ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ОИД БА БАРГУЗОР КАРДАНИ РАЪЙПУРСӢ АЗ ЧИҲО ИБОРАТАНД?

Мамлакат ба раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки 30 апрели соли равон баргузор мешавад, ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад.

Бобати муташаккилона ва мувофиқи қонунгузории миллӣ гузаронидани раъйпурсӣ ба комиссияҳои баргузории ин чорабинии сиёсӣ мақоми муҳим дода шудааст.
Мувофиқи қарори ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботӣ, ки 16 марти соли равон баргузор шуд, дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 14 комиссияи ҳавзавии гузарондани раъйпурсӣ ташкил ва ҳайати онҳо, ки ба он 266 намояндагони соҳаҳои мухталиф дохил шуданд, тасдиқ гардид. 
Вазифа ва ваколатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ аз чиҳо иборатанд? 
Дар ин бора ба хабарнигори ӮзА узви Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юнусов нақл кард:
– Барои муташаккилона ва ба дараҷаи сазовор гузаронидани раъйпурсӣ нақши комиссияҳои ҳавзавӣ муҳим мебошад, бинобар ҳамин ҳам маҳз онҳо барои ин ҷараён масъул дониста мешаванд, – гуфт узви Комиссияи марказии интихоботӣ. – Ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ бинобар баргузор кардани раъйпурсӣ дар моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сабт шудааст. Мувофиқи моддаи зикршуда комиссияи ҳавзавӣ бинобар баргузор кардани раъйпурсӣ қитъаҳои раъйпурсиро ташкил менамояд, рақамҳои онҳоро оид ба ҳавза муқаррар мекунад, рӯйхати раъйпурсии онҳоро бо зикри нишонӣ чоп менамояд, кори комиссияҳои қитъавиро ҳамоҳанг месозад. Ҳамчунин маблағро дар байни комиссияҳои қитъавии баргузоркунандаи раъйпурсӣ тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин намудани комиссияҳои қитъавиро назорат менамояд, ҳамчунин масъалаҳои дигари таъминоти моддиву техникии раъйпурсиро дар ҳавза баррасӣ мекунад. Ба расонаҳои ахбори оммавӣ бобати ба роҳ мондани равшансозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷараёни тайёрӣ ба раъйпурсӣ кӯмак мерасонад. Баробари ин маълумоти намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатиро дар маҳалҳо, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ алоқаманданд, мешунавад. Ташкили рӯйхати шаҳрвандони овоздиҳанда ва ба умум пешниҳод кардани онҳоро назорат мекунад, комиссияҳои қитъавии оид ба гузарондани раъйпурсиро бо бюллетенҳои овоздиҳӣ таъмин менамояд, натиҷаҳои овоздиҳиро дар ҳавза муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерасонад. Ҳамчунин комиссияҳои мазкур муроҷиати шаҳрвандони овоздиҳанда ва иштирокдорони дигари раъйпурсиро баррасӣ мекунанд. 

Муҳтарама КОМИЛОВА, хабарнигори ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: