ВАҚТИ САРФАИ ОБ РАСИД

Дар вилояти Сурхондарё барои обёрии майдонҳои кишт ва рӯёндани ҳосили фаровон ба миқдори кофӣ об мавҷуд аст.

Танҳо бояд пеши исрофкории обро гирифт, дар маҳалҳо барои дар шуури одамон ҷойгир кардани мафҳуми об – зар, оброн – заргар, назорати депутатӣ ва ҷамоатиро ҷорӣ кард.
Ҳам дар деҳқон ва ҳам дар соҳиби замини назди ҳавлӣ бояд маданияти сарфакорона аз об истифода бурданро ташаккул дод. Аммо дар ноҳияҳои Ҷарқӯрғон, Ангор ва Тирмиз ҳолатҳои аз захираҳои об ғайриқонунӣ истифода бурдан, ҳангоми обёрии майдонҳои кишт ба исрофкорӣ роҳ додан мушоҳида гардиданд.
Дар иҷлосияи шӯрои депутатҳои халқи вилояти Сурхондарё дар ин хусус маълумот дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба оқилона истифода бурдан аз захираҳои об, рӯёндани ҳосили кафолатнок аз кишти хоҷагии қишлоқ, минҷумла ниҳолҳои пахта, муҳокима гардид.
Дар иҷлосияе, ки таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Э.Турдимов дар шакли видеоселектор созмон дода шуд, дар хусуси бегуфтугӯ таъмин кардани иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки Президентамон Шавкат Мирзиёев 29 майи соли 2018 дар ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба дараву ҷамъоварии ғалла, рӯёндани ҳосили фаровон аз ниҳолҳои пахта, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва оқилона истифода бурдан аз захираи об муайян карда буд, табодули афкор ба амал омад.
Муътадил омадани зимистони соли равон ва хушку салқин омадани фасли баҳор дар парвариши кишти хоҷагии деҳот як қатор муаммоҳоро ба миён овард. Ин ҳолат тақозо дорад, ки доир ба сарфакорона истифода бурдан аз захираҳои об ва рӯёндани ҳосили зиёди кафолатнок аз майдонҳои кишти пахта чорабиниҳо андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки дар байни аҳолии вилоят барои роҳ надодан ба исрофкории об, дар ҳудудҳо оқилона истифода бурдан аз оби ҳаёт, расидан ба қадри ҳар як қатраи об бояд корҳои тарғиботиро васеъ ба роҳ монд. Тибқи ин, дар иҷлосия доир ба татбиқи чорабиниҳои иловагӣ оиди дар маҳалҳо роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тоза кардани каналҳои байни хоҷагиҳо, таъмири гидропост ва иншооти гидротехникии каналҳои байни хоҷагиҳо, қабл аз вегетатсияи ниҳолҳои пахта аз ҳисоби маблағҳои иттиҳодияи истеъмолгарони об ва хоҷагиҳои фермерӣ тоза кардани шабакаҳои обёрикунанда, кашидани нақшаи сохтани нуқтаҳои обгирӣ, нақшаи дар мавсими обёрӣ об додани пахта ва дигар зироатҳои хоҷагии деҳот, аз об оқилона истифода бурдан, рӯёндани ҳосили кафолатнок аз ниҳолҳои пахта, гурӯҳи оқсақолон ташкил дода шуд.
Тавсия дода шуд, ки мазмуну моҳияти муроҷиати шӯрои фермерон, соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои назди ҳавлии Ӯзбекистон ба фермерони мамлакатамон, ба ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ ва аҳолии вилоят фаҳмонда дода шавад.

Холмӯъмин
 МАМАТРАЙИМОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: