ВАТАН БО ҶАВОНОН НЕРУМАНД АСТ

Дар солҳои охир эътибор ба ҳаёти ҷавонон беш аз пеш афзуда, ин ташаббуси Президент дар саросари Ӯзбекистон ҳамсадоӣ пайдо кардааст.

 Ҷавонон чун ояндаи дурахшони Ӯзбекистони Нав эътироф шуда, таълиму тарбияи шоиста додан, ба роҳи рост ҳидоят сохтан ва чун фарзандони арзандаи Ватан ба воя расондани онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. 

Назар ба таъкиди раҳбари давлат, агар ҷавонон ҳис кунанд, ки аз эътибори давлати худ дар канор намондаанд ва ҳукумат ба фардои онҳо бефарқ нест, албатта, ҳама салоҳияти худро барои ободии Ватан ва пешрафти он сарф хоҳанд намуд. Масъалаи ҷавонон дар ҳар як нутқи Президент, қарору фармонҳои ӯ акси худро ёфтааст ва ӯ ғолибан ҷавононро рӯҳбаланд месозад, ки Ӯзбекистон маҳз ба ҳамин неруи сабз ва муқтадир такя меварзад.   
Аз ҷумла, дар вилояти Қашқадарё ба масъалаи рушди ҷавонон, ки яке аз масоили аввалиндараҷаи қаламрав мебошад, эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Маҳз пас аз даъватҳои Президент ва вазифадор сохтани ҳукуматҳои маҳаллӣ дар робита ба масъалаи рушди ҷавонон дар Қашқадарё низ як зумра корҳо дар амал татбиқ гардиданд. Назар ба гуфтаи мутахассисон, ин корҳо ҳатман дар ояндаи наздик самари худро хоҳанд дод. Лоиҳаи кор бо ҷавонон, ки роҳбари давлат дар маҷлиси ҳукуматии 11 апрели соли ҷорӣ пешниҳод сохта буд, кунун таҳти сарварии ҳокими вилоят Муротҷон Азимов рӯйи даст гирифта шуд ва тибқи он шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонони аз 14 то 30-солаи қаламрав ба таври фаврӣ омӯхта, вазифаҳои бартараф сохтани муаммоҳои ҷойдошта муайян гардиданд. Таъкид мешавад, ки дар вилояти Қашқадарё 916871 нафар ҷавонон зиндагӣ мекунанд ва ҳоло шароити буду боши онҳо омӯхта шудаву ба се бахш тақсим гардиданд. Ба гурӯҳи «сабз» 394871 нафар ва ба бахши «зард»-и сохтор 522067 нафар ҷавонон дохил карда шуданд. Аммо муайян гардид, ки 39812 нафар ҷавонон бештар ба таваҷҷуҳ ва парастории индивидуалӣ ниёз доранд ва онҳо ба гурӯҳи «сурх» шомил гардиданд. Бахши сеюми сохтор ном ба ном ба ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо вобаста гардиданд ва барои кумак расондан ба ҷавонон ситоди вилоятӣ созмон ёфта, аз маркази мазкур иҷро гардидани корҳо таҳти назорат гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов ҳам 55 нафар чунин ҷавононро таҳти назорати худ гирифтааст ва ӯ кунун вазифадор аст, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба онҳо таконе бахшида ва аз муаммоҳои ҳаёташон воқиф гардида, дар ҳалли саривақтии мушкилоти вуҷуддошта аз наздик кумак расонад. Алҳол М. Азимов дидору мулоқотро аз ҷавонони  ноҳияи Қаршӣ оғоз кардааст ва гуфтааст, ки бояд ба масъалаи ҷавонон ҷиддӣ муносибат кард.
Аз чунин эътибори ҳукумат ҷавонони қаламрав мамнун буда, ният доранд, неруи ақлониву ҷисмонии худро барои рушди Ватан сарф созанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: