ВАСФИ НАВРӮЗ ДАР АШЪОРИ ПАЙМОН

Наврӯз таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Наврӯз таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Ин иди фархунда, ки яке аз дурдонаҳои бозёфти тафаккури инсон аст, дар ҳама давру замонҳо манбаи илҳоми шоирон буд. Аҳли эҷод аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз Наврӯзро бо рангу бори нафису латиф назм карда, дар радифи ситоиши Наврӯз паҳлуҳои муфиду ҳамидаи онро низ ба мардум арз намудаанд...
Дар эҷодиёти шоири соҳибзавқ Паймон низ васфи Наврӯз яке аз мавзӯъҳои писандидаву доманадор аст. Ба назар чунин мерасад, ки шоир дар ҳар як шеъри наврӯзиаш як ранги ин фасли садрангро бо маҳорати баланд васфу тараннум кардааст. Шеърҳои “Ҳалқа бар дар мезанад Наврӯз боз”, ”Давлати пирӯз”, ”То ҳанӯз”, ғазалҳои “Баҳория”, ”Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”... ва силсилаи дубайтиҳои “Шакарнам” зиёда аз бист сол аст, ки гули сари сабади базмҳои наврӯзӣ гаштаанд. Албатта, ҳама ашъори Паймонро дар васфи ин ҷашни бошукӯҳ, ки дар маҷмӯъ як фалсафаи наврӯзии ба худ хос аст, ин ҷо имкони номбар кардан нест. Аз ин рӯ мо бо муаррифӣ кардани чанд рубоӣ аз силсилаи рубоиёти тозаэҷоди ӯ “Наврӯз шуду...”, ки зиёда аз чил рубоиро дар бар гирифтааст, иктифо мекунем.  
Паймони шоир фармудааст:
Наврӯз шуду кард ҷаҳонро 
чаманистон,
Ақсои заминро ҳама сабзу 
суманистон.
Наврӯз шуду аз лабу ҷону дили 
мо сохт,
Яъне суханистон,суханистон,
суханистон.
Мо, ки аз шефтагони Наврӯзу сухани обдор дар васфи ин ҷашни оламиёнем, хостем муддате сайри “суханистон”-и Паймон кунем, то аз файзу шукӯҳу расму оинҳои наврӯзӣ баҳра бардорем.
Наврӯз шуду мо ба маю ҷом
 расидем,
Бар марҳамати соқии айём 
расидем.
Наврӯз шуду суннати Ҷам кард 
муқаррар,
Яъне ки ба наврӯзиву инъом 
расидем.
Шоир дар мисраи аввал Наврӯзро мавсими шодиву сурури умум муаррифӣ карда, дар мисраъҳои сонӣ ишора мекунад, ки бо “марҳамати соқии айём”, яъне сарони ҷамъият, роҳбарон суннатҳои замони пайдоиши Наврӯз, ки ба эҳтиёҷмандон туҳфаву инъомҳои наврӯзӣ медоданд, барқарор шуд. Воқеан, дар кишвари мо низ пас аз дубора эҳё гаштани Наврӯз, алалхусус  солҳои пасин ин суннати ниёгон пиёда гашта, дар рӯзҳои ҷашн аз ҳоли барҷомондагону ҳоҷатмандон ва куҳансолон хабар гирифтан, ба эшон ҷашнвораҳои наврӯзӣ инъом кардани давлатамон ва сармоядорони ҷамъият ба ҳукми расм даромадааст.
Паймон дар рубоии зерин низ ба пойдор будани фазилатҳои пешини Наврӯз, ки караму саховат як ҷузъи он аст, бо рӯҳи болида як навъ шукрона мекунад:
Наврӯз шуду хони карам кард 
ҳувайдо,
Як сурфаи анвои ниам кард 
ҳувайдо.
Наврӯз шуду дар ҳама сӯ 
моида бикшуд,
Яъне дами шоҳони Аҷам кард 
ҳувайдо.
Тавре ки дар боло низ ишора рафт, караму саховат як рукни гуманитарии Наврӯз будааст, ки суфраву моида (дасторхон)-ҳои пур аз неъмат дар гузару сайргоҳҳо гувоҳи аслияти хешро гум накардани ин ҷашни писандидаи мардум аст.
Дар рубоии дигар шоир он суннати наҷиби халқи моро, ки ба фалсафаи ахлоқии ин мардум марбут аст, яъне дар арафаи ҷашни Наврӯзи бошукӯҳ, ҳатто душманони ҷонӣ ҳам кинаву адоватро фаромӯш карда, ба якдигар самимона оғӯш мекушоянд, бо назокати шоирона ба риштаи назм кашидааст:
Наврӯз шуду мурғи дили ман
 ба ҳаво хест,
Аз чорсу овои фараҳбахши наво 
хест.
Наврӯз шуду мардуми 
бе ҳам ба ҳам омад,
Яъне зи лаби халқи Худо 
шукри Худо хест.
Халқи мо баробаршавии рӯзу шабро чаҳор ҳазор сол қабл дақиқ дарёфт ва натанҳо ҷашни Наврӯзро бапо кард, балки фалсафаи ахлоқии башардӯст офарид, ки Наврӯз асоси устувори ин фалсафа аст. Ва дар тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ин кишвар дар айёми ҷашни Наврӯз табу тоб, яъне сӯзу гудоз, яъсу ноумедии зиндагиро фаромӯш карда, чӣ дар дилу чӣ дар забон ба ҳам меоянд, ки ин баҳамоӣ боиси пирӯзиву хушбахтӣ мегардад:
Наврӯз шуду рӯзу шаби мо 
ба ҳам овард,
Аз сеҳру фусун тобу таби 
мо ба ҳам овард.
Наврӯз шуду ношуданиҳо 
шуданӣ кард,
Яъне ки дилу дасту лаби мо 
ба ҳам овард.
Мардуми мо аз қадимулайём ин айёми гулбасару дилфиребу  дилраборо  ҳамчун  фоли нек  бо як ҷаҳон тараддуд пешвоз мегирад. Роҳу растаҳоро обод, боғу гулзорҳоро нигоҳубин, хонаву дарро тармиму тозаву озода мекунад. Ба шарофати Наврӯз, ки худ оламорост, ҳама гӯшаву канори ватан боз ободтару дилписандтар, бошукӯҳтару азизтар мегардад. Паймони рангинхаёлу зебоипарастро ин таровати  наврӯзӣ ба ваҷд меорад ва ӯ мехоҳад дилу дидаву равони ӯ аз оғӯши ин зебоӣ маъво ёбад:
Наврӯз шуду даҳр гулистону 
чаман шуд,
Озодаву ободу хушу хубу 
ҳасан шуд.
Наврӯз шуду ҳастӣ ҷамолу 
фари нав ёфт,
Яъне ватани ҷону дилу дидаи 
ман шуд.
Мегӯянд, ки дар замири шоирон эҳсосот дастболо  аст. Ишқи дар қалби шоир маъвогирифта пирӣ напазирад. Паймон, ки ошиқи дилбохтаи фасли баҳор аст, ҷашни шукӯҳманди баҳор – Наврӯзи оламоро дили ҳассоси ӯро гулистон мекунад, чаманистон мекунад, булбули табъи ӯро ба ҷӯш меорад ва булбули шӯрида бо чаҳ-чаҳи дилнавоз суханистоне меофарад ва чӣ хуш аст, ки суханистони шоир боиси фараҳмандии дили мову шумо аст:
Наврӯз шуду кард гулистон 
дили Паймон,
Бинмуд саросар чаманистон 
дили Паймон.
Наврӯз шуду булбули табъ 
авҷнаво шуд,
Яъне бишуд аз он 
суханистон дили Паймон.
Тӯҳфаи наврӯзии шоири маҳбуб ба мо муборак бошад.

Тӯхтамиши БОҚӢ,
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: