ВАСИЛИСА — ШЕФТАИ МУСИҚИИ МИЛЛӢ

Дар кишвари мо ба рушди адабиёт, санъат ва фарҳанг эътибор дода мешавад.

Аз ин рӯ, ба хотири он ки беҳтарин анъанаҳои пешинагон ва устодони соҳа идома пайдо кунад, истеъдодҳои ҷавон ҳамаҷониба мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. 
Тибқи қарори роҳбари давлат имсол ба сафи барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Василиса Найпаки фарғонагӣ низ шомил гардид.
Пайрави Зулфия, донишҷӯйи курси сеюми Донишкадаи санъати мусиқии милии ба номи Юнус Раҷабӣ мебошад.
Василиса истеъдоди нодир ва лутфу хулқи ӯзбекона дорад. Ӯ ҳарчанд имтиҳонҳои гарони умрро пушти сар гузошт, аз оянда умедашро наканд. Дастовардҳои ӯ дар ҷодаи зиндагӣ лоиқи таҳсинанд.
— Дар Хонаи меҳрубонии Марғелон ба воя расидам, — мегӯяд ӯ бо забони равону фасеҳи ӯзбекӣ. — Модарамро тавассути суратҳояш мешиносам. Зеро, вақте модарам фавтид, панҷ сол доштам. Такягоҳи ягонаам падарам буд. Ба хонаи бачагон доим ба суроғам меомад. Ғайричашмдошт дар 11-солагӣ аз падарам низ ҷудо шудам. Дунё ба чашмам торик шуд.
Амакаш хабари марги падарашро ба ӯ расонду гуфт, ки агар хоҳад ҳамроҳи оилааш ӯро низ ба Украина мебарад. Василиса пешниҳоди амакашро қотеона рад кард. Гуфт: «Ман дар кишварам, назди онҳое, ки маро бо меҳр парвариш намудаанд, мемонам. Ӯзбекистон модар — Ватани ман, тақдир ва ояндаи ман аст».
Ба дили духтараке, ки дар кунҷу бурҷи Хонаи меҳрубонӣ гирякунон гаштугузор мекард, мусиқии классикии ӯзбек тасаллӣ мебахшид. Аз он ки мусиқиро дӯст медошт, баробари сабақ омӯхтан дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 8, дар самти созҳои миллии мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи шаҳр низ таҳсил кард. Баъди асрори дуторнавозиро омӯхтан, бино ба тавсияи устодон фортепианонавозиро низ омӯхт.
Сипас, таҳсилро дар коллеҷи санъати Фарғона идома дод. Соли 2019-ум ба Ҷоизаи давлатии «Ниҳол» сазовор дониста шуд. Ҳамон сол, ба мақсади амиқтар омӯхтани илмӣ мусиқӣ, роҳи пойтахтро пеш гирифт. Ҳоло ӯ яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи санъати мусиқии миллии ӯзбек мебошад.
— Орзуям дар зинаи магистратура низ таҳсил кардан аст. Мехоҳам оҳангсоз бошам, — мегӯяд Василиса. — Зеро мусиқӣ ба мазмуни ҳаётам табдил ёфтааст. Дуторнавозӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаам буда, садои торҳои он ба ман нерӯ мебахшанд. Дар худ ҳар замон мегӯям: кош, падару модарам зинда мебуданду дастовардҳои маро медиданд. Аммо насиб накарда будааст. Дасти навозиши мураббиёни Хонаи меҳрубонӣ, устодони мактаби мусиқӣ ва донишкада ҳамеша дар болои сарам аст, маро дастгирӣ мекунанд. Худо ба умрашон физояд, аз онҳо миннатдорам.

Дар акс: барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия — Василиса Найпак.
Аксбардор: 
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: