтонаи бо ту буданамро нақл кунам.
Падарҷон! Вақте ман хурдсол будам, муроҷиат мекардӣ: Нодираҷон, духтаракам, ба корҳои очаат ёрӣ деҳ. 
Ман мактабравак шудам. Ҳамроҳи модарам бо меҳр аз дастам гирифта маро ба мактаб мебурдӣ. Мо он вақт дар Регари Тоҷикистон зиндагӣ доштем. Ту ба шогирдонат забону адабиёти тоҷикро меомӯхтӣ. Модарам ба корҳоят ёрӣ медод. Хоҳаракам Комила ва додарам Илҳомҷон ҳам бо меҳру муҳаббати шумоён ба воя мерасиданд. Ба мо, махсус, таъкид мекардӣ, ки фанҳоро нағз аз худ кунем. Аз дастамон дошта кашидану навиштанро ёд медодӣ. Маро рӯҳбаланд мекардӣ: «Духтарҷон! Агар ту хондану навиштанро ба дараҷаи аъло ёд гирӣ, ба ту китобҳои шавқовар меорам». Ман гуфтаҳоятро иҷро мекардаму соҳиби китобҳои зебову шавқовар мегаштам. Ба навишти форсӣ меҳри беандоза доштӣ. Санъати тасвириро ёд медодӣ. Синфхонаи забону адабиётро бо асбобҳои айёнӣ хеле шинаму зебо оро медодӣ. Ба ту «Аълочии маорифи халқ»-ро сазовор донистанд. Гарчанде ки ту ҷиддӣ будиву кам механдидӣ, аммо рӯйи нуронӣ ва табассуми базебат ба равзанаи қалби шогирдон нур ворид мекард.      
Инро бин, ки падарҷон, имрӯз ман ба китоб дил бастам. Барои хуб хонданамон ману хоҳарам Комила ва додарам Илҳомро ба олимпиада ва ҷамъомади шоиру нависандагон мебурдӣ. Шоиру нависандагони тоҷикро ба мо мешиносондӣ. Китобҳои хубро мутолиа мекунондиву шеърҳояшонро азёд. Намунаҳои эҷодиётамон дар рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдаконаи Тоҷикистон чоп мешуд. Пешравии моро дида чунон хурсандӣ мекардӣ, ки ҳадду канор надошт. Аммо афсӯс, ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ истеъдоди моро саркӯб кард. Моро бубахш, падарҷон. Ҳис мекардам, ки ту мехостӣ давомдиҳандаи корат бошем. Аммо ин тавр нашуд. 
Ҳамчунон ёд дорам, ки ба ҷуз омӯзгориву шоириат бо корҳои деҳқонӣ низ машғул мешудӣ. Дар замини ту ҳама чиз мерӯид... себу анор, ангуру анҷир, зардолуву шафтолуву олу... 
Баъзан ҳамсояҳоямон ба хонаамон меомаданд, ки чизе бифурӯшем. Аммо ту ки шармгин ва раҳмдил будӣ, меваю сабзавотро ройгон мебахшидӣ. 
Пасопеш додаронам Фаридуну Фаррух ва хоҳарам Рухшона ба дунё омада, ба воя мерасиданд. Модарам ҳам хондани худро ба охир расонида, дар мактабамон муаллима шуд. Аз модарам шунидем, ки шумоён якдигарро дӯст дошта издивоҷ кардаед (шумо ӯзбекистонӣ, модарам тоҷикистонӣ). Ҳар сол, ки мо ба таътили тобистона мебаромадем, ба деҳаи бобоиямон – Дарбанд мерафтем. Бобову момо ва хешони Дарбандиамон моро хуш истиқбол мекарданд. Дарбанд барои мо истироҳатгоҳе буд, ки мо се моҳи расо он ҷо мемондем. Табиати зебои Дарбанд ба илҳоми мо илҳом мебахшид. Мо дар тӯли 25 сол на шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб мешудему на Ӯзбекистон. Ту дар ватани худ мисли беватан зиндагӣ доштӣ. Оҳиста-оҳиста бо мардуми Ӯзбекистон унс гирифтем. Шукри беҳад, ки Президенти навини мо Ш. Мирзиёев баъди кушодани сарҳадҳо ва барқарор кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ба ту шиносномаи Ӯзбекистонро дод. Ту аз тақдир шукрона мекардиву ашки шодӣ мерехтӣ ва имкон ёфтӣ, ки бори охир ба Тоҷикистон барои табобат сафар кунӣ. Аммо дер шуда буд...
Нерӯи бузург дошта бошӣ ҳам, зӯрат ба як мӯр намерасид. Доимо ҳалиму меҳрубон ва хоксору ширинбаён, гӯё як хазинаи маърифату маънавият будӣ. Аз забонат ширу шакар мерехт. Кони панду насиҳат будиву мо аз суҳбатҳоят сер намешудем. Беҳуда намегуфтаанд, ки як падару модар чил фарзандро нигоҳубин карда метавонаду чил фарзанд як падару модарро не. Оҳ! Ин қадар мо нотавон будаем, падарҷон!!!
Оваҳ, вақте падар гум мекунӣ, гӯё 
дунёи ту гум мешудааст.
Хонаи охиратат обод бошад, 
эй саропо нур, кони ганҷу дур.

Нодира КАРИМОВА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: