Рустами ВАҲҲОБ
Пардохтани ривоёт ба хотири боз намудани азамат ва шукӯҳи неруи халлоқаи табъи суханварон ва нуфузи сухани эшон як таҷрибаи бисёр дерин будааст, ки танҳо ба адабиёти форсу тоҷик маҳдуд ва махсус намегардад, балки ин шева дар адабиёти соири милали ҷаҳон ривоҷи тамом доштааст.
Мусаллам аст, ки дар ин миён шуҳрати бештаринро ривояти марбут ба қасидаи маъруфи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо матлаъи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва мутаассир гардидани Насри Сомонӣ аз он ба худ ихтисос додааст. Шуҳрати ин ривоят дар миёни хосу ом моро аз иқтибоси он бениёз мекунад. Ҳоло бубинем, ки то чи ҳад ин ривоят аз пойдевори воқеият бархурдор аст:
– Рӯдакӣ тавонотарин шоири аҳди худ аст ва ояндагон низ устодии эшонро бар худ мусаллам донистаанд.
– Рӯдакӣ то замони ба узлат афтодан суханвари (ва низ хонанда) дараҷаи аввали хонадони Сомониён будааст, пас шеъре нофизтар аз шеъри (ва суруди) ӯ барои Сомониён набудааст. Шеъре ки танҳо мадҳ нест, балки панд ва роҳнамоӣ ҳам ҳаст.
– Рӯдакӣ аз бастагони дарбори Сомониён ва дар сафару ҳазар бо эшон будааст.
– Бухоро қиблаи муҳаббате аст, ки ҳам Рӯдакӣ ва ҳам Сомониён яксон ба он рӯй меоранд ва тасаввури дигаре дар ин миён муҳол аст.
Бештар аз ҳамаи инҳо, ки гуфта шуд, ситоиши Рӯдакӣ аз амирони Сомонӣ, бавижа Наср бинни Аҳмади Сомонӣ, бо маддоҳии шоирони дигар қобили муқоиса нест. Ин ситоиши ростин ва ифтихоромезе аст, ки Рӯдакӣ онро ба хотири сила, дар баҳои динору дирам накарда, балки аз неъмати Сомониён бидуни он ҳам бархурдор аст ва онро чун як амри воҷибе, ки ба ҷой овардани шукри неъмати аз пеш мабзулшуда аст, медонистааст:
Воҷиб набувад ба кас бар афзолу
карам,
Воҷиб бошад ҳаройина шукри
ниъам.
Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб,
Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир
кунам?
Рӯдакӣ худ муътақид аст, ки ончи мегӯяд бофтаву пардохта нест, тасаннуъу тафаннун нест, балки айни воқеиятро мегӯяд:
Ман ончи мадҳи ту гӯям дуруст
бошаду рост
Маро ба кор наёяд сирешиму
кабдо.
Рӯдакӣ, ки худ шахсан ва қалбан саршор аз ифтихори таърих ва фарҳанги шукуҳманди дерини миллати худ аст, Насри Сомониро ба он хотир меситояд, ки:
Рустамро ном агарчи сахт
бузург аст,
Зинда бад-ӯяст номи
Рустами Дастон.
Аз нигоҳи шеърӣ шояд муболиға ба назар мерасад, вале оё ин рост нест, ки маҳз салтанати Сомониён, сиёсат ва фарҳанги сомониён боиси зиндагии дубора ёфтани Рустами Дастон – бошукуҳтарин ва ҷомеътарин мазҳар ва намоди қудрати заволнопазири паҳнаи Ориё гардид? Яъне Рӯдакӣ рост мегӯяд, ки рост мегӯяд ва рост мегӯяд ки:
Гуфт надонӣ сазош, хезу фароз ор,
Он-к бигуфтӣ чунон-к бояд
натвон.
Баландтарин ва мухлисонатарин бонги сипос ва ифтихори устод Рӯдакӣ аз хонадони Сомониён аз қасидаи маъруф ба «Шикоят аз пирӣ» ба гӯш мерасад:
Киро бузургиву неъмат зи ину он
будӣ,
Варо бузургиву неъмат зи Оли
Сомон буд.
Яъне устод Рӯдакӣ на аз худи он бузургиву неъмат, балки аз масдари олии он, ки хонадони Сомониён аст, ифтихор мекунад. Он гуна ки дар мақоли содаи мардумӣ гуфта шудааст: «Хокро бигирӣ, аз хоктеппаи баланд бигир». Ин замонест, ки дигар қудрате ончунонӣ аз салтанати Сомониён боқӣ намонда, то Рӯдакӣ, филмасал, ба тамаъ ё эҳсоси тарс онро биситояд. Аз сӯйи дигар ин санади қотеъе аст, ки Рӯдакӣ то поёни умр аз хонадони Сомониён эҳсоси сипос ва ифтихорро доштааст. Пас ҷойи шакку тардид ҳам нест, ки касе аз ин хонадон дар ҳаққи ӯ зулм накардааст.
Беш аз ин Рӯдакӣ барои неъмат ва дороиҳое, ки аз дигарон мерасида, ҳамчунон аз Сомониён, сипосгузор будааст, чун он ба баракати ҳимояти эшон будааст, зеро пеш аз байти мазкур омадааст:
Куҷо ба гетӣ будаст номвар
деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду
ҳумлон буд.
Ин ҷо ногузир аст, то дар робита ба мавзӯъ аз мақолаи воқеан ҷолиби донишманди арҷманд устод Расул Ҳодизода, ки дар таҳқиқ ва интишори осори устод Рӯдакӣ хадамоти арзишманде анҷом додаанд, ёдовар шавем. Дар ин мақола («Афсона ва ҳақиқати «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён». Адабиёт ва санъат, 17 сентябр соли 2010) асосан ба истинод ба як фармудаи устоди зиндаёд Саид Нафисӣ ва як байт аз ҳамин қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дар хусуси ривояти машҳури марбут ба ин шеър, мутаассир шудани Насри Сомонӣ аз он ва нисбати он ба амир Наср таҷдиди назар менамоянд. Он байт, ки бештар асоси ин таҷдиди назар шудааст, ин аст:
Бидод мири Хуросон–ш чил ҳазор
дирам,
Дар ӯ фузунии як панҷ мири
Мокон буд.
Ба назари мо ин ҷо қабл аз ин навиштаи устод Ҳодизода дар манобеъи дигар дар тафсиру тарҷума ва ҳамчунин навишти ин байт дар ибораи «як панҷ» иштибоҳ рафтааст. Баъзан чунин таъбир мешавад, ки гӯё мири Мокон панҷяки дороии худ ва дар мавриди дигар гӯё ҳашт ҳазор дирам (яъне панҷяк аз 40-ҳазор) изофа кардааст. Дар ҳоле, ки агар «фузунии як панҷ мири Мокон навишта шавад», «як панҷ» онгуна, ки имрӯз дар забони зиндаи тоҷикӣ маъмул аст, маънои «тақрибан панҷто»-ро дорад. Масалан, мегӯянд, «як даҳто» ё «ягон шашто». Ва манзури Рӯдакӣ аз «ӯ» мисли байтҳои пешин дар ин сурат метавонад худи шоир бошад, ки «ӯ» гӯё дороие (ва имтиёзе) дошт, тақрибан панҷ баробари дороии мири Мокон. Вале агар фарз кунем, ки ҳамон панҷяки чил ҳазор дар назар аст, чун дар байти баъдӣ омада, ки:
В-аз авлиёш пароканда низ ҳашт
ҳазор
Ба ман расид, бад-он вақт ҳол
чунон буд.
Пас бояд чунин бинависем «Дар ӯ (яъне 40-ҳазор дирам) фузунии (фузудаи) як панҷи мири Мокон буд». (Агар ин ҷо ҳам фарз кунем, ки калимаи «фузунӣ» маънои «фузуда»-ро дода метавонад. «Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро»). Вале бо таваҷҷуҳ ба мавзӯи мавриди баррасӣ муҳимтар ин аст, ки байтҳои баъдӣ ҳамоно далел бар сипосгузории Рӯдакӣ маҳз аз амир Наср аст, зеро ин ҳама ба амри ӯ ва ба риояти хотири ӯ сурат мегирифтааст:
Чу мир дид сухан дод доди
мардии хеш,
Зи авлиёш чунон, к-аз амир
фармон буд.
Равиши калом ва шуҳрати сарвати бисёр зиёди устод Рӯдакӣ ҳам далолат бар он мекунад, ки ин набояд силае бошад, ки барои як бор ба Рӯдакӣ расида, балки, масалан, нафақаи доимии солона бошад.