ВАҚТИ ҲАЛЛУ ФАСЛИ МУШКИЛОТ ОЁ МЕРАСИДА БОШАД?

Ислоҳоти ҳамаҷониба, ки дар Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол ба амал татбиқ мегарданд, асосан, волоияти қадри инсонро таҳти назар гирифтааст.

 Баланд бардоштани фаровонҳолии мардум мазмуну моҳияти сиёсати дурандешонаи сарвари мамлакатамон мебошад.
Аммо гуфта наметавонем, ки дар ҳамаи маҳалҳои кишварамон тарзи зиндагонии мардум ба дараҷаи кофист. Мардуми ҷамоати шаҳрвандии маҳаллаи ба номи М. Боймирзоеви ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд чандин даҳсолаҳост, ки барои оби ошомиданӣ азият мекашанд. Ваъдаҳои хушку холии ҳокимияти ноҳия ва муроҷиати онҳо ба телефони боварии Президент  ҳанӯз натиҷае надод. 
Аз кӯчаҳои маҳалла дидан карда, дар дил ба ронандаҳои он «офарин» гуфтам, чуқуриҳои онро бо партови кадом ташкилоти сохтмон пурра кардаанд, ки чангаш касро гулӯгир мекард.
–19 сол боз дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунам, – гуфт дар суҳбат бо мо бошандаи хонаводаи рақами 63-юми маҳалла Гулпаршин Алимбоева. – Аз оби ҷӯй ҳам дар ҷомашӯӣ, ҳам дар обёрии замин ва ҳам дар истеъмол истифода мебарем. Ба набераҳои 3 ва 6-солаи ман ташхиси бемории камхунӣ, кирми меъдаро гузоштаанд, ки табобати такрорӣ низ фоида намебахшад.
Аксарияти ҳамдеҳагони моро бемориҳои санги заҳрадон ва гурда азият медиҳад. Гоҳ дар ҷӯй об тамоман нест мешавад, ки ин низ мушкилоти зиёд эҷод мекунад.
– 29 майи соли ҷорӣ аз телеканал мухбирҳо омада, оиди муаммоҳои маҳалла барнома омода намудаанд. Аз байн се моҳ гузашт. Аз иҷрои ваъдаҳое, ки он рӯз ҳокими ноҳия Ҷӯрабек Аҳмедов дар бораи таъмин намудан бо оби ошомиданӣ ва мумфарш гардондани кӯчаҳо дода буд, ҳанӯз дарак нест, – гуфт сокини маҳалла Салимбой Эргашев. –Бештар аҳолии маҳалла дар шаҳри Ғазалкент кор мекунанд, аммо азбаски ҳаракати автобус ба роҳ монда нашудааст, мошин киро карда, ба манзили корӣ рафта меоянд. Агар одам ҷамъ карда натавонанд, кирокашҳо ҳақи роҳро мебардоранд.
– Зимистон барои занони кӯдакдор боз вазнинтар мегузарад, – гуфт бошандаи хонадони рақами 193-юми маҳалла, модари 3 нафар кӯдак Наргиза Қурбонбоева. – Гоҳ-гоҳ нашудани газ аҳволамонро боз вазнинтар мекунад.
Ғайр аз ин, мо бо ширкати «Тоза ҳудуд» шартнома дорем. Аммо партовро дар як моҳ як маротиба гирифта мераванд.
Барои ҳаллу фасли мушкилоти бошандагон худи ҷамоати маҳалла низ шароити кофӣ надорад. Аз ҷумла, ба гуфти раиси маҳалла Фарҳод Охунҷонов маҳалла соли 2018 ташкил шуда бошад ҳам, ҳанӯз идора надорад, як бинои ҶММ «Меҳнат текстил»-ро ба иҷора гирифтааст. Бо сабаби қарздор будан аз энергияи электрӣ бинои маҳалла аз хати электрӣ ҷудо карда шудааст. 
Албатта, ҳолати мазкур хеле таассуфовар аст, чунки бе энергияи электр ва ё интернет кадом корро анҷом додан мумкин аст?
Ҳолати муассисаи таълими томактабии рақами 24-уми ноҳия, ки «Бахтли Имонахон» ном дорад, ғайриқаноатбахш аст. Мудири боғча ҳуҷҷатҳои моро санҷиду аммо нахост худашро шиносонад. Муассиса ба 180 ҷой пешбинӣ шудааст, ки ҳоло 105 нафар бачаҳоро ба оғӯш гирифтааст. Аммо он чизе, ки моро ба ҳайрат гузошт, ҳолати он буд. Зарфҳои рангдори боқимонда аз таъмир паҳну парешон буданд, майдончаҳои бачагонаро чангу хок зер карда буд. Аз набудани об дарахтон хушк шуда буданд...
Ҷиҳати омӯхтани ҳифзи саломатии аҳолӣ роҳи поликлиникаи деҳаи маҳалларо пеш гирифтем. Ҳамшираи калони поликлиникаи 12-уми оилавӣ Гулойим Ирманова низ мушкилоти соҳаро бо мо «боҳам» дид: мо як нафар шифокор ва 29 нафар ҳамшираи тиббӣ ба 6-то ҶШМ ва 3-то мавзеъҳои дурдаст, ҷамъ ба 15 ҳазору 775 кас хидмат мерасонем. Аз рӯйи меъёр 7 нафар духтури амалиёти умумӣ бояд бошанд. Барои баланд бардоштани самаранокии сифати хидмати тиббӣ бояд ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ як духтур  ва чаҳор нафар ҳамшира хидмати тиббӣ расонанд... Ба бештари бачаҳои маҳалла ташхиси кирми меъда гузошта шудааст, аммо доруи «албендазол», ки бар зидди ин касалӣ истифода мешавад, аз ташкилотҳои болоӣ дода намешавад...
Тафсилоти чунин мушкилотро шунида, ба андешае рафтем, ки агар дар Соли гиромидошти қадри инсон ба аҳолӣ чунин эътибор дода шавад, пас солҳои дигар ба мардуми ин мавзеъ эътибор то чӣ андоза мешуда бошад? 

Даврон АҲМАД, 
журналист.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: