– мегӯяд сухангӯи ҳокимияти вилояти Фарғона Гулбаҳор Саидғаниева
Бо ӯ бори аввал аз тариқи шабакаи иҷтимоии фейсбук ошно шудаам. Ҳамеша медидаму мехондам, ки ба ҳодисаву воқеаҳо вокуниш нишон медиҳад. Гулбаҳор Саидғаниева баъзан бо муаллифони ин ё он мақола вориди баҳсҳои тезу тунд мешавад ва аз фикру ақидааш устуворона ҳимоят менамояд.
Ин характери ӯ таваҷҷӯҳамро ба худ мекашид. Дар аснои суҳбатҳо дарк намудам, ки вай ба шеъру адаби форсӣ таваҷҷӯҳи хос дорад ва бархе аз намунаҳои ашъори адибони форсигӯйро аз ёд медонад. Ӯ зимни навиштани шеъру ғазал ба меъёрҳои арӯз қатъӣ риоя мекунад. Вақте ки ин мавзӯъ дар доираи баҳси мо қарор гирифт, донистам, ки Гулбаҳор Саидғаниева дар хондани ғазалҳои классикӣ ва риояи меъёрҳои вазни арӯз маҳорату малакаи хос дорад. Ӯ ҳар як ғазалро бо дарки маънӣ мехонд ва кӯшиш мекард, ки ҳаргиз ба сактагиҳо роҳ надиҳад.
Тибқи гуфтаҳояш дар гӯшаи хаёли ӯ низ набуд, ки рӯзе омӯзгор мешавад, аммо бо тақозои тақдир ба ин касб рӯй овард. Талош менамуд, ки худро дар ин касбу кор бегона ҳис нанамояд. Вай мегӯяд, солҳои аввали омӯзгорӣ чунин ба назар мерасид, ки иҷборан машғули ин касбу кор шудааст.
Аз идомаи суҳбатамон маълум шуд, ки бо гузашти айём шавқу рағбати анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ва навиштани рисолаи номзадӣ дар қалбаш маъво гирифт. Бар ин асос таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Нӯъмон Раҳимҷонов дар мавзӯи «Ҷойгоҳи тақтеъ ва вазн дар офариниши образҳои назмшиносии лирикаи давраи истиқлол» рисолаи номзадӣ навишт ва онро соли 2011 ҳимоя кард.
Гулбаҳор Саидғаниева муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Ушшоқи ёбоӣ», «Дар ҳар сурат хушбахтам», «Сурудамро интизор аст дунё» ва «Роҳи моҳтоб» мебошад. Ҳамчунин ӯ ба сифати тарҷумон низ ном баровардааст.
Ду сол муқаддам бо қарори ҳокимияти вилоят ба ду нашрияи он — рӯзномаҳои «Фарғона ҳақиқати» ва «Ферганская правда» мақоми алоҳида дода шуд. Қаҳрамони ин очерки мо ба вазифаи сардабири рӯзномаи «Ферганская правда» пазируфта шуд. Ба гуфтаи Гулбаҳор Саидғаниева аз рӯзи аввали кор тавонист бо кормандони ин рӯзномаи русӣ забон ёбад ва талош намояд, ки шароити кору зиндагиашонро то андозае беҳбуд бахшад.
– Солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба журналистика шавқу рағбати зиёд доштам. Вақте ки дар синфи даҳум мехондам, як қатор хабару мақолаҳоям дар рӯзномаи вилоятӣ интишор меёфт. Дар Донишгоҳи журналистикаи халқии назди ин рӯзнома дарси маҳорату малакаи хабарнигорӣ меомӯхтам. Устодам шодравон Умаралӣ Шерматов, ки дар мактаб аз адабиёт сабақ медод, ҳамеша тарғиб мекард, ки хабару мақолаҳо нависам. Вай дар ин маврид машварати худро низ дареғ намедошт. Оҳиста робитаи ман бо идораи рӯзномаи вилоятӣ мустаҳкам шуд,– ба ёд овард Гулбаҳор Саидғаниева.
Тавре ки ҳамсуҳбатам зикр намуд, гоҳ-гоҳ шеър менавишт ва онро низ ба идораи рӯзномаи вилоятии «Коммуна» (ҳоло «Фарғона ҳақиқати») меовард. Вақте ки бо мудири бахши адабиёти он шодравон Йӯлдош Сулаймон вохӯрд, аз хабару мақоланависӣ дида бештар ба шеърнависӣ рӯй овард, чунки шеърҳояш аз ҷиҳати ғояву мазмун ва банду баст ба мудири бахш хеле писанд омаданд.
– Бо вуҷуди чопу интишори силсилаи шеърҳоям тасмим гирифтам, ки баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тошканд супорам. Зеро мақолаҳои рӯзноманигори варзидаи вилоят Маҳфуза Усмоноваро бо шавқу ҳавас мехондам ва мехостам, ки монанди вай рӯзноманигор бошам. Аммо падару модарам гуфтанд, ки беҳтар аст барои таҳсил факултаи филологияи ӯзбеки Донишкадаи омӯзгории Фарғонаро интихоб кунам,– иброз дошт ҳамсуҳбати ман.
– Шумо баъди муддати тӯлонии омӯзгорӣ дар донишгоҳ сардабири рӯзномаи вилоятӣ таъин шудед. Ин ду пеша аз ҳам бо чӣ фарқ мекунанд?
– Аслан тайи ин муддат ба заҳмати омӯзгорӣ ва тарбияву ба камол расонидани омӯзгорони оянда хеле одат карда будам. Вақте ки сардабири рӯзномаи вилоятиро ба дӯшам гузоштанд, донистам, ки масъулияти бештарро бар дӯш дорам. Ба ҷои 50-100 нафар донишҷӯ бояд ба одамони касбу кори гуногун вориди гуфтугӯву мулоқотҳо шавам, дарду доғи онҳоро шунавам. Аз ин равзана нигарӣ, байни ин ду касб чандон тафовути ҷиддӣ мавҷуд нест. Танҳо масъулияти муҳаррирӣ нисбат ба дотсенти кафедра бештар будааст. Журналист аксари вақт бевақт ба хона бармегардад ва ё ба ҷои ин ё он ҳодиса барвақт ҳозир мешавад. Аммо устоди донишгоҳ аз чунин масъулият орист.
– Оё дар характери шумо касби рӯзноманигорӣ ягон табаддулот ба бор овард?
– Чаро не? Албатта. Дар як муддати кӯтоҳ ба як зани ҷиддӣ табдил ёфтам ва аз нигоҳи сиёсӣ низ хеле фаъолтар шудам. Барои мулоқот бо шогирдон вақт чандон намерасад. Бо онҳо акнун на дар синфхона, балки тавассути рӯзнома ё шабакаҳои иҷтимоӣ мулоқот мекунам. Баъзан хумори дар аудитория маърӯзахониҳо вуҷудамро фаро мегирад, вале дармеёбам, ки акнун диду боздидҳоямро ба теъдоди бештари одамон метавонам бирасонам.
– Журналистикаи имрӯза шуморо қонеъ месозад?
– Рости гап, не! Аз тариқи бойгониҳо бастаҳои рӯзномаҳои «Садои Фарғона» ва «Янги Фарғона», сонӣ «Коммуна» ва «Ферганская правда»-ро варақ задам. Дар ин рӯзномаҳо мавзӯъ ва масъалаҳои доғ бештар баррасӣ шудаанд. Ин рӯзномаҳо мисли аланга гӯё «месӯхтанд». Дуруст аст, ки ҳамон давру замон мафкураи сиёсӣ дигар ва рӯҳияи мардум низ нисбатан қавитар будааст. Мақолаҳои танқидӣ дар ин рӯзномаҳо фаровон ба нашр расидаанд. Ҳатто фелетонҳои шеъриро хонда ангушти ҳайрат газидам. Аз мутолиаи саҳифаҳои «Наштар»-и «Коммуна» лаззат бурдам. Дар айни ҳол журналистика аз ҳамин гуна фаъолнокӣ ва чопи матолиби хонданӣ фарсахҳо дур рафтааст.
– Шояд барои журналистони имрӯза ҷуръат намерасад?
– Бале. Аз навиштани маводи танқидӣ набояд ҳаросид. Роҳбарони идораҳои давлатӣ низ танқидро дӯст намедоранд. Аммо агар нуқсонҳо саривақт гуфта шаванд, барои бартараф шудани он замина фароҳам меояд. Аммо агар журналист дурӯғ гӯяду дурӯғ нависад, бояд ҳадди ақалл танбеҳ гирад. Дар ҳар ҳолату вазъият мухбирҳо мушкилоту муаммоҳои мардумро бояд гӯянду нависанд. Касе аз берун ин мушкилотро ҳаллу фасл намекунад. Ҳама фарзандони ҳамин халқу Ватан ҳастем. Агар муттаҳидона дар бартараф кардани камбудиҳо камари ҳиммат бандем, ин мамлакат ба гулистони ҳақиқӣ табдил хоҳад ёфт.
– Дар ин рӯзҳо шумо вазифаи сардабири рӯзномаи «Ферганская правда»-ро мавқуф гузошта, ба мақоми масъули дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят таъин шудед. Инро чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
– Банда чанд муддат ду вазифаро иҷро кардам. Ҳар ҳафта барои чопи рӯзнома матолиб таҳия мекардам. Ҳамчунин, аз чорабиниҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ гузоришҳоро дар саҳифаҳои рӯзнома ва сомонаи интернетии ҳокимият ба нашр мерасонидам. Дар ояндаи наздик фаъолияти котибони дафтари матбуот доман васеъ хоҳад кард. Дар ҳар сурат талош мекунам, ки ба ҳайси котиби матбуот бо журналистон ҳамеша дар тамос бошам ва саволҳои онҳоро беҷавоб намонам. Ҳамчунин, барои ширкати онҳо дар чорабиниҳо ва ҷамъомадҳо мусоидат намоям,– гуфт дар поёни суҳбат Гулбаҳор Саидғаниева.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.