Дар шаҳри Қаршӣ аз рӯи намуди «counter strike»-и варзиши киберӣ сабқати «Ҷоми ҳокими вилоят» баргузор гардид.
Ин сабқат дар Ӯзбекистон бори нахуст баргузор шуда, зиёда аз 800 ҷавонони хоҳишмандро аз гӯшаҳои гуногун гирдиҳам овард. Онҳо барои ширкат дар мусобиқаи мазкур қаблан сабти ном гаштанд.
Аз шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Самарқанду Бухорову Сурхондарё низ хоҳишмандони зиёди ин намуди варзиши киберӣ иштирок карда, неруи худро санҷиданд.
«Сounter strike» як намуди бозии компутерӣ аст, ки дар он ба шакли тими махсус гурӯҳҳои мухталиф иштирок мекунанд ва хеле шавқовар буда, солҳои охир дар байни ҷавонони кишвар низ мақом пайдо мекунад.
Мусобиқа бо ибтикори ҳокимияти вилоят, Саридораи кор бо ҷавонони вилоят ва сомонаи интернетии «Nasafnews.uz» дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба «Моҳонаи ҷавонон» баргузор гардид.
Чунин сабқатҳо ба неруи интеллектуалии ҷавонон афзуда, ширкати онҳоро дар олами маҷозӣ фаъолтар ва иштиёқашонро ба омӯзиши илми пешқадами замона зиёд хоҳад кард.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.