ВАҲДАТИ ХАЛҚҲО ДАР МАСИРИ СИЁСАТИ ДАРҲОИ КУШОД

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолияти худ сиёсати хориҷии «дарҳои кушод»-ро бо мақсади ҳалли на кам аз шаш масъалаи мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ пеша намудааст:

Якум, муаррифӣ намудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили фаъоли муносибатҳои нави байналхалқӣ дорои захираҳои бойи табиӣ ва мавқеи қулаи стратегӣ.
Дуюм, бо мақсади пайдо намудани маблағгузории хориҷӣ, барои барқарор намудани хоҷагии халқ, дар мадди аввал корхонаҳои саноатии аз кор мондаи собиқ давлати шӯравӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таъмин намудани мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал. 
Сеюм, ҳарчи зиёд истеҳсол намудани қувваи барқ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ, аз он ҷумла соҳаҳои нави истеҳсолот.
Чорум, об ҳамчун асоси ҳаёт, боигарии асосии табиии Тоҷикистон, воситаи дипломатия ва ба ҳам пайвастани манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ба мардуми эҳтиёҷманди минтақа ва ҷаҳон дастрас намудани оби тозаи ошомиданӣ.
Панҷум, пайдо намудани шарики стратегии эътимоднок барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавӣ ва бехатарии марзу буми ҷумҳурӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ.
Шашум, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ва мушкилоти сайёра аз он ҷумла «Наҷоти Арал» ва таъсири манфиатҳои экологии он ба минтақаи Осиёи Миёна ва иқлими Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи обҳои Амударё ва Сирдарё. 
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардидааст. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд сафорати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро беш аз 110 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ғай-ра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.
Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд.
Вохӯриҳои дуҷониба, ки пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.
Таҳлили табодули савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки ду кишвари ҳамсоя барои ҳамкории муфид иқтидори кофии дорои имкониятҳои фарохи истифоданашуда мебошанд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд. 
Таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳкурсии мустаҳкам гузоштанд. 9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. 
Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд, фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатиро дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор намуданд, робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амузангро барқарор сохтанд, масъалаҳои соҳаҳои амният ва мудофиа, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавиро ҳал намуданд. 17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. 
Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард. Дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Ҳамзамон сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад.
Дар ҳошияи ин сафар сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ошкорбаёнӣ гуфтушунидҳои муфассал анҷом дода, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима карданд ва оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд. Дар маҷмӯъ дар ҷараёни сафари расмӣ 36 санад ба имзо расонида шуд. Айни замон заминаи қарордодиву ҳу-қуқии ду кишвар беш 200 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудаанд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд. Умуман, ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо аз таъмиқи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсии байни ду давлат манфиатдоранд. 
Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил, бародарӣ ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад. Ба қавли устод Турсунзода: 
Дӯстиро ҷустуҷӯ 
дорем мо, 
Аз амонӣ гуфтугӯ 
дорем мо...

Акмал ИБОДУЛЛОЕВ,
устоди кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: