ВАТАН

Нормурод КАРИМЗОДА

Ватан – гаҳвораи тифлони маъсум,
Гулафшонбоғу даштободи деҳқон.
Камингоҳи ҳунаромӯзи сарбоз,
Иқоматҷои роҳатбахши ҳар ҷон.

Ватан – маъвои худогоҳу зирак,
Диёри родмардони фидоӣ.
Ватан – сабзошёни меҳрпайванд,
Ки ин пайванд бошад мӯмиёӣ.

Ватан – уммедгоҳи ҳар мусофир,
Тамошогоҳи сайёҳони дунё.
Аҷаб марзи фараҳафзову соҳир,
Макони зиндагиву маргу эҳё.

Ватан – овардгоҳи марди майдон,
Сарои хунбаҳои нангу номус.
Ватандорон фақат  миранд аз дард,
Намегарданд нофарҷому манҳус.

Ватан – парвонаи шамъи саодат,
Таваллудхонаи тифли ташаббус.
Ғароиб бӯстони сарфарозӣ,
Ҷаҳонӣ хунбаҳои нангу номус.

МОДАРУ ФАРЗАНД

Модарон рӯзе, ки кӯдакро ба дунё оваранд,
Хонадон шодоби меҳр, олам гулистон мешавад.
Субҳидам хуршеди ховар нурбор гардад дучанд,
Шомгаҳ моҳи само ҳам шӯълаборон мекунад.

Тифлаки навзодро бигрифта модар дар бағал,
Бо муҳаббат бар забон орад дуои хайри хеш.
То шавад умраш дарозу тансиҳат, андешавар,
Мекашад ранҷи зиёди рӯзгор ин синареш.

Лаззати шири сафедаш рӯҳбахши ҷону тан,
Роҳ гаштанро биомӯзад навозишҳои ӯ.
Аввалин ҳарфе, ки шуд вирди забон: 
“Модар-ватан”,
Маърифатро касб кардам аз ниёишҳои ӯ.

Кӯдаки навзод ҳоло меравад пушти падар,
Бинад ӯ авзои ин олам ба чашмони хирад.
Ахтараш дар осмони худфурӯзӣ ҷилвагар,
Нақшаҳои навбанавро ӯ ба манзил мебарад.

Дар миёни халқ дорад шуҳрату овозае,
Ҳамчу фозил, роҳбар, соҳибнишони ин замон.
Посбону ҷоннисори ин Ватан – зебо диёр,
Модарашро дӯст дорад, дӯст дорад ӯ зи ҷон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: