ВАҚТИ МУСОФИРОНИ СӮХӢ БОСАМАР МЕГУЗАРАД

Рӯзмарра шуғли мо аз он шурӯъ мешавад, ки аз аҳволи мусофироне хабар гирем, ки бар асари басташавии роҳи Сӯх – Қадамҷо – Фарғона дар шаҳри Фарғона банд мондаанд ва маводи мавриди эҳтиёҷашонро расонда диҳем.

Рӯзмарра шуғли мо аз он шурӯъ мешавад, ки  аз аҳволи мусофироне хабар гирем, ки бар асари басташавии роҳи Сӯх – Қадамҷо – Фарғона дар шаҳри Фарғона банд мондаанд ва маводи мавриди эҳтиёҷашонро расонда диҳем. — Имрӯз ҳамаамон ба фароғатгоҳи “Зулол”, воқеъ дар ҷамоати Чимёни ноҳияи Фарғона, меравем. Ҳоло 132 нафар мусофирон дар ин фароғатгоҳ ба истироҳату муолиҷа фаро гирифта шудаанд,– гуфт узви Ситоди вилоятии кумак ба мусофирони сӯхӣ, мудири кафедраи Донишкадаи бозомӯзии кормандони муассисаҳои таълимии вилоят Бобосодиқ Латипов. – Дар мошини боркаш барои 50 нафар маводи хӯрока низ муҳайё кардаем. Ин мавод бояд саривақт ба осоишгоҳи “Зулол” интиқол ёбад.
– Бале, аммо ду нафар дар шаҳри Фарғона мемонем ва аз аҳволи мусофироне хабар мегирем, ки дар хонаҳои хешу таборашон иқомат доранд. Ҳокимияти вилоят барои онҳо низ як миқдор маводи хӯрокворӣ ҷудо намудааст. Ин маводро ба ҳамон ниёзмандон бурда тақсим хоҳем кард,– гуфт раиси ин ситод Фарҳод Ҷӯраев.
Оре, дуним моҳ мешавад, ки ба далели пахши пандемияи коронавирус дар мамлакатамон карантин ҷорӣ шудааст. Қоидаҳои ин карантин тақозо менамояд, ки одамон аз равуову сафар ба ҷойҳои дигар худдорӣ варзанд, дар хона монанд. Аммо чӣ илоҷ? Як гурӯҳи калони сокинони ноҳияи Сӯх ҳоло дар шаҳри Фарғона банд мондаанд ва наметавонанд ба хонаи худ баргарданд. Сабаб ин аст, ки дар Қирғизистон низ ба ҳамин далел карантин ҷорӣ шудааст ва убуру мурур аз тариқи марзҳои ин кишвар барои шаҳрвандони кишвари дигар мамнӯъ эълон шудааст.
– Ҷои шубҳа нест, ки ин ҳолат як муддати муайян давом мекунад ва бо мӯътадил шудани вазъи пандемия ҳамаи роҳҳо дубора боз хоҳанд шуд,– мегӯяд Бобосодиқ Латипов.
Саъю ҳаракат ва чораҷӯиҳои саривақтиву муфиди ҳокимияти вилоят ва ситод самараи хуб ба бор меоранд. Ҳанӯз гирифторони зиёди ин беморӣ дар мамлакатамон мавҷуданд ва бо коҳиш ёфтани теъдоди онҳо қоидаҳои карантин низ сабук мегарданд. 
– Бояд ҳушёру зирак бошем ва дастаҷамъона пеши роҳи пахшу паҳншавии ин беморӣ – вабои асрро бо нишастани худу аъзои хонавода дар хонаҳо, риояи қатъии қоидаҳои карантин, парҳези муваққатӣ аз аёдати наздикону хешовандон монеъ шавем, аз гаштугузор дар ҷойҳои серодам ва амсоли он худдорӣ кунем, – изҳор намуд Бобосодиқ Латипов. 
Омӯзгори бознишаста Давронбек Давронов таъкид мекунад, ки бо ташаббуси Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳдошти аҳволи иҷтимоии аҳолӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ як қатор имтиёзу имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, оилаҳои камтаъмину ниёзманд аз  кӯмакҳои моддӣ бархурдор мегарданд.
Ғайр аз ин, аҳолии як қатор деҳоти дурдасти вилоят бо маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ ройгон таъмин мегарданд, ба беморон низ доруву дармон  бепул расонида мешавад. Ташкилоту корхонаҳои зиёд ва одамони алоҳида дасти саховаташонро калон кушода, ба одамони ниёзманд ёрии беғаразонаи моддиву маънавӣ мерасонанд. Дар мамлакатамон ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” ба таври васеъ дар амал татбиқ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки ин иқдоми наҷиб дар роҳи пешгириву бартараф намудани оқибатҳои коронавирус хеле мусоидат мекунанд.
Дар ноҳияи Сӯх карантин нисбатан мураккабтар сурат мегирад. Зеро он аз чаҳор самт дар муҳосираи заминҳои Қирғизистон ҷой гирифтааст ва рафтуомад ба маркази вилоят ва интиқоли маҳсулоти ниёзи мардум душвориҳои хоси худро эҷод намудааст. Хушбахтона, ин чиз аз эътибори ҳукумат дур намондааст. Аз рӯзҳои аввали карантин ба мардуми Сӯх кӯмакҳои зиёд расонида шуданд ва ин раванд қатъ нашудааст.
Тавре ки хабар дода будем, пеш аз карантин зиёда аз 200 нафар сӯхиёне, ки дар паи кори шахсӣ ё давлатӣ, истироҳату табобат ба маркази вилоят ва шифохонаҳову фароғатгоҳҳо омадаанд,  ба туфайли карантину баста шудани роҳ дар шаҳри Фарғона дармондаанд.  Бо ташаббуси бевоситаи ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев кормандони ҳокимият аз ҳоли онҳо хабар мегиранд, кумакҳои моддиву маънавӣ мерасонанд. Аз тарафи саховатмандон ва бахши вилоятии Хазинаи иҷтимоии хайрияи “Вақф” мусофирон бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин карда мешаванд. 
Ҳокимияти вилоят ҳудуди 100 миллион сӯм ихтисос дод, ки 132 нафар сӯхиён дар осоишгоҳи “Зулол”-и Чимён муддати мусофирати боқимондаро сипарӣ кунанд.
Сокини дармонда аз деҳаи Девайрон Йигиталӣ Мирзоҷонов мегӯяд, ки дар айни ҳол вақташ дар осоишгоҳ хушу босамар мегузарад. Ба гуфтаи ӯ ин ҷо баъзеҳо машғули китобхонӣ мебошанд, баъзеҳо ба варзиш машғуланд ва одамони солхӯрда бофароғат дам мегиранд. 
– Муддати дароз дур аз хонаву дар ва пайвандони худ зиндагӣ кардан кори сода нест. Аммо бояд шукр кард, ки ҳокимияти вилоят бароямон ғамхорӣ намуд ва моро ин ҷо интиқол дод. Дар осоишгоҳ утоқҳои муҷаҳҳаз дар ихтиёри мо гузошта шуданд. Мо се маҳал бо хӯроки гарму хушмаза таъмин ҳастем. Аз хизмати беминнати кормандони осоишгоҳ низ бархурдорем. Дар ин осоишгоҳ пизишкон моро мунтазам муоина ва муолиҷа мекунанд, – мегӯяд Йигиталӣ Мирзоҷонов.
Дарвоқеъ, як бастаи шумораи навбатии рӯзномаи «Садои Сӯх»-ро, ки дар шаҳри Марғелон нашр мекунем ва ба сабаби басташавии роҳ натавонистем ба Сӯх барам, ба осоишгоҳи “Зулол” оварда тақсим кардем. Умедворем, ки то чопи шумораи навбатии рӯзнома вазъияти марбут ба пандемияи коронавирус дар ҳама минтақаҳои олам, аз ҷумла кишвару вилояти мо низ беҳбуд меёбад ва роҳи Сӯх – Қадамҷо дубора боз мешавад.

Содиқҷон ТОҲИРОВ,
узви штаб,
муҳаррири “Садои Сӯх”
махсус барои “Овози тоҷик”.

Шаҳри Фарғона. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: