ВАТАНРО МАРДҲО ҲИМОЯ МЕКУНАНД

Дар маркази ноҳияи Риштон ба муносибати 29-солагии Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва Нерӯҳои Мусаллаҳ чорабинии доманфарох баргузор гардид.

Дар маркази ноҳияи Риштон ба муносибати 29-солагии Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва Нерӯҳои Мусаллаҳ чорабинии доманфарох баргузор гардид. Муассис ва баргузоркунандаи ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти ноҳия Хонаи дӯстии “Ӯзбеку тоҷик” буд.  
Рӯзи баргузории чорабинӣ афсарону сарбозони низомипӯш, кормандони идораҳои давлативу хусусӣ ва меҳмонони зиёд ба майдони назди “Кохи фарҳанг” даъват шуда буданд. Ҳокими ноҳия  Суфҳонҷон Солиев ҳимоятгарони Ватани азиз ва онҳое, ки аллакай хизмати шоистаро ба анҷом расонидаанд, бо рӯзи идашон шодбош гуфт.
– Маҳз ба шарофати хизматҳои шабонарӯзии ҳимоятгарони содиқамон дар Ватани гулгулшукуфон оромиву осудагӣ ҳукмрон мебошад, мардуми кишвар дар фазои амну озод ба сар мебаранд, сарҳадҳои кишварамон таҳти назоратанд, – гуфт С. Солиев.
Тавре ки вай илова кард, ҷавонмардони ноҳияи Риштон низ дар қавӣ шудани сафи Нерӯҳои Мусаллаҳ ва ҳимояи Ватан саҳми калон мегузоранд.
Дар ин маҳфили идона дастаи оркестри қӯшунҳои Округи ҳарбии шарқӣ бо оҳанги марш ба майдон ворид шуд ва таваҷҷӯҳи мардуми зиёдро ба худ кашид. Баъди лаҳзае афсарону сарбозон санъату маҳорати ҷангии худро барои тамошобинон намоиш доданд ва мавриди истиқболи гарми онҳо қарор гирифтанд. Ҳамчунин аз тарафи онҳо саҳнаҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки маҳз ҳаёти имрӯзаи хизматчиёни ҳарбии Нерӯҳои Мусаллаҳро бозгӯӣ мекунанд.  
Баромади тарбиягирандагони мактаби “Алпомиш”-и ноҳия ва намоишномаҳои онҳо низ ба тамошобинон хеле писанд омад. 
Баъд садои дафу доира ва савту суруд оғоз ёфт. Пиру барно машғули рақсу бозӣ ва хурсандиву шодӣ шуданд. 
– Ҳар сол мо Рӯзи ҳимоятгарони Ватанамонро бо шукӯҳи хос таҷлил мегирем. Имсол ин чорабинии мо боз бештар шукӯҳи тоза касб намуд, зеро дар маркази ноҳия Хонаи дӯстии “Ӯзбек-тоҷик” кушода шуд, – мегӯяд роҳбари дастаи фолклорӣ В.Қодиров. 
– Бо камоли майл қайд карданиам, ки ин аввалин чорабинии доманфарохи мо баъди таъсисёбӣ мебошад. Тавре ки дар урфият мегӯянд, ин аз нӯги хамир фатир аст. Дар ояндаи наздик баргузории якчанд маҳфилу чорабиниҳои доманфарохро барномарезӣ кардаем. Ҳоло дар Хонаи дӯстӣ якчанд маҳфил амал мекунад. Аз ҷумла, забон ва адабиёти тоҷик аз маҳфилҳое мебошад, ки ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву бадеӣ ҳамеша дар сафи пеш  қарор хоҳад гирифт. Дар он як гурӯҳ ҷавонон ифтихормандона ба азёд кардани шеъру ғазалҳои тоҷикӣ пардохтаанд. Гузашта аз ин, бо ташаббуси овозхон Валиҷон Қодиров дастаи ҳунарии фолклории “Ширу шакар” ташкил намудем. Ин даста бори нахуст дар Рӯзи ҳимоятгарони Ватан барномаи консертии худро намоиш дод ва он манзури тамошобинони зиёд гардид, – гуфт директори Хонаи дӯстӣ Турсунхӯҷа Абдураҳмонов.
Ногуфта намонад, ки дар ин рӯзҳо бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Нерӯҳои Мусаллаҳ чунин чорабиниҳои идона дар шаҳраку рустоҳои ноҳия низ роҳандозӣ гардиданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: