ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА...

Бузургон ва орифони гузаштаву муосири тоҷик нисбати Ватану ватандорӣ, муҳаббату садоқат ба ватан, нигаҳбониву муҳофизат ва пос доштани неъматҳои бузурги он суханҳои гаронбаҳое иншо намудаанд, ки асрҳо инҷониб баҳри муқаддас шуморидани макони бобоӣ хидмат мекунанд.

Мутафаккири бузург Камоли Хуҷандӣ дар хусуси муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Ватан, ҷонбозиҳо дар ғарибӣ, меҳнату ғурбат, дур аз хоку оби ватан фармудааст:
Дил муқими кӯйи ҷонон асту 
ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан   
танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму 
ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам 
бесару бепо ғариб...
Ҳаким Фирдавсии суханпардоз бо тамоми ҳастиву имкониятҳои замонааш даъват менамояд, ки ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳему кишвар ба душман надиҳем:
Зи баҳри бару буму фарзанди 
хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди 
хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан 
диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба 
душман диҳем...
Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии худ  «Қаҳрамони халқи тоҷик –Темурмалик» овардааст, ки аз миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо кардаанд, ки дар он як каф хоку як порча коғаз буд ва дар он коғаз чунин навишта шуда буд:
Атри кафан зи хоки Ватан 
кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу 
ба хок.
Боз ба ин маънӣ сабте навишта:  «Эй, он, ки мурдаи ман ба дастат мерасад, агар некхоҳи мардумон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин хок ёдгори Ватани азизи ман аст».
Ғарибоне, ки ба Ватан бармегаштанд, ашки умеду шодӣ, ҳасрату дидор мерехтанду  хоки диёрро ба чашм тӯтиё мекарданд.
Мирзо Турсунзода ҳар гаҳе аз сафари хориҷа бармегашт, саҷда карда, хоки Ватанро мебӯсидааст: 
Чун ниҳодам пои худро бар сари 
хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи 
поки Ватан...
Лоиқи ширинкалом ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони 
модар.
Ватан сар мешавад аз он 
тавора,
Ки онро сохта дастони модар...
Бача будем, бо овози пасту маҳин модаркалонам хиргоҳӣ мекард:
Мурғи беболу паре дидам, 
дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, 
манзилам омад ба ёд...
Сар назад аз киштзори умри 
ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам 
омад ба ёд...
                ***
Дар шаҳри мусофирӣ дилам 
нолон аст,
Одам ба ғаме ҳамеша 
саргардон аст.
Имшаб чӣ шабе, ки ёди модар 
кардам,
Бар ҳавлии бобоӣ дилам 
пазмон аст... 
Мақсад аз тарғиби ватандӯстӣ дар адабиёти ҷаҳон, бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист. Агар мо ба анъанаҳои милливу умумибашарӣ риоя намоем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба сафи давлатҳои тараққикарда ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: