ВАЗЪИ ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТ

Маҷлиси навбатии Комиссияи марказии интихобот баргузор шуд.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки интихобот дар доираи низоми ҳуқуқие, ки ба таври эҳсосшаванда таҷдид гардидааст, гузаронда мешавад.
Миқдори аъзои комиссия аз 16 нафар то 21 нафар, миқдори занони таркиби он аз 3 то 7 нафар зиёд карда шуд. Ба тартиб ва муддати гузарондани интихобот аз ҷониби комиссияи марказии интихобот қатъан риоя карда мешавад.
Бо истифодаи самаранок аз технологияи ахбор корҳои васеъмиқёс бинобар ба таври васеъ хабардор кардани интихобкунандагон, дар миқёси ҷумҳурӣ аъзои комиссияи интихоботро хонондан, бори аввал иловаи мобилиро ба кор дароварда, дар амалиёт татбиқ кардан, ба шахсони ногиро шароит фароҳам овардан мунтазам пеш бурда мешавад.
Пешниҳоди Ширкати миллии садову симои Ӯзбекистон бобати дар шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии садову симои Ӯзбекистон баргузор кардани мунозираҳои бевоситаи кушоди ҷамъбастӣ байни ҳизбҳо 20 декабри соли 2019 тавассути телевизион маъқул дониста шуд.
Чунончӣ дар маҷлис қайд гардид, Вазорати технологияи ахбор ва рушди коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Жуқорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба қитъаҳои интихоботие, ки тағйирот дароварда шудаанд, корҳои насб кардани видеокамера ва дастгоҳҳои идентификатсияи биометриро то 19 декабри соли ҷорӣ ба охир мерасонанд. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот то ҳол 186 нафар мушоҳидони байналхалқӣ сабти ном карда шудаанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин масъалаи аз рӯйхат баровардани номзад ба депутатӣ ва ба ин муносибат ба бюллетени интихобот дохил кардани ислоҳот баррасӣ шуд.

Х. ҲАМИДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: