ВАТАНИ БАРОИ ҲАМААМОН ЯГОНА

Дар мамлакатамон корҳое, ки дар роҳи баланд бардоштани фаровонии аҳолӣ, мустаҳкамсозии сулҳ, барқарорӣ ва муҳити ҳамҷиҳатӣ дар ҷамъият ба амал бароварда мешаванд, самараҳои хуб медиҳанд.

Ба ин чун фарзандони як оила аҳл ва тифоқ зиндагӣ кардани намояндагони миллатҳои гуногун, барои ин фароҳам будани ҳама гуна шароит низ омили муҳим мегарданд.
Имрӯзҳо дар вилояти Фарғона 7 маркази миллӣ-фарҳангӣ фаъолият нишон медиҳад.
Барои вакилони тамоми миллатҳо бобати ҳифз ва рушди забон, урфу одат, анъана ва арзишҳои онҳо имкониятҳои васеъ офарида шудааст.
«Наврӯз», «Сабантӯй», «Масленитса», «Тано» барин ид ва дигар маросимҳои миллӣ бо иштироки миллатҳои дигар васеъ қайд карда шуданд.
– Дар вилоятамон бештар аз 24 ҳазор нафар рус ва русизабон истиқомат мекунанд, – мегӯяд роҳбари маркази фарҳанги славянҳои вилоят Галина Акопҷонова.
– Байни онҳое, ки дар корҳои давлатию ҷамоатӣ фаъолона иштирок намуда, ба мукофотҳои баланди давлатӣ сазовор мешаванд, зиёд будани ҳаммиллатҳоямон низ ҳисси ифтихори моро бедор мекунад. Ин самараи он аст, ки дар Ӯзбекистон барои вакилони тамоми миллатҳо имкониятҳои якхела фароҳам оварда шудаанд. 
Ансамблҳои халқии «Фантазия», «Вдохновение»,  ансамбли бачагонаи «Солнишко», ки дар ҳузури маркази мо ташкил гардидаанд, дар бисёр тадбирҳои фарҳангӣ, ки дар вилоятамон рӯи кор меоянд, фаъолона иштирок менамоянд. 
Дар ҷашнвораи «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо», «Ватан ягона аст, Ватан яктост», «Қудратамон дар ваҳдат ва ҳамҷиҳатӣ» ҷойҳои намоёнро ишғол намудем. Ҳаминро алоҳида таъкид кардан мехостам, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон, сарфи назар аз миллаташ, дар ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ иштирок менамояд. Хидматҳо дар роҳи равнақи диёр аз ҷониби давлатамон эътироф шуда, муносиб рағбатонида мешаванд.
Маркази мо дар миқёси байналхалқӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ гузоштааст. Ба наздикӣ дар тадбирҳои дӯстӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баргузор шуданд, ширкат ҷустем. Ба бастани шартномаи ҳамкорӣ байни марказамон ва хонаи «Дӯстӣ»-и вилояти Ленинград муяссар гаштем. «Харитаи роҳ»-ро кор карда баромадем, ки дар он ташкил намудани гастролҳои ансамблҳои миллӣ, ба роҳ гузоштани таҷрибаивазкунӣ дар соҳаи таълим, таклиф намудани муаллимони забони русӣ ба Фарғона барои кори муддатнок барин масъалаҳо муайян карда шудаанд.
Сиёсати Президентамон Шавкат Мирзиёев, хусусан, бобати мустаҳкамнамоии дӯстӣ ва ҳамкории наздик бо давлатҳои ҳамсоя нуфузи байналхалқии мамлакатамонро баланд бардошта, «номаи ташриф»-и ба худ хоси Ӯзбекистонро мазмунан ғановатманд мегардонад. Албатта, ҳамаи ин самараи неки сулҳу фаровонӣ, ҳамҷиҳатии байнимиллӣ дар кишвари мо мебошад.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: