ВАСФИ ДӮСТӢ ДАР ШОМИ ДӮСТӢ

Чанд рӯз аст, ки гурӯҳи эҷодии Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон бо ҳунари волои худ ба самарқандиён ғизои маънавӣ мебахшад.

Онҳо дар саҳнаи Театри опера ва балети мусиқӣ-драмавии ба номи Ҳамид Олимҷон  асари маърифатпарвар Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ “Найрангҳои Майсара” ва либреттои шоири дӯстдоштаи бачагон Наримон Бақозода “Бузаки ҷингилапо”-ро гузоштанд. 
Мухлисон ҳар ду намоишро хуш пазируфтанд ва бо кафкӯбӣ қадр намуданд. 
Артисти хидматнишондодаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Шарофат Усмонзода, Манучеҳр Раҳмонов, Сайфулло Юсуфӣ, Мунзифа Исоева ва дигарон нақши худро бо маҳорати баланд иҷро карданд. 
Ба муносибати Рӯзи Самарқанд бо иштироки ҳофизу мутрибони Тоҷикистону Ӯзбекистон галаконсерт баргузор гардид. Санъаткорони маъруфи ду ҷумҳурӣ Асадулло Атоуллоев, Анзурат Умарова, Нурафшон Нуруллозода, Мунзифа Исоева, Сафар Солеҳзода, Сайфулло Юсуфӣ, Мардон Мавлонов бо ҳунари волои худ ба мухлисон як олам ғизои маънавӣ бахшиданд. 
– Мо аз қадршиносии самарқандиён сипосгузорем, – гуфт коргардони ҳар ду спектакл  Шавкат Халилов, – аз рӯйи нақша бояд ҳамагӣ ду рӯз ҳунарнамоӣ мекарем, вале бо талабу дархости мухлисон шаш рӯз аст, ки меҳмони самарқандиён ҳастем. Умед аст, ки дар оянда низ ин иқдоми нек идома меёбад. 
– Гузошта шудани асари падарам, шодравон Наримон Бақозода дар саҳнаи Самарқанд мояи дилхушии мост, – гуфт духтари ӯ Меҳрубон Бақозода, – падарам орзу доштанд, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон асарҳояшонро ҳамдиёронашон тамошо кунанд ва баҳра баранд.
Дар поёни барномаи консертӣ  ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ва ҷонишини аввали директори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Содиқ Нуруллоев ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи дӯстӣ  ва ҳамкории ду кишвар ҳарф заданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: