9 январи соли равон дар толори Агентии кор бо ҷавонон бахшида ба ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Ватан – азиз, ҷасорат – абадӣ!» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чунин унвон дошт озмуни ҷумҳуриявӣ, ки ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи муҳофизони Ватан таҳти ташаббуси Иттиҳоди журналистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон ва ташкилотҳои дигар гузаронида шуд.
9 январи соли равон дар толори Агентии кор бо ҷавонон бахшида ба ҷамъбасти ин озмун чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Шоиру нависандагон, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, низомиён ва намояндагони ҷамъиятӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистон Х.Салимов ифтитоҳ бахшида, дар бораи ҳадафи баргузории озмун ҳарф зад ва таъкид кард, ки дар он журналистон, шоиру нависандагон ва эҷодкорони ҷавон бо асарҳои худ дар мавзӯи Ватан иштирок карданд.
– Боиси эътироф аст, ки дар меҳвари ҳар як матлаб, мақола ва шеъру ҳикояи ба озмун пешниҳодшуда, ғояи «Артиши Ӯзбекистони Нав – такягоҳи мамлакат, ифтихори халқ» қарор дорад, – гуфт Х.Салимов. – Инчунин, сухан дар бораи аҳамияти сулҳу амонӣ дар бунёди Ӯзбекистони Нав, дар ҳаёти мардум мавқеи бештар пайдо кардани тамоюли «Халқ ва артиш – як тану як ҷон!», ҳифзи дахлнопазирии сарҳадҳо, таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, пурзӯр гардидани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ меравад.
Зикр гашт, ки дар озмун беш аз 50 нафар эҷодкор бо қариб 200 кори эҷодӣ иштирок намуданд. Ҳайати доварон – иборат аз шоиру нависандагон, журналистони собиқадор аз байни корҳои эҷодӣ беҳтаринҳояшро интихоб ва ба ташкилкунандагони озмун пешниҳод карданд.
Дар идома ба ғолибони озмун бинобар самтҳои «Воситаҳои ахбори оммавии чопӣ», «Интернет-журналистика», «Телевизион ва радио», инчунин «Беҳтарин шеър дар васфи Ватан» ва «Беҳтарин ҳикоя дар мавзӯи Ватан» диплом ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Дастаи суруд ва рақси Қувваҳои Мусаллаҳ бо таронаҳои худ дар мадҳи Ватан, тараннуми Истиқлол, зебоиҳои табиат, арҷ гузоштани қадри инсон ба чорабинӣ шукӯҳи идона бахшиданд.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Суратгир: Н. ҲАЙДАРОВ (ӮзА).