ВАСЕЪ НАМУДАНИ МАЙДОНҲОИ САБЗ

Имрӯз дар боғи «Янги Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд бо иштироки роҳбарони 16 конфессияи динӣ ва раисони марказҳои милливу фарҳангӣ бахшида ба татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин якҷоя бо ҳокимияти шаҳри Тошканд ташкил карда шуд. Дар он раисони марказҳои фарҳангии миллӣ, роҳбарони конфессияҳои динӣ ширкат варзиданд.
Ҳоло бинобар супориши сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар амал татбиқ намудани лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” дар тамоми ҳудуди мамлакат шинондани ниҳолҳои гуногуни дарахт ба амал бароварда мешавад. Ин лоиҳа моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда буд. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа шинондани 200 миллион бех ниҳол пешбинӣ шуда, аз он соли гузашта дар фасли тирамоҳ 85 миллион бех ва боқимонда дар оғози фасли баҳор шинонда шудааст. Он барои аз 8 фоиз то 30 фоиз зиёд кардани майдонҳои сабз пешбинӣ шудааст ва ба таъмини ҳуқуқи мардуми мо ба муҳити беҳтари экологӣ мусоидат мекунад. Лоиҳа хусусияти миллӣ дорад. Аз ин рӯ, дар татбиқи он тамоми намояндагони корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Роҳбарони дину мазҳаб низ доир ба ин чорабинӣ андешаҳои худро баён намуда, таъкид намуданд, ки Ӯзбекистон дар ҳама давру замон сарзамини муқаддас буда, сарфи назар аз миллат, забон, дин ва эътиқод Ватани ягона барои ҳамаи мардуми мо мебошад.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: