ВАРЗИШГАРОН «ФОНДИ ТИЛЛОӢ»-И МИЛЛАТ

Мувофиқи қарори сарвари давлат аз 5-уми ноябри соли 2021 «Дар бораи Барномаи рушди фаъолияти муассисаҳои варзишию таълимӣ то соли 2025» дар вилояти Самарқанд низ оид ба варзиш корҳои ибратбахш ба фарҷом расида, мақсади асосӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки соли 2024 дар Фаронса баргузор мешавад, мебошад.

Мусоҳибаи мо бо сардори садорати варзиши вилоят Шӯҳрат Рӯзиев ба масъалаи мазкур бахшида шуд.

– Шояд муштариёни «Овози тоҷик» хабардор ҳастанд, ки соли гузашта дар шаҳри Токио Бозиҳои олимпӣ баргузор гардида, аз рӯйи 17 намуди варзиш 71 нафар намояндагони мамлакатамон ширкат варзиданд, ки дар байни онҳо 12 нафар самарқандиён буданд, – гуфт Шӯҳрат Ашӯрович, – вакилони Ӯзбекистон дар байни беш аз 200 кишвари ҷаҳон ҷойи 32-юм ва дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюмро, (баъди Русия) гирифтанд. Ба шарафи фарзандони музаффарамон суруди миллӣ танинандоз гардида, парчами Ватанамон афрошта шуд, ки он лаҳзаҳо қалбҳои тамоми мардумамон аз ифтихор лабрез гардид.
Президенти муҳтарами мо 13-уми августи соли сипарӣ бо варзишгарону мураббиёне, ки дар Бозиҳои олимпии XXXII тобистона иштирок намуданд, нутқ эрод карда гуфт, ки: «Ман мудом аз такрор кардани як фикр хаста намешавам. Мо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу заковат, қатъият ва иродаи худ аҳли дунёро қоил кунем, ба он муваффақ гардем, ки моро эътироф кунанд. Шубҳае нест, ки дастовардҳои бемисли варзишгарони мо, ки Ӯзбекистони Навро бо ғалабаҳои нав ба тамоми дунё муаррифӣ мекунад, дар ҳамин роҳ боз як қадами муҳим мегардад.
Агар гӯям, ки чунин ҷавонони бошуҷоату ватанпарвар сарвати бузургтарин – «Фонди тиллоӣ»-и мамлакатамон мебошанд, фикр мекунам, ақидаи тамоми халқамонро ифода менамоям».
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Бозиҳои олимпии Париж барои намоиш додани имконияти бузурги кишвари мо дар соҳаи варзиш аҳамияти хеле муҳим дорад. Ана барои чӣ мо бояду шояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки намудҳои дигари варзишро ривоҷ диҳем ва бештар вакилони Ӯзбекистон дар Бозиҳои олимпии Фаронса ширкат варзанду ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб шаванд. Бинобар ҳамин, варзишгарони самарқандӣ низ имрӯзҳо омодагии ҳарҷонибаро ба Бозиҳои олимпӣ вусъат медиҳанд.
– Шӯҳрат Ашӯрович, оё барои ба муроди дил расидан дар Самарқанд имконият ҳаст ё не?
– Имрӯзҳо дар вилоят беш аз сӣ муассисаи таълими варзишӣ, аз он ҷумла, ду коллеҷи захираҳои олимпӣ ва паралимпӣ, чор мактаби ихтисосшудаи варзишӣ, 21 мактаби бачагону наврасони варзишӣ, як мактаби маҳорати футбол ва ғайра фаъолият мебаранд.
Дар муассисаи таълими варзишӣ аз рӯйи 50 намуд 2836 гурӯҳ – 33 ҳазору 625 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 7736 нафар духтаракон мунтазам бо варзиш машғуланд. Аз онҳо 636 нафар ба таркиби дастаи миллии Ӯзбекистон ва 334 нафар захиравӣ дохил ҳастанд.
Аз варзишгарон 11976 нафар соҳиби разрядҳои якум, дуюм ва савум, 1593 номзад ба устодии варзиши Ӯзбекистон, 129 нафар устоди варзиш, 28 нафар устоди варзиши байналхалқӣ мебошанд.
Дар вилоят 1422 нафар мураббиён ба ҷавонон асрори варзишро меомӯзанд. Дар қаламрави Самарқанд 195 иншооти варзиш, аз он ҷумла 38 майдони варзиш, 59 толори варзиш, 13-то ҳавзи шиноварӣ ба ихтиёри дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Ҳоло ба миқдори 12 миллиард сӯм аз ҳисоби маблағи буҷавӣ дар шаҳраки Қарасув бинои замонавии мактаби маҳорати футбол бунёд мегардад.
Боиси хурсандист, ки Президент ба масъалаҳои рушди низоми тайёр кардани варзишгарон ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои варзишӣ диққати махсус медиҳад. Масалан, супориш дод, ки инфрасохтори коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва мактабҳои самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беҳтар гардида, сифати таълиму тарбия баланд бардошта шавад. Муқаррар шудааст, ки барои варзишгароне, ки ба шуъбаҳои намудҳои паралимпии варзиши коллеҷҳои захираҳои олимпӣ фиристода мешаванд, то 10 фоиз квотаи иловагӣ ҷудо карда, тартиби ситондани маблағи таҳсил аз волидайн бекор карда шудаанд. Оид ба пурзӯр намудани таъмини рӯшодӣ ва шаффофият, решакан кардани зуҳуроти коррупсионӣ дар ин раванд дастурҳо ҷорӣ гардид. Мақсад – дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон ва мураббиён ва фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар Бозиҳои олимпии  Фаронса аст.
– Замоне мактаби маҳорати бокси Самарқанд на танҳо дар Ӯзбекистон, ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Ҳозир дар Осиёи Марказӣ мактаби маҳорати Андиҷон вирди забон аст. Охир аз шаҳри мазкур чанд нафар чемпиони ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ шудаанд...
– Афсус, ки боз чанд намуди варзиш дар Самарқанд коҳиш ёфтааст. Мо дар ҷамъомадҳои мураббиён маҳз ҳамин муаммоҳоро баррасӣ намуда, барои ба сатҳи баланд бардоштани дигар намудҳои варзиш чораву тадбирҳо андешидем. Масалан, дастаи футболи «Динамо» паси ҳам 13 маротиба ҷоми мағлубиро чашида, ба эътирозу афсӯсхӯрии мухлисон ва нидои норозигӣ аз бозии эшон шудаанд. Аз давлати Сербия мураббиён Предраг Роган ва Иван Йивич ба Самарқанд омаданд. Натиҷа чунин аст, ки дастаи «Динамо» ба гурӯҳи суперлига гузашт. Вохӯрӣ бо ҳарифон лоиқи таҳсин аст.
– Дар олами варзиши Самарқанд боз чӣ гуна навигариҳо хоҳад шуд?
– Дар ноҳияи дурдасти Қӯшработ барои бачагон мактаби маҳорати варзиш бунёд мегардад. Дар ноҳияи Самарқанд иншооти пӯшидаи велотрек месозем. Дар шаҳри Самарқанд мактаби чавандозҳо кушода мешавад. Чанде пеш дар ноҳияи Ҷомбой мусобиқаи бузкашӣ шуда гузашт. Барои тамошо қариб 50 ҳазор нафар мардум ҷамъ омаданд. Сол то сол варзиши асптозӣ ҳам ривоҷ ёфта истодааст.
Бузургон гуфтаанд, ки «бе машқ ҳеҷ бошад даъвои паҳлавонӣ». Боз як гап. Тарбияи ҷисмонӣ – бақои ҷавонӣ. Таманнои камина дӯст шудан бо варзиш, ки дар тани солим – ақли солим гуфтаанд.

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: