ВАРЗИШГАРОНИ ИСТЕЪДОДНОКРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯМ

Дар мамлакатамон баробари дигар соҳаҳо, ба варзиш, аз ҷумла ба варзиши бачагона низ эътибори алоҳида дода мешавад.

Солҳои сипаришуда нафақат дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳатто дар деҳаҳои дурдасти кишварамон низ иншоотҳои замонавии варзишӣ сохта шуданд. Ин барои мо, ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад, то ки бо намуди варзиши дӯстдоштаамон шуғл варзида, дар турнир ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва шарафи Ватанамонро муносиб ҳимоя кунем.
Дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудани низоми сезинагии варзишии «Умид ниҳоллари», «Баркамол авлод» ва Универсиада, ки ба таври ҳамешагӣ баргузор мешаванд, дар фатҳи марраҳои нави варзишӣ барои мо, ҷавонон нақши муҳим дорад.
Камина аз соли 2004 инҷониб дар варзишгоҳи марказии «Чуст» бо сарварии мураббӣ Равшан Ҳакимов аз рӯйи атлетикаи сабук шуғл меварзам. Атлетикаи сабук ин яке аз он намудҳои варзиш аст, ки аз варзишгар баробари соҳиби иродаи қатъӣ, чусту чолокиро тақозо менамояд.
Ман бештар дар талошҳои давидан ба 800 метр, 1500 метр ва дар баҳсҳои марафонии 21 километр қувваозмоӣ мекунам. То имрӯз ғайр аз мусобиқаҳои ноҳиявиву вилоятӣ ва миқёси ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар мусобиқаҳои «Баркамол авлод», ки дар вилояти Сурхондарё, Универсиада, ки дар вилояти Фарғона баргузор гардиданд, иштирок намудам.
Моҳи октябри соли гузашта дар мусобиқаи ниммарафонӣ, ки дар Самарқанд баргузор шуд, иштирок карда, ҷойи дуюмро ба даст овардам. Имрӯзҳо дар марафони байналхалқие, ки бахшида ба иди умумихалқии Наврӯз дар Тошканд барпо мегардад, тайёрӣ мебинам.
Аз соли 2018 ин ҷониб ҳамчун узви тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи атлетикаи сабук дар машғулиятҳо иштирок мекунам. Ҳафтаи гузашта сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташрифи навбатиашон ба вилоятамон дар назди варзишгарон, аз ҷумла мураббиёни варзиш вазифаҳо гузоштанд. Ин бар ман қувваи дучанд бахшид ва аз ин рӯҳбаланд гашта, кӯшиш мекунам, баъди хатми донишгоҳ баробари дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок кардан, дар фаъолияти мураббигиам барои тайёр кардани варзишгарони боистеъдод саҳм гузорам.

Мавлуда МАДАЛИЕВА,
донишҷӯи факултаи 
тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: