ВАЗЪИ АЛАМОВАРИ МУАЛЛИМОНИ АДАБИЁТ

Чун ба маркази деҳаи Шамсикӯли ноҳияи Намангон омада расидед, дар қатори дигар биноҳою иншооти давлатию хусусӣ дар ҷониби рости роҳи мумфарш назаратон ба мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-ум меафтад.

Мактаб дар асоси Барномаи «Деҳаи обод» бо муассисаи таълими томактабӣ ва поликлиникаи оилавии деҳа дар як саф аз таъмири умумӣ баромада, бо намуди замонавии худ ба марказ ҳусни  тоза мебахшад. Диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Хостем, ки аз ин таълимгоҳи ягонаи тоҷикии ноҳия дидан кунем. Дар ин маърифатгоҳ ба 526 нафар ташнагони илму дониш дар 20 синф 30 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Муаллимон хушлибосу хонандагон озодаанд. Таҳсил дар мактаб ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар синфҳои VII, VIII ва IX таҳсил ба забони тоҷикист. 80 фоизи аҳолии Шамсикӯл ҳамзабонони мо бошанд ҳам, синфҳои тоҷикӣ торафт кам шуда истодаанд. 
Хонандагон бо донишомӯзони дигар таълимгоҳҳо баҳсу мунозира карда метавонанд. Соли сипаришуда хонандаи синфи IX Фотима Турсунбоева дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи якумро ишғол кард. Имсол толибилми синфи IX Абдулбақо Қодиров ба ӯ пайравӣ карда, дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни мазкур ҷойи III-юмро ба даст овард.
Донишомӯзи синфи зикршуда Дилафрӯз Аҳмадҷонова дар қувваозмойӣ аз забон ва адабиёти ӯзбек ҷойи II ва ҳамсинфаш Шаҳноза Абдусатторова аз фанни ҷуғрофия ҷойи III-юмро дар миқёси вилоят ишғол намуданд. Хонандаи варзишгари синфи VI  Умаралӣ Маҳмудов пас аз дарсҳо дар машқҳои шабонаи мактаби варзиши бачагон ва наврасон фаъолона иштирок намуда, аз рӯйи вазни худ дар мусобиқаи муштзанӣ дар вилоят ба зинаи якуми шоҳсуфа баромад. 
Хонандагони мактаб ҷисман ва маънан пурқуввату тавоноанд. Боз ҳам метавонанд соҳиби дастовардҳои беназир шаванд. Аксҳои чорабиниҳои ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Аҳадҷон Қӯшоқов баргузоркардаро дида, дар ҳайрат мондем. Чорабиниҳо дар сатҳи баланд барпо  гардидаанд.
– Афсӯс, ки вазъи муаллимони забон ва адабиёти тоҷик хуб нест. Бо камшавии синфҳои тоҷикӣ соатҳои дарсашон кам мегардад. Чунончи, омӯзгор Фирӯза Ҷӯраева ҳамагӣ 10 соат дарс доштааст. Ҳамкасби вай Матлуба Ҷӯраева аз норасоии соатҳои таълимӣ 1 сол боз дар рухсатӣ будааст. Ӯ мегӯяд, агар бо соатҳои таълимии кофӣ таъмин нагардад, ба таълимгоҳ барнахоҳад гашт. Аҷиб аст, ки муаллимаҳои номбурда на соҳибихтисосони маҳаллианд, балки аз деҳаи Варзики ноҳияи Чустанд. Барои онҳо масофаи байни зодгоҳу Шамсикӯл басо тӯлонист. Аз роҳи хеле дур меоянду шуълаҳои умед дар чашмони онҳо хомӯш шуда истодааст.  Синфҳои тоҷикиро афзуда, ғами онҳоро бояд хӯрд.
Вақте сабаби маҳдудшавии синфҳои тоҷикиро суроғ кардем, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Сайёра Искандарова маънидод кард, ки китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ба қадри кифоя  ҳастанд, вале дар асоси онҳо барои дарсдиҳӣ кадрҳои ихтисоснок намерасанд. Махсусан, муаллимони физика, кимиё ва ғайра ба забони тоҷикӣ нестанд. Гузашта аз ин забони китобҳои дарсии тоҷикӣ нофаҳмоанд. Таҳти таъсири кадом як гӯишҳо мондаанд. Забони онҳо мисли китобҳои пештара нест. 
Бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти китобхона ба он ворид гардидем. Китобҳои калону хурди гуногунранг ба рафҳо чида шудаанд. Китобдор Машҳура Одилова изҳор кард, ки дар китобхона ҳамагӣ 1980 дона китоби илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ мавҷуд аст. Аз онҳо 50-тоаш адабиёти бадеӣ ба забони тоҷикӣ аст. Ин китобҳои алоҳидаро аз назар гузарондем. Дар байни онҳо 4 ҷилд аз куллиёти Низомии Ганҷавӣ, «Повестҳо ва ҳикояҳо»-и Б.Ортиқов, шеърҳои А. Шукӯҳӣ,  Б. Ҳоҷӣ ва монанди инҳо буданд, аммо аз китобҳои дигари адибони классик ва муосир нишоне набуд.
Дар китобхона дӯхтаи рӯзномаҳо, аз ҷумла, «Овози тоҷик» вуҷуд надошт.
Директори мактаб Муҳаммадюсуф Собиров аз ҷамъомаде аз роҳи дур омад. Маро ба дафтари  кориаш саросема таклиф намуд. 
Мувофиқи аҳдамон дар бораи рафти обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» занг зада, бо ӯ бояд гуфтугӯ мекардем. Аммо дигар алоқа баста нашуд.

Шарофхон МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: