ВАРЗИШГАРОН СОҲИБИ МАРКАЗИ НАВ ШУДАНД

Дар маросими ифтитоҳи маркази ҷанги дастӣ сенатор ва ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов суханронӣ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят ба мухбири «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Маркази мазкур дар ҷои бинои иловагии фарсуда ва ғайри қобили истифодаи марбути захираҳои олимпии Андиҷон бунёд гардидааст. Дар эъмор ва зуд ба истифода супурдани он гурӯҳи сохтмончиёни Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «National pride» саҳми калон гузоштаанд.
– Барои бунёди ин марказ аз буҷаи маҳаллӣ бештар аз дуним миллиард сӯм харҷ гардид. Ҳамчунин бо маблағи ҳомиёни саховатманди вилоят дар ивази дусад миллион сӯм асбобу анҷомҳои варзишӣ харидорӣ гардид ва тавассути он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардиданд, – гуфт Шӯҳрат Абдураҳмонов.
Президенти байналмилалии ҷанги дастӣ Сергей Астахов иброз доштааст, ки бунёд шудани чунин бинои марказ дар афзоиши теъдоди варзишгарони ҷанги дастии вилоят ва фатҳи зафарҳои нав ба нав мусоидат хоҳад кард.
Маркази нав ғайр аз маҷлисгоҳ, аз се толори варзиш низ иборат аст. Дар ин толорҳо рӯзона то шашсад нафар варзишгарон шуғл варзида метавонанд. 
Интизор меравад, ки моҳи феврали соли оянда маркази мазкур мизбонии мусобиқаи нахустини ҷанги дастӣ бо иштироки варзишгарони Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: